Президент самтҳои афзалиятноки ба марҳилаи нав баровардани соҳибкориро муайян намуд

  • Президент самтҳои афзалиятноки ба марҳилаи нав баровардани соҳибкориро муайян намуд
  • Президент самтҳои афзалиятноки ба марҳилаи нав баровардани соҳибкориро муайян намуд
  • Президент самтҳои афзалиятноки ба марҳилаи нав баровардани соҳибкориро муайян намуд
  • Президент самтҳои афзалиятноки ба марҳилаи нав баровардани соҳибкориро муайян намуд

Президент Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Хива бо соҳибкорон ошкоро гуфтугӯ намуд.

Дар он соҳибкорон аз тамоми минтақаҳои мамлакат, аз он ҷумла қариб 25 ҳазор намояндагони тиҷорат аз студияҳо дар ноҳияҳо ширкат намуданд.

Роҳбари давлат бо муносибати Рӯзи соҳибкорон ҷамоати тиҷоратро табрик намуд, ки сафи онҳо 1,2 миллион нафарро ташкил менамояд ва дар мустаҳкам намудани потенсиали иқтисодии мамлакатамон саҳми муносиб мегузоранд.

Дар зарфи панҷ сол, аз замони барқарор намудани анъанаи гуфтугӯйи ошкоро бо соҳибкорон ҳазорҳо масъала ҳал гардид, ки ба рушди тиҷорат монеа мегардид. Барои ин 84 қонун ва ҳамчунин 861 фармон ва қарор қабул гардид.

– Чаро? Барои он ки соҳибкоронамон шароити муносиб фароҳам овардан, афзудани теъдоди ҷойҳои нави кор, то ки одамон аз хонаводаи худ дур нарафта даромади муносибро бевосита дар маҳаллаи худ ба даст оранд! – гуфт Президент.

Дар давраи гузашта ҳаҷми кредите, ки барои тиҷорат ҷудо гаштааст, қариб 3 баробар афзуда, ба 450 триллион сӯм расид. Сармояи корхонаҳо ба сармояи аслӣ 3 баробар афзуд.

Миқдори ноҳияҳое, ки ҳаҷми истеҳсоли саноатиашон бештар аз 100 миллион доллар мебошад, аз 66 то 116-то, миқдори ноҳияҳое, ки ҳаҷми хидматрасониашон аз 1 триллон сӯм бештар аст аз 41 то 152-то расид. Сафи соҳибкороне, ки бренди миллии худро офаридаанд ва филиалҳояшонро дар тамоми мамлакат таъсис додаанд, зиёд мегарданд.

Президент таъкид кард, ки дар солҳои охир барои рушди соҳибкорӣ имконоти нав дар вилояти Хоразм низ фароҳам омадааст. Дар давраи кутоҳ ба минтақа 4 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ҷалб гардида, 10 ҳазор иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ба баҳрабардорӣ супурда шуданд. Ҳоло тиҷорати хурд 72 фоизи иқтисодиёти вилоятро ташкил намуда, саҳми он дар содирот ба 81 фоиз расид.

Сарфи назар аз вазъияти мураккаби ҷаҳон, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ иқтисодиёти Ӯзбекистон 8,5 фоиз афзуд. Агентиҳои байналхалқии рейтингӣ мақоми кредити мустақили мамлакатамонро боло бурданд.

Роҳбари давлат таъкид кард, ки ин нишондодҳо, пеш аз ҳама, натиҷаи ислоҳоте мебошад, ки дар ҳамкории зич бо соҳибкорон ба амал татбиқ мегардад.

Зимни гуфтугӯ ташаббусҳои нав бинобар 5 самти бартаринок пеш гузошта шуд, ки дар асоси он масъалаҳое, ки соҳибкорон баён намуданд, ҷой гирифтанд.

Самти аввал – таъмини траекторияи босуботи рушди соҳибкорӣ.

Низоми нави таъмини молиявии тиҷорати хурд ва миёна ба вуҷуд оварда мешавад. Аз тариқи “Портали ягонаи рақамии хидмати кредит” соҳибкор бо як ариза метавонад аз бонк пешниҳод қабул намояд, соҳибкорони навкор то 5 миллиард сӯм аз тариқи онлайн кредит гирифта тавонад.

Экосистемаи ягонае ташкил мегардад, ки ба ҳар марҳилаи рушди тиҷорат мутобиқ хоҳад буд. Барои соҳибкорони навкор барномаи “Бизнес старт” ба кор андохта шуда, онҳое, ки истеҳсолро роҳандозӣ намуданд – “Бизнес лифт” ва барои соҳибкороне, ки ба марҳилаи инкишофи нав мегузаранд, барномаи “Бизнес юксалиш” кор хоҳад рафт.

Дар доираи барномаи “Бизнес старт” соҳибкоронро бо мадади зеҳни сунъӣ ба таҳия намудани ҳуҷҷатҳои лоиҳа ва кредит ва инчунин бурдани ҳисобот таълим медиҳад. Низоми пешниҳод намудани бизнес-нақшаи омода ва кредити бидуни товон дар ҳаҷми то 200 миллион сӯм роҳандозӣ мегардад.

Мо низоми маҷмуиеро ба вуҷуд меорем, ки нафақат ба соҳибкор кредит медиҳад, балки ӯро дар тамоми роҳаш – аз қадами аввал то ба бизнеси калон табдил ёфтанаш дастгирӣ менамояд, – таъкид кард роҳбари  давлат.

Барои сабук намудани кори тиҷорати хурд, ки бо таъмини товон алоқаманд аст, низоми “зиддикафолат” ба амал татбиқ карда мешавад. Зимни дарёфтани кредит то 10 миллиард сӯм барои соҳибкор гузоштани товон дар ҳаҷми 25 фоиз аз миқдори кредит кифоя мекунад.

Самти дуюм – васеъ намудани имконот барои тиҷорат дар минтақаҳо.

Зимни ба даст овардани активи давлатӣ пардохти бунак аз 30 то 15 фоиз кам карда мешавад. Соҳибкоре, ки ними арзишро пардохтааст, метавонад миқдори боқимондаро дар зарфи ҳафт сол бидуни пардохти фоиз метавонад пардозад.

Қитъаҳои замине, ки ба савдои музояда гузошта мешаванд, дар шакли “пакети тайёр” бо тамоми ҳуҷҷатҳои барои сохтмон зарур ҷойгир карда мешаванд. Ба бонкҳо иҷозат дода мешавад, ки 2,5 ҳазор объектҳои ғайриманқулро ба арзиши умумии 9 триллион сӯм, ки дар ихтиёри онҳо мебошад, бо нархи имтиёзнок, бе аъзобадалии пешпардохт ва бепардохти муддатноки бефоиз иҷозат дода мешавад.

Дар қисмҳои ҳудудҳои минтақаҳои махсуси иқтисодии “Навоӣ”, “Ҷиззах”, “Намангон”, “Ургут” ва “Ҳазорасп” “Минтақаҳои индустриалии бонд” ба вуҷуд оварда мешавад. Дар онҳо ба занҷираи ягона ҷараёнҳои локализатсияи истеҳсолот, R&D, хидматҳои лабораторӣ ва муҳандисӣ муттаҳид карда мешаванд.

Инчунин талаб дар бораи пешпардохти садфоиза барои электроэнергия ва газ таҷдиди назар карда мешавад. Барои корхонаҳое, ки ба низомҳои АСКУЭ ва АСКУГ пайваст шудаанд ва тартиби пардохтро риоя мекунанд, ҳаҷми пардохти бунакиашон дар дараҷаи 15 фоиз муқаррар карда мешавад.

Самти сеюм – ба вуҷуд овардани экосистемаи “заҳни сунъӣ – босамарии идора – сармояҳои нав”.

– Дар бозори оянда соҳибкоре афзалият ба даст меорад, ки имрӯз арзиши иловаро меафзояд, ҳосилнокиро бо мадади зеҳни сунъӣ баланд мебарад ва роҳи кам намудани арзиши аслиро меҷӯяд, – гуфт Президент.

Барномаи “Зеҳни сунъӣ – шарики даҳ ҳазор корхона” роҳандозӣ мегардад. Ба корхонаҳо 50 фоизи харҷро барои татбиқи зеҳни сунъӣ ҷуброн менамояд ва ҳамчунин имконият фароҳам меорад, ки аз суперкомпютер зимни таҳияи моделҳо барои маҳсулоти нав бепул истифода намояд.

Барои марҳалаи якуми барнома на камтар аз 100 миллион доллар ҷудо хоҳад гардид. Барои ба бозори сармоя баровардани корхонаҳои ватанӣ барномаи акселератсия роҳандозӣ мегардад, ки дар доираи он ҳар сол 50 корхонаи калонро барои баромадан ба IPO тайёр хоҳанд кард.

Дар лоиҳаҳои калони сармоягузорӣ вуҷуд доштани қарор оид ба масъалаҳои тарбияи кадрҳо хатмӣ мегардад. Таҷрибаи тайёрии касбӣ, ки дар Урганҷ татбиқ гаштааст, ба тамоми минтақаҳои мамлакат паҳн карда мешавад. Мақсад гузошта шудааст, ки 1 миллион нафар ҷавонон ба касбҳои замонавӣ омӯзонда мешаванд.

Самти чорум – афзоиши потенсиали содирот ва пеш бурдани брендҳои миллӣ ба бозорҳои хориҷӣ.

Низоми “Раҳнамои содирот” роҳандозӣ мегардад, ки дар ҳамаи марҳалаҳои баромадан ба бозорҳои хориҷӣ маҷмӯи хидматҳоро мерасонад. Иборат аз 100 навъи амвол, ки дар бозорҳои хориҷӣ харид дорад, тартиб дода шуда, доир ба ҳар яки он қарор бо назардошти бозор, тариф ва логистикаи дақиқ таҳия карда мешавад.

Ҷараёнҳои истеҳсолии 2000 корхона ба талаботи бозори хориҷӣ мутобиқ карда мешавад. Ба соҳибкорон қисми харҷ барои ҷалби бренд-мейкерҳои хориҷӣ, пеш бурдани брендҳои миллӣ дар бозорҳои хориҷӣ ва ҳамчунин иштирок дар маркетплейсҳо ва тендерҳои байналхалқӣ ҷуброн карда мешавад.

Ба низоми ягонаи дастгирии содиркунандагон на камтар аз 1 миллиард доллар равон карда мешавад.

– Ҳоло дар ҷаҳон рӯз то рӯз мубориза барои бозор пурзӯр мегардад. Дар чунин шароит набояд роҳ дод, ки соҳибкоре, ки ба бозори хориҷӣ баромадааст, бо машаққатҳои худ танҳо бимонад, – гуфт роҳбари давлат.

Дар бозорҳои асосӣ ва истиқболноки хориҷӣ фаъолияти “сафирони содирот” ташкил карда мешавад. Муддатҳои вориди захираи асъор аз амалиёти содиротӣ тамдид гардида, баъзе маҳдудият бекор карда мешавад.

Самти панҷум – зуд коҳиш додани фишори маъмурӣ ба тиҷорат.

– Аз “соя” баровардани иқтисодиёт на аз тариқи санҷишҳо ба амал бояд татбиқ карда шавад, балки аз тариқи машварат ва таълими соҳибкорон ба дуруст бурдани тиҷорат ба амал татбиқ гардад, – таъкид кард Президент.

Дар соҳаи тиҷорати хурд ба муҳлати се сол ба ҳар гуна санҷиш, ки бо зараррасондан ба саломатии одамон ва ё манфиати дигар соҳибкорон алоқа надорад, моратория эълон карда мешавад.

Нисбати аъзои тиҷорати миёна ва калон, ки аз аудити профилактикӣ ихтиёрӣ гузаштаанд, ҳангоми бартараф намудани хилофкориҳои ифшогардида ҷарима баста намешавад. Ҳаҷми ҳама гуна ҷаримаҳо ба ҳисоби миёна ду баробар кам карда мешавад.

Аз соли оянда зимни баррасии баҳсҳои байни соҳибкорон ва давлат принсипи “презумпсияи ҳаққи соҳибкор” ва “огоҳӣ барои хилофкории якум” ба амал татбиқ карда мешавад.

Ними хидматрасонии давлатӣ дар соҳаи соҳибкорӣ ба принсипи “сукут – аломати ризо” гузаронда мешавад. Бинобар ба беш аз 30 намуди фаъолият литсензия ва иҷозат бекор карда шуда, боз бинобар 35 намуди фаъолият муддати додани онҳо кутоҳ карда мешавад.

Ба ҷои чандин ҳуҷҷати иҷозат, ки барои содироти маҳсулоти хурокворӣ зарур мебошад, “Сертификати саломатӣ”-и ягона ҷорӣ карда мешавад.

Зимни гуфтугӯ инчунин чорабиниҳои дастгирии соҳибкорон дар соҳаи сайёҳӣ муайян карда шуданд.

Барои сохтмон, таъмир ва муҷаҳҳаз намудани меҳмонхонаҳо 50 миллион доллар ҷудо карда мешавад. Муддати додани субсид барои меҳмонхонаҳои  3,4 ва 5 ситорадор боз барои ду сол. Интиёзот барои андози замин ва андози моликият то соли 2030 дароз карда мешавад.

Хидматҳое, ки туроператорҳо ба сайёҳони хориҷӣ мерасонанд, ба содирот баробар карда мешавад. Инчунин барои ворид намудани автобус ва электробусҳои сайёҳӣ имтиёзот тамдид карда мешавад.

Дар поёни гуфтугӯ мақсадҳои калидӣ оид ба дараҷаи нав бардоштани иқтисодиёт муайян карда шуданд.

–  Мо – халқи 40 миллионнафара. Барои минбаъд баланд бардоштани дараҷаи ҳаёти мо бояд суръати баланди тараққиёти иқтисодиётро нигоҳ дорем, – гуфт роҳбари давлат.

Вазифа гузошта шуд, ки дар соли ҷорӣ инкишофи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ то беш аз 180 миллиард доллар, ҳаҷми содирот то беш аз 40 миллиард доллар таъмин карда шавад.

Бо назардошти потенсиали ҳар як минтақа нуқтаҳои нави тараққиёт муайян карда шуданд. Дар Тошканд вазифа гузошта шуд, ки тиҷорати ба содирот равонакардашуда тараққӣ дода шавад, дар водии Фарғона – саноат бо занҷираи пурраи истеҳсолот, дар Самарқанд, Бухоро ва Хоразм – сайёҳӣ, индустрияи креатив ва брендҳои агросаноатӣ.

Дар вилоятҳои Навоӣ ва Тошканд нуқтаҳои асосии рушд саноати маъдани кӯҳ, металлургия ва кимиёи донишбунёд, дар вилоятҳои Қашқадарё ва Сурхондарё – маҷмӯи агросаноат ва нафту газу кимиё, дар Қароқалпоқистон – энергетикаи “сабз”, технологияи иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ, дар вилоятҳои Ҷиззах ва Сирдарё – автомобилсозӣ, саноати электротехникӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмон.

Зимни гуфтугӯйи кушод Президент пешниҳод ва ташаббусҳои соҳибкоронро шунид.

– Дар мамлакатамон насли нави соҳибкорон ташаккул меёбад, ки фикри замонавӣ доранд ва ба навгонӣ азм мекунанд, то ки тиҷорати худро вусъат бахшанд. Ҳеҷ гоҳ аз пеш рафтан боз наистед, инкишоф ёфтан, рушд намудан ва навгониро татбиқ намуданро бас накунед! Дар паси шумо ҳамеша давлати пурққувват қарор дорад, ки омода аст шуморо дастгирӣ намояд ва қонуне ҳаст, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои шуморо ҳимоя намояд ва Президет ҳаст, ки бо шумо дар татбиқи ташаббус ва мақсадҳоятон якҷо хоҳад буд! – гуфт роҳбари давлат дар поёни вохурӣ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: