Ҷуғрофидони ҷавони фарғонагӣ дар қатори беҳтаринҳои ҷаҳон

Рӯзҳои 11–17 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Истанбули Туркия Олимпиадаи 22-юми байналмилалии ҷуғрофия — «iGeo-2026» баргузор гардид, ки дар он намояндагони кишвари мо низ бомуваффақият ширкат варзиданд.

Аз ҷумла, узви дастаи мунтахаби кишвар, хонандаи Мактаби Президентии шаҳри Фарғона Яҳё Ҳакимҷонов дар қатори ғолибон қарор гирифта, сазовори медали биринҷӣ гардид.
Дар ин мусобиқаи бонуфуз, ки дар он 184 ҷуғрофидони ҷавон аз қариб 50 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд, ғолибон аз рӯйи натиҷаҳои санҷиши хаттӣ, имтиҳони мултимедиявӣ ва машғулиятҳои амалӣ дар саҳро муайян шуданд.
Қобили зикр аст, ки дар ин мусобиқаи бонуфуз, ки таҳти сарпарастии Иттиҳоди байналмилалии ҷуғрофия (IGU) баргузор мешавад, ҷавонони 16–19-сола иштирок мекунанд. Олимпиадаи байналмилалӣ ба олимпиадаҳои фаннӣ баробар дониста шуда, ғолибон ва ҷоизадорони он низ дар ҳамин сатҳ эътироф карда мешаванд.
Ҳамин тариқ, Яҳё Ҳакимҷонов дар гурӯҳи синну соли 16–19-сола ба қатори се ҷуғрофидони беҳтарини ҷаҳон дохил гардид. Албатта, чунин натиҷа боиси ифтихор ва хурсандист.
— Аз соли нави таҳсил Яҳёбек таҳсилро дар синфи 10 идома медиҳад, — мегӯяд директори Мактаби Президентии шаҳри Фарғона Обидхон Мӯминов. — Ӯ ҳамаи фанҳоро бо баҳои аъло аз худ намуда, миёни ҳамсолон ва омӯзгорон соҳиби эҳтироми зиёд шудааст. Дар оянда ӯ ният дорад, мисли хатмкунандаи имсолаи мо Дилафрӯз Собирова, дар яке аз донишгоҳҳои бонуфузтарини ҷаҳон — Донишгоҳи Ҳарварди ИМА таҳсил кунад.
Бояд гуфт, ки Яҳёбек дар асл ба фанҳои дақиқ шавқу рағбати зиёд дорад ва донишҳои назариявию амалии худро дар ин самт сол ба сол такмил медиҳад. Ҷуғрофияро бошад, ӯ бештар аз рӯйи шавқу ҳаваси худ меомӯзад. Ба даст овардани чунин натиҷа дар ин фан аз он шаҳодат медиҳад, ки ин хонандаи ҷавон дар азхудкунии ҳамаи фанҳо дорои истеъдод ва қобилияти баланди зеҳнӣ мебошад.

Ботир МАДИЁРОВ, «Халқ сӯзи».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: