Суханронии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар мулоқот бо соҳибкорон, ки дар шакли мулоқоти кушод баргузор гардид

​Ассалому алайкум, ҳамватанони азиз!

Соҳибкорони муҳтарам, намояндагони тиҷорат, иштирокдорони мулоқот!
Аз дидор бо Шумо дар сарзамини бостонии Хоразм, ки яке аз марказҳои илму дониш, ҳунар, тиҷорат ва соҳибкорӣ мебошад, бисёр хушҳолам.
Дар анҷумани имрӯза бори аввал аз студияҳои ноҳияҳо низ қариб 25 ҳазор соҳибкор иштирок доранд.

Аз фурсат истифода намуда, шумо, тамоми ҷомеаи тиҷоратии Ӯзбекистонро, ки аз 1 миллиону 200 ҳазор нафар иборат буда, дар таҳкими иқтидори иқтисодии кишварамон саҳми фаъолона мегузоранд, ба муносибати Рӯзи соҳибкорон табрик мегӯям.

Панҷ сол муқаддам роҳандозии анъанаи баргузории мулоқоти кушод бо шумо барои ҳалли ҳазорон масъалае, ки садди роҳи рушди тиҷорат буданд, замина фароҳам овард. Дар ин самт 84 қонун ва 861 фармону қарор қабул кардем. Чаро? Барои фароҳам овардани шароити муносиб ба соҳибкоронамон, зиёд кардани ҷойҳои нави корӣ, ба ҷойҳои дур нарафта, дар маҳаллаи худ соҳиби даромад кардани мардуми кишвар.

Дар муҳлати сипаришуда ҳаҷми умумии бастаи кредитҳо, ки барои соҳибкорӣ ҷудо гардиданд, қариб се баробар афзуда, ба 450 триллион сӯм расид, соҳибкоронамон аз 650 триллион сӯм имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ истифода бурданд. Аксар намояндагони тиҷорат барои татбиқи лоиҳаҳои худ мустақилона аз бонкҳои хориҷӣ 1 миллиард доллар маблағ ҷалб карданд. Ин боз як марраи бузургест, ки шумо фатҳ намудаед.

Имрӯз соҳибкорони мо аз марҳилаи «оғози соҳибкорӣ» ба даври «афзун намудани сармоя» мегузаранд. Дар панҷ сол ҳаҷми сармоягузории корхонаҳоямон ба сармояи асосӣ се баробар зиёд шуд.

Ҳангоми баргузории нахустин мулоқоти кушод теъдоди ноҳияҳое, ки ҳаҷми истеҳсоли саноат дар онҳо аз 100 миллион доллар зиёд буд, 66 ададро ташкил мекард. Ҳоло шумораи онҳоро ба 116 адад расонидем.

Бинобар рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ, финтех ва дигар бахшҳои хидматрасонӣ, шумораи ноҳияҳое, ки ҳаҷми хидматрасонӣ дар онҳо аз 1 триллион сӯм гузаштааст, ба 152 адад расид. Теъдоди корхонаҳое, ки бо платформаҳои пешрафтаи байналмилалии тиҷорати электронӣ ҳамкорӣ мекунанд, ба 3,5 ҳазор баробар шуд. Теъдоди соҳибкороне, ки фаъолияти тиҷоратии худро аз маҳалла оғоз намуда, имрӯз дар саросари кишвар даҳҳо филиал доранд, аз 550 нафар, теъдоди афроде, ки бренди миллии худро таъсис додаанд, аз 300 нафар афзуд.
Солҳои охир мо пешниҳоди ашёи хом, аз ҷумла мис, тилло, маҳсулоти прокати металлӣ, полиэтилен, ПВХ, каолин ва содаи каустикиро барои соҳибкоронамон бештар менамоем. Дар натиҷа, дар бахшҳои электротехника, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, дорусозӣ, саноати нассоҷӣ, мебелсозӣ ва дигар соҳаҳо ба як «ҷаҳиши бузург» ноил гардидем.

Агар бигӯям, ки соҳаҳои автомобилҳои барқӣ, полимеру маводи кимиёвии маишӣ, энергетикаи «сабз» ва саноати заргариро “аз нест, ҳаст кардем”, шумо ҳам ба ин фикр ҳамроҳ мешавад. Бунёди корхонаҳои муосири автомобилсозӣ, аз ҷумла “BYD”, “ADM Jizzakh”, инчунин, “Asaka Motors” дар вилояти Сирдарё, ба ин соҳа салоҳият ва технологияҳои навро ворид намуд. Дар кластерҳои кимиёвии Қароқалпоқистон, Навоӣ, Чирчиқ, Ҷиззах ва Фарғона 40 иқтидори нави истеҳсолии дорои арзиши баланди иловашуда ба истифода дода шуд.

Дар ин маврид, ба ҳамкорони хориҷии худ, ки ислоҳоти моро дастгирӣ намуда, ба минтақаҳои кишвар сармояҳои бузург ворид мекунанд, низ сипосгузорӣ менамоям.

Дӯстони азиз!

Дар муддати кӯтоҳ ба вилояти Хоразм 4 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ҷалб гардида, дар ин ҷо 10 ҳазор иқтидори нави истеҳсолӣ ба фаъолият шурӯъ кард. Минтақаи махсуси иқтисодии «Ҳазорасп» ва 31 минтақаи саноатӣ таъсис ёфт.
Бунёди неругоҳҳои барқӣ дар ноҳияҳои Тупроққалъа ва Янгиариқ бо иқтидори умумии 275 мегаватт барои бо неруи устувор таъмин намудани корхонаҳо хидмат мекунад.
Бояд таъкид кард, ки 72 фоизи иқтисодиёти вилоятро соҳибкории хурд таъмин менамояд. Аз рӯи саҳми тиҷорати хурд дар содирот Хоразм дар кишварамон ба ҷойи якум баромад. Умуман, дар ин сарзамин, ки аз занҷири логистикӣ дур аст ва захираҳои табииаш маҳдуданд, солҳои охир барои соҳибкории хурду миёна воқеан давраи рушди босуръат гардид.

Бо мақсади фароҳам овардани имкониятҳои нав дар минтақа: шумораи парвозҳои ҳафтаинаро аз 16 ба 102, ҳаракати роҳи оҳанро аз 8 ба 41 зиёд кардем; дар масири Тошканд – Хева ҳаракати қатораи баландсуръатро роҳандозӣ намудем; роҳи нави автомобилгарди муосири Урганҷ – Хева ба дарозии 35 километр низ ба истифода дода мешавад; дар майдони 25 гектар маҷмааи сайёҳии «Арда Хева» бунёд гардид. Соҳибкорон низ 331 меҳмонхона ва меҳмонхонаҳои оилавиро бо иқтидори умумии 7 ҳазор ҷой бунёд карданд. Ба шарофати ҳамин имкониятҳо, соли ҷорӣ ба Хоразм ташриф овардани 3 миллион сайёҳи хориҷӣ пешбинӣ шудааст.

Дар Хева боз як маҷмааи бузург – маҷмааи сайёҳии «Ситораи саҳро», ки меҳмонхонаҳо, марказҳои савдо ва иншооти фароғатиро дар бар мегирад, бунёд хоҳем кард.

Бо як сухан, алҳол Хоразм барои соҳибкорон ба маркази имкониятҳои нав табдил меёбад.

Иштирокдорони муҳтарами чорабинӣ!

Новобаста аз вазъияти мураккаб дар ҷаҳон, дар нимсолаи сипаришуда иқтисодиёти мо 8,5 фоиз афзоиш ёфт. Агентиҳои бонуфузи байналмилалии раддабандии “Fitch” ва “Moody’s” рейтинги кредитии соҳибихтиёри кишвари моро як зина боло бурданд. Дар ҳисоботи Бонки ҷаҳонӣ дар бораи муҳити сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ Ӯзбекистон дар радифи кишварҳои пешсаф ҷой гирифт.

Агар бигӯем, ки ин, пеш аз ҳама, самараи ислоҳоте мебошад, ки мо онҳоро ҳамдӯш бо шумо – соҳибкорони муҳтарамамон амалӣ менамоем, дуруст хоҳад буд.

Мо имсол бо назардошти манфиатҳои соҳибкорон, дар як қатор соҳаҳо, чун кооператсия, хариди давлатӣ, стандартҳо, амнияти маҳсулоти озуқаворӣ, шаҳрсозӣ дигаргуниҳои институтсионалӣ анҷом додем. Танҳо як натиҷаро мисол меорам: ба роҳ мондани низоми «Занҷири миллии саноатӣ» имкон дод, ки танҳо дар ҳамин сол корхонаҳои хусусӣ аз ширкатҳои бузурги давлатӣ ба маблағи 4 триллион сӯм фармоишҳои кооператсионӣ қабул намоянд.

Корхонаҳои стратегӣ дар доираи барномаи «Лоиҳаҳои оянда» барои маҳаллисозӣ рӯйхати зиёда аз 650 намуди маҳсулоти навро эълон карданд, ки ин барои соҳибкорон бозори иловагии 1 миллиарддоллариро фароҳам овард.

Мо тартиботи андозро дар ҳамоҳангӣ бо афзоиши соҳибкорон пайваста сода менамоем. Чанде пеш ҳадди гузариш ба пардохти андоз аз арзиши иловашударо аз 1 миллиард ба 5 миллиард сӯм зиёд намудем. Ин барои 600 ҳазор намояндаи тиҷорати хурд дастгирии калон гардид.

Аз ҳисоби андоз аз арзиши иловашуда ба қаҳвахонаву тарабхонаҳо 100 миллиард сӯм ҳамчун «кэшбек» баргардонида шуд. Дар натиҷаи барои маҳсулоти кишоварзӣ муқаррар гардидани меъёри «сифрӣ»-и андоз аз арзиши иловашуда 400 миллиард сӯм дар ихтиёри худи фермерон боқӣ монд.

Танҳо дар ҳамин сол: маҳдудияти воридоти 11 намуди масолеҳи сохтмон ба Қазоқистон бекор карда шуд; бо Туркманистон низоми савдои мутақобилаи бидуни боҷ нисбат ба молҳои истеҳсолшуда роҳандозӣ гардид; бо Урдун оид ба 150 намуд, бо Покистон оиди 88 намуд ва бо Эрону Афғонистон оид ба 34 намуди маҳсулот созишномаҳои савдои имтиёзнок ба имзо расиданд. Ҳоло бо Муғулистон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Уммон, Малайзия, Сингапур, Индонезия, Миср ва Ҳиндустон низ ҷиҳати ба роҳ мондани чунин созишномаҳо кор мебарем.

Як қатор лоиҳаҳои бузургро, ки ба рушди иқтисодиёт такони ҷиддӣ мебахшанд, амалӣ менамоем: дар Ҷиззах – неругоҳи барқи атомӣ, дар Олмалиқ – фабрикаи чоруми ғанигардонии мис, дар масирҳои Тошканд–Самарқанд ва Тошканд–Андиҷон роҳҳои нави муосири автомобилгард, дар Хоразм – маҷмааи истеҳсоли сӯзишвории экологӣ барои ҳавопаймоҳо, дар Сурхондарё – гармхонаи муосир дар майдони 940 гектар ва дар ноҳияи Юқоричирчиқ — Фурудгоҳи Тошканди Нав сохта мешаванд.

Имсол 105 лоиҳаи нави саноатӣ ва инфрасохторӣ ба маблағи умумии 27 миллиард доллар оғоз мегарданд. Ғайр аз ин, дар тамоми минтақаҳо ҷамъ барои 3 миллион нафар аҳолӣ бунёди мавзеъҳои нави истиқоматӣ идома дорад.

Барои соҳибкороне, ки дар чунин лоиҳаҳои бузург бо маҳсулот ва хизматрасониҳои худ иштирок намуданро мехоҳанд, баробари сармоягузорони хориҷӣ шароит фароҳам менамоем.

Чанде пеш барои соҳибкорони соҳаи нақлиёту логистика ҳангоми воридоти мошинҳои боркаш боҷи гумрукӣ ва ҷамъоварии утилизатсионӣ бекор карда шуд. Илова бар ин, барои пешниҳоди вагонҳо ба операторони маҳаллӣ ҷиҳати ҳамлу нақли байналмилалӣ меъёри андоз аз арзиши иловашударо ба «сифр» поин мебарем.

Инчунин, барои аз бандарҳои кишварҳои асосии ҳамкор истифода намудани соҳибкоронамон шароит фароҳам менамоем. Бахусус, соли оянда дар бандари Потии Гурҷистон маркази логистикии дорои иқтидори 500 ҳазор тонна ба истифода дода мешавад. Аз рӯи лоиҳаи бандари Анаклия низ бо шарикон корҳои амалиро оғоз бахшидем.

Дар ноҳияҳои Олот, Тирмиз, Янгийӯл, Оҳангарон ва шаҳри Хонобод марказҳои бузурги нақлиётиву логистикӣ таъсис медиҳем. Ин ба соҳибкорони мо бобати ба 25 фоиз зиёд кардани ҳаҷми борҳои транзитӣ ва ба 3,5 миллиард доллар расонидани содироти хидматрасониҳои логистикӣ замина фароҳам менамояд.

Соли оянда Маркази байналмилалии молиявии Тошканд ва Маркази байналмилалии технологияҳои рақамии «Enterprise Uzbekistan»-ро ба истифода медиҳем. Ин марказҳо барои воридшавии босуръат ба бозорҳои байналмилалӣ, ҷалби 20–25 миллиард доллар сармоя, инчунин дониш ва технологияҳои нав имконият фароҳам хоҳанд овард.

Соҳибкорони муҳтарам!

Акнун мехоҳам дар бораи ташаббусҳои нав, ки бар асоси масъалаҳои аз ҷониби соҳибкорон пешниҳодшуда таҳия гардидаанд, сухан ронам.

Самти аввал аз таъмини «траекторияи рушди устувор» барои соҳибкорӣ иборат аст.

Солҳои охир ҳиссаи соҳибкории хурд дар бастаи кредитии бонкҳо аз 45 то 63 фоиз афзуд. Мо бонкҳоро ба корбарии “мизоҷбайъ” омӯзонида истодаем. Танҳо дар нимсолаи аввал ба тиҷорати хурду миёна 76,5 триллион сӯм захира ҷудо гардид.

Муҳим он аст, ки гардиши соҳибкороне, ки аз чунин маблағҳо истифода кардаанд, дар ду сол ду баробар афзуд. Умуман, аз соҳибкории хурд ба тиҷорати миёна ва аз миёна ба сатҳи «чемпион»-и соҳа расидани соҳибкор арзиши аз ҳама муҳим мебошад.

Чанде пеш Портали ягонаи рақамии хидматрасониҳои кредитӣ ба фаъолият шурӯъ кард. Дар ин раванд соҳибкор танҳо як ариза пешниҳод мекунад ва бонкҳо барои ҷалби муштарӣ бо ҳам рақобат менамоянд. Онҳое, ки акнун фаъолияти тиҷоратии худро оғоз менамоянд, метавонанд тавассути ин платформа то 5 миллиард сӯм кредитро ба таври онлайн расмӣ кунанд.

Вазифаи навбатӣ фароҳам овардани заминаи устувор барои рушди босубот, тавсеаи фаъолияти соҳибкорӣ ва баромадан ба бозорҳои хориҷӣ мебошад. Дар ин самт фаъолияти 5 ҳазор корхонаро таҳлил намудем: 40 фоизи онҳо дар як соли охир барои рушд сармоягузорӣ накардаанд, 29 фоиз ҳатто дар нақшаи худ чунин иқдомро надоранд.

Аз ин рӯ, мо барои ҳар як марҳилаи рушди соҳибкорӣ экосистемаи ягонаеро меофарем, ки барои ҳар марҳила чораҳои мувофиқи дастгирӣ ва механизмҳои молиявиро пешниҳод менамояд. Аз ҷумла, ба онҳое, ки соҳибкориро нав шурӯъ мекунанд, дар асоси барномаи «Бизнес старт» бо ёрии зеҳни сунъӣ омода кардани лоиҳа ва ҳуҷҷатҳои кредитӣ, инчунин малакаҳои ибтидоии пешбурди ҳисобот омӯзонида мешавад.
Барои омодасозӣ ба фаъолияти тиҷоратӣ 100 миллиард сӯм ҷудо мекунем. Ба онҳо мутобиқ ба шароити минтақа нақшаҳои тиҷоратии тайёр ва то 200 миллион сӯм кредити бидуни гарав пешниҳод карда мешавад.

Барои соҳибкороне, ки истеҳсолотро ба роҳ мондаанд, барномаи «Бизнес лифт» амалӣ мегардад. Дар доираи он аз рӯйи дарёфти бозор ба соҳибкор, иштирок дар хариди давлатӣ ва роҳандозии кооператсия бо ширкатҳои бузург занҷири ягонаи дастгирӣ офарида мешавад.

Барои соҳибкороне, ки мехоҳанд ба марҳилаи нави рушд гузаранд, барномаи «Бизнес юксалиш» ҷорӣ мегардад. Дар доираи барнома механизмҳои сармоягузории алтернативии иловагӣ барои тавсеаи истеҳсолот ва ворид шудан ба бозорҳои хориҷӣ густариш дода мешаванд.

Масъалаи бузургтарин барои соҳибкорони хурд бо таъминоти гарав вобаста мебошад. Аз ин рӯ, низоми «контркафолат»-ро, ки баҳои воқеии фаъолияти тиҷоратии соҳибкорро бароварда, ба онҳо тақдими кредитро пешбинӣ менамояд, ҷорӣ менамоем.

Минбаъд ҳангоми гирифтани кредит то 10 миллиард сӯм, 30 фоизи таъминоти гаравро давлат, 30 фоизро Ширкати кафолати тиҷорат ва 15 фоизи дигарро худи бонкҳо ба уҳда мегиранд. Яъне барои соҳибкор танҳо ёфтани гарав ба маблағи 25 фоизи кредит кофӣ хоҳад буд.

Чанде пеш тавассути «мушовири виртуалии андоз» портали зеҳни сунъӣ ба фаъолият шурӯъ кард, ки барои кам кардани хароҷот ва пешгирии хатогиҳои соҳибкорон хидмат мекунад.

Аз соли оянда «ёварони зеҳни сунъӣ»-ро ба равандҳои сохтмон, муносибатҳои меҳнатӣ, савдои хориҷӣ ва хидматрасониҳои давлатӣ низ ҷорӣ хоҳем кард.

Бо як сухан, мақсад танҳо пешниҳоди кредит ба соҳибкор нест, балки офаридани як низоми маҷмӯии дастгириест, ки соҳибкорро аз қадами аввал то ба соҳибкории бузург табдил ёфтан ҳамроҳӣ ва ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.

Дӯстони азиз!

Самти дуюми мо роҷеъ ба баланд бардоштани имкониятҳои тиҷоратии минтақаҳо хоҳад буд.

Ҳамаи мо як ҳақиқатро хуб дарк мекунем: роҳи аз ҳама самарабахши рушди иқтисодиёт – истифодаи оқилона аз захираҳои мавҷуда мебошад.

Имрӯз ҳазорҳо гектар қитъаҳои замини холӣ ва дороиҳои давлатие мавҷуданд, ки бесамар истифода мешаванд. Арзиши воқеии онҳо кай ошкор мешавад? Замоне, ки онҳо ба лоиҳа табдил ёфта, арзиши иқтисодӣ эҷод мекунанд, ҷойҳои корӣ ташкил намуда, ба рушди содирот хизмат менамоянд.

Аз ин рӯ, ҳангоми харидории дороиҳои давлатӣ: миқдори маблағи пешпардохт аз 30 ба 15 фоиз кам карда мешавад; ба соҳибкороне, ки тӯли шаш моҳ пардохтҳоро пурра анҷом медиҳанд, 25 фоиз тахфиф тақдим мегардад; онҳое, ки нисфи маблағи умумиро пардохт кардаанд, метавонанд қисми боқимондаро дар давоми 7 сол, бидуни фоиз, қисм-қисм пардохт намоянд.

Нархи ибтидоии моликияти давлатӣ, ки дар се моҳ фурӯхта нашудааст, марҳила ба марҳила то 10 фоиз кам карда мешавад.

Минбаъд муҳлати баргузории музояда аз 30 ба 15 рӯз ва дар савдои такрорӣ аз 10 ба 5 рӯз кӯтоҳ карда мешавад.

Ошкор бояд гуфт, алҳол соҳибкороне, ки дар музояда замин мехаранд, барои ҷамъоварии ҳуҷҷатҳои зарурӣ ҷиҳати оғози сохтмон аз 6 моҳ то як сол вақт сарф мекунанд. Мо ҳокимонро омӯзондем ва акнун онҳо чунин кор мебаранд, ки заминҳоро бо иҷозати сохтмон, супориши меъморӣ-банақшагирӣ ва лоиҳаи омода, яъне дар шакли «пакети тайёр», ба савдо мебароранд. Соҳибкоре, ки чунин заминро мехарад, метавонад фавран ба сохтмон оғоз намояд.

Боз як имтиёз – пардохти пешакии музди инфрасохтор аз 20 ба 5 фоиз кам карда мешавад.

Дар бонкҳо 2,5 ҳазор моликият ба маблағи 9 триллион сӯм мавҷуд аст. Барои бо нархи тахфифӣ, бидуни пардохти ибтидоӣ, бе фоиз ва бо шарти қисм-қисм пардохтани маблағ иҷозат дода мешавад. Соҳибкороне, ки онҳоро мехаранд, барои ҳамин объект дар давоми як сол андози замин ва молу мулкро пардохт намекунанд.
Дар навбати аввал, мо рӯйхати 50 намуди маҳсулотеро тартиб додем, ки маҳаллисозии истеҳсоли онҳо зарур аст. Барои истеҳсоли онҳо дар дохили кишвар муносибат ба минтақаҳои махсуси иқтисодиро низ тағйир медиҳем. Бо ин мақсад, дар як қисми ҳудуди минтақаҳои махсуси иқтисодии Навоӣ, Ҷиззах, Намангон, Ургут ва Ҳазорасп «Минтақаҳои саноатии бондӣ» ташкил мекунем. Соҳибкороне, ки дар ин ҷо ҷойгир мешаванд, ҳангоми ворид кардани ашёи хом ва қисмҳои таркибӣ ба анбори бондӣ аз ҳамаи пардохтҳои андоз ва гумрук озод карда мешаванд. Агар сатҳи маҳаллисозии маҳсулот аз 30-40 фоиз зиёд бошад, ҳангоми баровардани он ба бозори дохилӣ низ шартҳои имтиёзнок татбиқ мешаванд.

Идоракунии чунин минтақаҳои саноатӣ ба сохтори хизматрасоние табдил меёбад, ки ба соҳибкорон кӯмак мерасонад. Марказҳои муосири R&D, лаборатория, хидматрасониҳои муҳандисӣ ва технологӣ дар асоси занҷири ягона амалӣ мешаванд. Барои ба соҳибкорон тақдим намудани биноҳои тайёр бо инфрасохтор 50 миллион доллар ҷудо мекунем.

Боз як навгонии муҳимро эълон кардан мехоҳам.

Аксар соҳибкорон мегӯянд, ки аз сабаби 100 фоиз пешпардохт намудани маблағи барқ ва газ, дар маблағи гардишӣ мушкилӣ мекашанд.

Ба вазири нави энергетика Шерзод Хоҷаев супориш додам.
Минбаъд барои корхонаҳое, ки ба низомҳои АСКУЭ ва АСКУГ пайваст буда, интизоми пардохтро вайрон накардаанд, ба шарти ворид намудани маблағ дар давоми моҳ, ҳаҷми пешпардохт 15 фоиз мешавад. Ин ба шумо маъқул аст?

Умуман, низоми идоракуниро дар соҳаи энергетика куллан тағйир медиҳем. Дар ҳамаи ноҳияҳо низоми наве ташаккул меёбад, ки бар асоси эҳтиёҷоти имрӯза ва нақшаи ояндаи соҳибкорон фаъолият хоҳад кард.

Аз соли оянда дар соҳаи сохтмон бобати ҳавасмандсозии рушди пудратчиён ва лоиҳакашон тамоюлҳои навро ҷорӣ хоҳем кард. Минбаъд новобаста аз он ки сохтмон дар кадом минтақа сурат мегирад, барои ҳар як соати кори коргар ба андозаи 5 фоизи ҳадди ақали музди меҳнат маблағ пешбинӣ карда мешавад.

Инчунин, дар сметаи объектҳои давлатӣ барои корхонаҳои пудратӣ 7 фоиз фоида пешбинӣ карда мешавад. Вобаста ба мураккабии сохтмон, барои корҳои лоиҳакашӣ аз 4 то 7 фоизи арзиши объект маблағ ҷудо мекунем.

Ҳамватанони муҳтарам!

Дар самти сеюм – дар бораи офаридани экосистемаи «зеҳни сунъӣ – самарадории идоракунӣ – сармоягузориҳои нав» суҳбат мекунем.

Имрӯз кадом соҳибкор арзиши иловашударо зиёд кунад, бо ёрии зеҳни сунъӣ ҳосилнокиро баланд бардорад ва барои кам кардани арзиши аслӣ пайваста ҳаракат намояд, бозори оянда аз они ҳамон аст.

Мо фаъолияти соҳибкоронеро, ки бар асоси чунин равишҳо кор кардаанд, таҳлил кардем: дар 54 фоизи онҳо талабот ба маҳсулот якбора афзудааст; дар 25 фоиз арзиши аслӣ ба таври назаррас коҳиш ёфтааст; дар 40 фоиз даромад зиёд шуда, музди меҳнати кормандон беш аз 10 фоиз афзоиш ёфтааст. Аз ин рӯ, механизмҳои наверо ҷорӣ мекунем, ки ба баланд бардоштани ҳосилнокӣ дар корхонаҳо нигаронида шудаанд.

Чанде пеш дар Маркази ҳукумати рақамӣ фаъолияти аввалин кластери суперкомпютериро ба роҳ мондем. Соли оянда иқтидори кластерро 3 баробар зиёд мекунем. Ин барои соҳибкороне, ки мехоҳанд зеҳни сунъиро ҷорӣ кунанд, имкониятҳои бузург фароҳам меорад.

Акнун барномаи «Барои 10 ҳазор корхона – шарики зеҳни сунъӣ»-ро оғоз мекунем. Барои онҳо: 50 фоизи хароҷоти ҷорӣ намудани зеҳни сунъиро ҷуброн менамоем; барои таҳияи модели зеҳни сунъии маҳсулоти нав онҳо метавонанд аз имкониятҳои суперкомпютер ба таври ройгон истифода баранд.

Ғайр аз ин, хароҷоти корхонаҳо барои корҳои илмию таҳқиқотӣ ҷиҳати офаридани маҳсулоти нав ва ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта, аз ҳисоби буҷет ҷуброн карда мешаванд.

Ҳамзамон, барои он ки ҳамаи соҳибкорони кишвар ба барномаҳои омодаи зеҳни сунъӣ дастрасӣ дошта бошанд, онҳоро дар платформаи кушода ҷойгир менамоем.

Дар марҳилаи аввал барои маблағгузории барнома 100 миллион доллар ҷудо мекунем.

Мо аллакай нисфи хароҷотеро, ки барои ҷорӣ намудани низомҳои автоматиконидашудаи идоракунӣ дар саноати нассоҷӣ харҷ мешаванд, ҷуброн менамоем. Минбаъд ба корхонаҳои саноати электротехника, масолеҳи сохтмон ва маҳсулоти хӯрокворӣ низ 50 фоизи чунин хароҷотро ҷуброн хоҳем кард.

Имсол 30 фоизи саҳми Фонди миллии сармоягузориро, ки дороиҳои 13 ширкати стратегиро дар ихтиёр дорад, бори аввал дар биржаҳои фондии Тошканд ва Лондон ба фурӯш баровардем. Ин таҷрибаи мусбат, бешубҳа, барои корхонаҳои бузурги сектори хусусии мо низ роҳро ба бозорҳои байналмилалии сармоя боз кард.

Акнун барои ҳарчи зудтар ба бозори сармоя ворид гардидани корхонаҳои маҳаллӣ, бо бонкҳои бонуфузи сармоягузорӣ барномаи акселератсияро роҳандозӣ мекунем. Ҳар сол 50 корхонае, ки даромади солонаи онҳо беш аз 1 триллион сӯм аст, интихоб карда мешаванд. Дар доираи барномаи акселератсия нисфи хароҷоти омода намудани ин корхонаҳо ба IPO ва мутобиқсозии ҳисоботи онҳо ба стандартҳои байналмилалӣ ҷуброн карда мешавад. Ин ба корхонаҳои хусусӣ барои ҳар сол аз хориҷ ҷалб кардани на камтар аз 1 миллиард доллар имконият медиҳад.  

Соҳибкорони азиз!

Имрӯз ба кадом минтақаи кишвар наравед, дар ҳамаи онҳо шумораи корхонаҳои нав ба наве, ки дар асоси технологияҳои муосир фаъолият мекунанд, зиёд шуда истодааст.

Ҳар сол лоиҳаҳои нави сармоягузории баландтехнологиро ба маблағи 50 миллиард доллар амалӣ менамоем. Аммо дар чанде аз ин лоиҳаҳо ҷузъи таълим ва омӯзиш мавҷуд аст?

Як чизро бидонед: самарадории ҳар як лоиҳа на танҳо ба технология, балки ба кадрҳои ботаҷрибае низ вобаста мебошад, ки онҳоро истифода бурда метавонанд.

Барои он ки дар таълими касбӣ самара ба даст ояд, дар навбати аввал, дар ҷавонон бояд ба касб шавқу рағбатро пайдо кард.

Дирӯз дар шаҳри Урганҷ бо фаъолияти техникуми маҳорати касбӣ ва шаҳраки Касбҳо шинос шудам. Дар ин ҷо бар асоси таҷрибаи Олмон ва Чин, хонандагони мактаб вобаста ба қобилияташон ба 10 намуди касбҳои серталаб, аз ҷумла энергетикаи «сабз», сохтмон, парасторӣ, агрономӣ, электротехника ва дигар касбҳо равона карда мешаванд.

Ин таҷрибаи навро, ки дар Хоразм оғоз шуд, дар тамоми минтақаҳои кишварамон роҳандозӣ мекунем. Ҳокимони ноҳияҳо дар байни як ҳафта ба Урганҷ омада, ин таҷрибаро бо чашми худ бубинанд.

Ширкати “ACWA Power”-и Арабистони Саудӣ дар 3 вилоят техникумҳоро бо таҷҳизот таъмин карда, ҳамасола ба садҳо ҷавонон касбҳои муосирро таълим медиҳад.

Акнун як савол: чаро сармоягузор аз хориҷа омада, барои худ низоми тайёр кардани кадрҳоро ба роҳ монду барои чӣ соҳибкорони худамон ин корро карда наметавонанд?

Ба соҳибкоре, ки «Худам техникум месозам ё техникуми давлатиро гирифта, кадрҳоро мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ омода мекунам», мегӯяд, хароҷоташро аз андозҳо чунин тахфиф менамоем, ки ба ӯ “бори вазнин” намешавад. Агар замин харида бошад, аз арзиши замин кам мекунем. Ин корро ҳар як ҳокими вилоят ва ноҳия бояд бо соҳибкорон ва корхонаҳои худ анҷом диҳад.

Дар як моҳ қарор қабул карда мешавад. Бо замимаи қарор рӯйхати корхона ва сармоягузоронеро, ки ба ин кор саҳм мегузоранд, низ тасдиқ мекунем, имтиёзҳои дархосткардаи онҳоро пешкаш менамоем.

Ректорҳо низ навишта бигиранд: агар донишҷӯёнро дар нимаи аввали рӯз дар бинои донишгоҳ таълим диҳанд, пас аз нисфирӯзӣ ҷавононро ба касб омӯзонанд.
Агар корро чунин ташкил кунем, 1 миллион нафар ҷавонро бо касбҳои муосир фаро гирифта, онҳоро дар худамон бо ҷойҳои кории сердаромад таъмин мекунем.
Муҳтарам иштирокдорони анҷуман!
Дар самти чорум – масъалаи баланд бардоштани иқтидори содиротӣ ва ба бозорҳои хориҷӣ баровардани брендҳои миллиро баррасӣ мекунем.
Ҳоло дар бозорҳои хориҷӣ барои ҳар як доллари содирот рақобати шадид идома дорад. Ба наздикӣ фаъолияти содиркунандагонро омӯхтем. Аз онҳо 40 фоиз гуфтаанд, ки дар пайдо кардани муштарии хориҷӣ мушкилӣ мекашанд; 36 фоиз наметавонанд маҳсулоти худро ба стандартҳо ва талаботи сертификатсияи кишварҳои хориҷӣ мутобиқ созанд; 37 фоиз воситаҳои молиявии муносиб барои содиротро нокифоя медонанд; 33 фоиз бошад, дар бораи бозор, маркетинг ва «бренд» малакаи кофӣ надоранд.

Аз ин рӯ, барои корхонаҳоямон сохтори «навигатори содирот»-ро роҳандозӣ мекунем, ки дар тамоми равандҳои ворид шудан ба бозорҳои хориҷӣ хидматрасонии комплексӣ пешниҳод менамояд.

Муовини Сарвазир Ҷ. Хоҷаев, вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдо Л. Қудратов, вазири корҳои хориҷӣ Б. Саидов ва сафирон талаботи бозорҳои хориҷиро омӯхта, рӯйхати 100 маҳсулотеро таҳия мекунанд, ки метавонанд дар бозорҳои хориҷӣ мавқеи устувор пайдо кунанд. Барои ҳар як маҳсулот дар се самт, яъне рақобатчиён дар бозори хориҷӣ, низоми тарифӣ ва масъалаҳои логистикӣ пешниҳодҳои мушаххас таҳия мешаванд.

Дар асоси ин: Агентии кооператсияи саноатӣ (Б. Ҳайдаров) барои 2 ҳазор корхона барномаи мутобиқсозии истеҳсолотро ба бозори хориҷӣ ва сегменти харидорон таҳия мекунад; Агентии танзими техникӣ (А. Ҷумъаназаров) барои ин 100 намуди маҳсулот ба соҳибкорон вобаста ба ҳар як бозор стандарт ва сертификатҳои заруриро муайян ва омода мекунад; бонкҳо механизмҳои нави молиявии барои соҳибкорон муносибро ҷиҳати содирот роҳандозӣ менамоянд; Вазорати нақлиёт (И. Маҳкамов) роҳҳои аз ҳама оптималии логистикиро таҳия мекунад.

Дар самти ҳавасмандгардонии содирот, ҷалби брендҳои хориҷӣ ва рушди брендҳои миллӣ низ механизмҳои иловагиро ҷорӣ мекунем.

Дар ин самт ба соҳибкорон: нисфи хароҷоти ҷалби «брендмейкер»-и хориҷӣ пардохт мегардад; барои таблиғи брендҳои миллӣ дар бозорҳои хориҷӣ ва мутобиқсозии онҳо ба талаботи байналмилалӣ то 50 ҳазор доллар субсидия дода мешавад; нисфи хароҷоти марбут ба ҷойгиркунӣ ва фурӯши маҳсулот тавассути маркетплейсҳо ҷуброн карда мешавад; 80 фоизи хароҷоти ширкатҳои консалтингие, ки барои иштирок дар тендерҳои байналмилалӣ роҳнамоӣ мекунанд, ҷуброн мегардад.
Барои ҳамаи содиркунандагон шароити баробар фароҳам оварда, ҷиҳати дастгирии онҳо низоми ягонаро таъсис медиҳем. Барои ин 1 миллиард доллар равона мекунем.
Соҳибкорони муҳтарам!

Имрӯз дар ҷаҳон мубориза барои бозор рӯз то рӯз шадидтар мешавад ва ҳатто давлатҳои бузург барои ҳифзи бозорҳои худ ҷиддан талош менамоянд.

Дар чунин вазъ соҳибкоре, ки ба хориҷ мебарояд, набояд ҳеҷ гоҳ худро танҳо эҳсос кунад. Сафирон инро ба назар гиранд. Минбаъд дар куҷо имконият ва бозори нав бошад, сафир бояд аввалин шуда соҳибкоронро «аз дасташон гирифта», ба он ҷо мебарад. Бо як сухан, дипломатҳо ба «сафирони соҳибкорон» табдил ёфта, вақти асосии худро ба ин мебахшанд.

Ҳоло 60 фоизи содироти мо ба 20 давлат рост меояд. Муҳим он аст, ки соҳибкорони мо ба рақобат, талабот ва стандартҳои ин давлатҳо мутобиқ шудаанд. Оё дар ин бозорҳо барои 2–3 баробар зиёд кардани содирот имконият вуҷуд дорад? Ҳаст! Ин корро бо кӣ анҷом медиҳем? Албатта, якҷо бо соҳибкорони худ, ки пастиву баландиҳои ин бозорҳоро хуб медонанд.

Аз ин рӯ, ба соҳибкорони фаъоле, ки дар 20 кишвари бузурги бозори содиротии мо ва боз 5 кишвари дорои дурнамои баланд кор мебаранд, мақоми «сафири содирот»-ро медиҳем. Онҳоро худи соҳибкороне интихоб мекунанд, ки ба ин давлатҳо бештар содирот анҷом медиҳанд.

Сафирони содирот ба соҳибкорони мо дар масъалаҳои интихоби шабакаҳои савдо, гирифтани сертификат ва маркетинг кӯмак мерасонанд. Хароҷоти равуо ва зиндагии онҳо дар давлате, ки фаъолият доранд, ҷуброн карда мешавад.

“Мораторий” ба ҷаримаҳо барои қарзҳои содиротие, ки муҳлаташон гузаштааст, дар охири сол ба анҷом мерасад. Вазъи ноороми ҷаҳонро мебинед. Дар чунин шароит соҳибкор баробари мубориза бо мушкилоти беруна, маҷбур аст, ҷарима пардохт кунад. Аз ин рӯ, бисёр фикр карда, ба як қарор омадам.

Агар содиркунандагон то охири сол барои пардохти қарз ба суратҳисоби бонкии худ маблағи асъорӣ ворид кунанд, ин маблағ ҳамчун даромади содиротӣ қабул карда мешавад. Бо ин роҳ мушкилоти беш аз 3 ҳазор содиркунанда, ки 380 ҳазор нафар корманд доранд, ҳаллу фасли худро меёбад.
Минбаъд ҳатто дар сурати ворид нашудани маблағи пардохти содироти молӣ маҳдудияти содиротро бекор мекунем.
Ҳангоми содирот тавассути инвойс талаботи пешакӣ таъмин намудани 50 фоизи маблағи даромад низ бекор карда мешавад. Муҳлати таъмини воридоти асъорӣ барои содироте, ки тавассути хонаҳои савдо ва дистрибюторҳо анҷом дода мешавад, аз 180 ба 365 рӯз дароз карда мешавад.
Минбаъд нисбат ба шартномаҳое, ки аз рӯи онҳо суд ба манфиати содиркунанда қарор қабул кардааст, таъини ҷарима боздошта мешавад.
Соҳибкорони муҳтарам!

Дар самти панҷум – дар бораи ба таври бояду шояд кам кардани фишори маъмурӣ ба соҳибкорӣ суҳбат мекунем.
Мо пайваста бори андози тиҷоратиро кам карда истодаем. Дар даҳ соли гузашта иқтисодиёти пинҳонӣ аз 50 то 26 фоиз коҳиш ёфт. Аммо ин ҳанӯз ҳам зиёд аст. Ҳамеша мегӯям: аз «соя» баровардани иқтисодиёт на тавассути санҷиш, баръакс, бояд тавассути роҳнамоӣ кардани соҳибкор ва бозомӯзии тарзи дурусти фаъолият сурат гирад.
Масалан, дар беш аз нисфи 5 ҳазор соҳибкори мавриди таҳлил дар давоми як сол 2–3 маротиба ва дар 21 фоизи онҳо 4 маротиба санҷиши андоз гузаронида шудааст. Ғайр аз ин, санҷишҳои такрорӣ, ки аз ҷониби идораҳои бехатарии сӯхтор, сохтмон, санитария, карантин ва нозироти энергетикӣ гузаронида шудаанд, низ зиёданд.

Як чизро бояд дарк кард: дар ҷое, ки осудахотирӣ вуҷуд надорад, на озодӣ, на рушд ва на талош барои навоварӣ мешавад. Аз ин рӯ, барои ҳама гуна санҷиш дар фаъолияти соҳибкории хурд, ба истиснои ҳолатҳое, ки он ба саломатии инсон ё манфиатҳои дигар соҳибкорон зарар расонидан алоқаманд аст, ба муҳлати се сол моратория эълон мекунем.

Боз як навгонии муҳим: минбаъд агар соҳибкорони миёна ва калон корхонаи худро ихтиёрӣ аз аудити профилактикӣ гузаронанд, хулосаи он аз ҷониби мақомоти андоз эътироф мешавад. Муҳим он аст, ки соҳибкоре, ки камбудиҳои ошкоршударо бартараф кардааст, ба ҷавобгарӣ кашида намешавад ва барои ҳамин давра мақомоти андоз санҷиш намегузаронанд.

Роҳбарони мақомоти бехатарии сӯхтор, сохтмон, санитария ва карантин низ ин тартибро дар низоми худ фавран ҷорӣ кунанд.

Ҳамзамон, ҳар гуна санҷиши такрорие, ки дар давоми сол гузаронида мешавад, танҳо бо иҷозати Омбудсмани тиҷоратӣ анҷом дода мешавад.

Алҳол барои рушди тиҷорат танҳо низоми ҷолиби андозбандӣ кофӣ нест. Ҳоло 51 идора ваколати татбиқи ҷаримаҳои молиявиро доранд. Азбаски як қисми ҷарима ба худи идора ворид мешавад, дар баъзе роҳбарон «агар санҷад – метарсад, тарсад – пардохт мекунад» барин нуқтаи назар вуҷуд надорад гуфта наметавонем.

Идораҳои назоратиро огоҳ мекунам: ҷарима на барои ҷамъоварии маблағ, балки бояд барои таъмини тартибу интизом ва пешгирии қонуншиканӣ дар соҳа хидмат кунад. Аз ин рӯ, миқдори ҳамаи намудҳои ҷаримаро ба ҳисоби миёна 2 баробар кам мекунем.

Ҳолатҳое низ рух медиҳанд, ки баъд аз таҳвили маҳсулот аз ҷониби соҳибкор, корхонаҳои давлатӣ пардохти маблағи шартномавиро ба таъхир меандозанд. Дар натиҷа соҳибкорон гаравпулиеро, ки барои иштирок дар савдо пардохт кардаанд, сари вақт гирифта наметавонанд.

Минбаъд низоми бозгашти автоматии гаравпулӣ барои молҳои қабулшуда ҷорӣ карда мешавад.

Аз соли оянда ҳангоми баррасии низоъҳои байни соҳибкор ва давлат тамоюли «Презумпсияи ҳақ будани соҳибкор»-ро ҷорӣ мекунем. Минбаъд то замоне, ки айбдории соҳибкор дар суд исбот нашавад, ӯ бегуноҳ ҳисобида мешавад ва нисбат ба ӯ ҷарима ё дигар чораҳои таъсиррасонӣ татбиқ намегардад.

Ҳамзамон, ҳангоми татбиқи ҷаримаҳои иқтисодӣ ва молиявӣ нисбат ба соҳибкорон қоидаи «Барои хатои аввал – огоҳӣ»-ро ҷорӣ мекунем. Агар соҳибкор бори аввал қоидаро вайрон карда бошад, вале ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон ё молу мулки дигарон зарар нарасонида бошад, барои бартараф кардани камбудӣ ба ӯ 10 рӯз муҳлат дода мешавад.

Дар ҳолатҳое, ки суд ба фоидаи соҳибкор қарор қабул кардааст, мақомоти давлатӣ бо вуҷуди набудани асосҳои кофӣ барои шикоят, аксар вақт парвандаро то марҳилаи охирини судӣ мебаранд.

Чаро? Чунки идораҳои давлатӣ ҳангоми ворид кардани ариза ба суд, аз пардохти боҷи давлатӣ озоданд. Минбаъд мақомоти назоратӣ баъд аз марҳилаи якум, барои муроҷиат ба суд дар ҳар як марҳилаи минбаъда бояд ҳатман боҷи давлатиро пардохт кунанд.

Роҳандозии фаъолияти Шӯрои экспертӣ оид ба низоъҳои андоз дар назди Палатаи савдо ва саноат, натиҷаҳои мусбати худро медиҳад. Акнун ба ин Шӯро ваколати баррасии низоъҳо дар соҳаҳои гумрук, сохтмон, санитария, карантин ва ветеринарияро низ медиҳем.

Аз рӯйи риоя нашудани муҳлат ҳангоми расонидани хидматҳои давлатӣ низ шикоятҳо зиёданд. Аз ин рӯ, 50 фоизи хидматрасониҳои давлатии марбут ба соҳибкорӣ ба тамоюли «сукут – аломати ризо» гузаронида мешавад. Яъне, агар ариза дар муҳлати муқарраршуда баррасӣ нашавад, ин муроҷиат ба таври автоматӣ ба манфиати соҳибкор ҳалшуда ҳисобида мешавад.

Ғайр аз ин, ҳар як ҳолати рад шудани дархост барои гирифтани иҷозатнома аз ҷониби Ваколатдор (Омбудсмен)-и соҳибкорӣ омӯхта мешавад. Ҷавобгариро барои радкунии беасос пурзӯр менамоем.

Ба қарибӣ иҷозатнома ва рухсатнома барои зиёда аз 30 намуди фаъолиятро бекор мекунем, муҳлати тақдими боз 35 намуди онҳоро 2–3 баробар кӯтоҳ менамоем ва 10 намуди дигарро ба тартиби хабардор кардан мегузаронем. Масалан, ба ҷойи 3 иҷозатнома – ветеринарӣ, санитарӣ ва фитосанитарӣ, ки барои содироти маҳсулоти хӯрокворӣ талаб карда мешавад, «Сертификати ягонаи саломатӣ» тақдим мегардад.
Минбаъд шаш моҳ пеш аз ҷорӣ намудани иҷозатнома ё рухсатномаи нави расмӣ он дар 3 минтақа аз таҷриба гузаронида мешавад.
Боз як масъала – дар намояндагони тиҷорат оид ба ҳуҷҷатҳои иҷро, бахусус вобаста ба гузоштани маҳдудият ба молу мулки соҳибкор, шикоятҳо зиёданд. Дар фурсати кӯтоҳ оид ба иҷро вохӯрии алоҳида гузаронида, ҳамаи масъалаҳоро ҳал хоҳем кард.
Ҳамватанони азиз!

Аз аввали сол ба кишвари мо 8 миллион сайёҳи хориҷӣ ташриф овард ва муҳлати будубоши онҳо дар Ӯзбекистон то 8 рӯз дароз шуд.

Аҳли Хоразм худ бигӯянд: оё ислоҳоти мо дар соҳаи сайёҳӣ дар шароити зиндагӣ ва даромади аҳолии вилоят эҳсос мешавад?

Барои такони бештар бахшидан ба ин корҳо мехоҳам имкониятҳои навро баён кунам.

Барои сохтмон, таҷдид ва муҷаҳҳазсозии меҳмонхонаҳо 50 миллион доллар захира ҷудо мекунем. Дар ин замина ба соҳибкорон бо асъори миллӣ ба муҳлати 10 сол кредити 16 фоиза дода мешавад. Инчунин, муҳлати пешниҳоди субсидия барои сохтмони меҳмонхонаҳои се, чор ва панҷситорадорро боз ду соли дигар дароз мекунем.

Минбаъд талаб кардани хулосаи ширкатҳои хориҷиро барои гирифтани субсидия ҷиҳати тасдиқи тоифаи меҳмонхона бекор мекунем.

Имтиёзи бо меъёри 10 баробар камтар пардохт намудани андозҳои замин ва молу мулкро барои меҳмонхонаҳо то соли 2030 тамдид менамоем.

Дар меҳмонхонаҳое, ки шумораи ҷой беш аз 50 адад аст, банкоматҳои қабулкунандаи асъори нақдро худи бонкҳо насб мекунанд.

Хидматрасониеро, ки роҳбаладҳо ба сайёҳони хориҷӣ пешниҳод мекунанд, ба содирот баробар карда, онҳоро аз андози арзиши иловашуда озод мекунем.

Имтиёзи гумрукӣ барои ворид намудани автобусҳои сайёҳӣ, электробусҳо ва микроавтобусҳоро боз барои як соли дигар тамдид менамоем. Барои чунин нақлиёт боҷи утилизатсия низ ситонида намешавад.

Соҳибкорони муҳтарам!
Имрӯз бо шумо дар бораи вазифаҳои афзалиятноке, ки барои ба марҳилаи нави рушд баровардани иқтисодиётамон дар пеш истодаанд, суҳбат кардем.
Як чизро бидонед: мо халқи 40-миллионнафара ҳастем. Барои боз ҳам беҳтар намудани зиндагии мардумамон, бояд рушди баланди иқтисодиро дар сатҳе нигоҳ дорем, ки аз имрӯза кам набошад. Имсол мо ҷиҳати аз 180 миллиард доллар зиёд кардани ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва аз 40 миллиард доллар бештар намудани содирот пеши худ нақшаҳои бузург гузоштаем.
Бо ин мақсад, мо минбаъд низ аз фароҳам овардани тамоми шароити зарурӣ барои соҳибкоронамон ҷиҳати зиёд кардани ҷойҳои кории сердаромад, баланд бардоштани арзиши иловашуда ва ҳарчи фаъолтар ворид гардидан ба бозорҳои хориҷӣ бознамеистем.

Дар навбати худ, соҳибкорони мо низ бояд нуқтаҳои нави рушдро пайдо намуда, бояд ба сӯи ғояву технологияҳои нав, маҳсулот ва бозорҳои нав ҳаракат кунанд.

Барои ин: агар соҳибкорони тошкандӣ, соҳибони корхонаҳо дар атрофи ташаббуси «мо танҳо барои бозори хориҷӣ, барои содирот кор мекунем» муттаҳид шуда, ба корҳои амалӣ шурӯъ кунанд, медонед, ки чӣ гуна тағйироти бузург ба амал меояд!

Соҳибкорони Андиҷон, Фарғона ва Намангон агар дар соҳаҳои нассоҷӣ ва мошинсозӣ бо бозори дохилӣ ё содироти ашёи хом маҳдуд нашуда, истеҳсолоти дорои занҷири пурраро васеъ кунанд, чӣ қадар арзиши иловагӣ офарида мешавад. Бовар дорам, ки онҳо аз уҳдаи ин кор мебароянд!

Дар Самарқанд, Бухоро ва Хоразм барои ба майдони имкониятҳои нав табдил додани сайёҳӣ ва индустрияи эҷодӣ, кашфи брендҳои байналмилалӣ дар соҳаи агросаноатӣ, иқтидори бузурги истифоданашуда мавҷуд аст. Инро бояд пурра истифода бурд!

Дар Навоӣ ва вилояти Тошканд корхонаҳои соҳаҳои кӯҳкорӣ, металлургия ва химияи донишбунёд муттаҳид шаванд, олимон ва истеҳсолкунандагон даст ба даст дода кор кунанд! Он гоҳ ин минтақаҳо барои тамоми саноати мо ба пойгоҳи бузурги ашёи хом табдил меёбанд.

Агар Қашқадарё ва Сурхондарё дар соҳаҳои агросаноат ва кимиёи нафту саноат аз фурӯши оддии ашёи хом даст кашида, дарозтарин ва сердаромадтарин занҷири истеҳсоли маҳсулоти тайёрро эҷод кунанд – дар иқтисодиёт чӣ гуна рушди бузург хоҳад шуд!
Қароқалпоқистониҳо энергетикаи «сабз», IT ва зеҳни сунъиро ба драйвери иқтисодӣ табдил диҳанд, технологияҳои асри нав маҳз дар ҳамин ҷо бунёд мешаванд. Ба ҳаёти ҳазорон ҷавонон, фаъолияти соҳибкорони мо мазмуни нав ворид мегардад.

Дар Ҷиззах ва Сирдарё дар соҳаҳои автомобилсозӣ, электротехника ва истеҳсоли масолеҳи сохтмон низоми аз ҳама пуриқтидори кластериро таъсис медиҳем. Соҳибкорони мо бояд соҳиби арзиши аслии пасттарин ва технологияҳои пешрафта бошанд, то дар ҷаҳон рақобат карда тавонанд.

Ин – бартарии мо дар саноат хоҳад буд.
Дар чунин ҳол барои дар хориҷ кор кардани мардуми мо дигар зарурате намемонад, онҳо дар худи кишварамон соҳиби даромади баланд мешаванд, соҳибкорони Ӯзбекистони Нав ба марҳилаи нави рушд мебароянд.
Боварии комил дорам, ки барои ин ҳам неру, ҳам имконият ва ҳам иқтидори мо мерасад.
Дӯстони азиз, соҳибкорони муҳтарам!
Имрӯз бо шумо суҳбат карда, ба як чиз боварӣ ҳосил кардам.
Дар кишвари мо насли нави соҳибкороне ташаккул меёбад, ки ба таври муосир фикр мекунанд ва барои васеъ намудани тиҷорати худ ба навоварӣ талош доранд.
Ин бошад, барои оянда ва рушди кишвар қувва ва эътимоди бениҳоят бузург аст.
Ҳеҷ гоҳ аз талош барои пешрафт, рушд, инкишоф ва навоварӣ кардан бознаистед!

Дар пушти шумо ҳамеша давлати қавие қарор дорад, ки шуморо дастгирӣ мекунад, қонуне ҳаст, ки ҳуқуқ ва манфиатҳоятонро ҳимоя менамояд ва Президент ҳаст, ки дар амалӣ намудани ташаббус ва мақсадҳои шумо мутакко мебошад.
Шуморо бори дигар бо Рӯзи соҳибкорон табрик гуфта, ба ҳамаи шумо саломатӣ, дар фаъолияти корӣ пешравӣ ва осудагии оилавиро таманно дорам.
Ҳамеша саломат бошед!

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: