Президенти мамлакат аз Хива ба Урганч бо роҳи нави автомобилӣ баргашт

  • Президенти мамлакат аз Хива ба Урганч бо роҳи нави автомобилӣ баргашт
  • Президенти мамлакат аз Хива ба Урганч бо роҳи нави автомобилӣ баргашт
  • Президенти мамлакат аз Хива ба Урганч бо роҳи нави автомобилӣ баргашт
  • Президенти мамлакат аз Хива ба Урганч бо роҳи нави автомобилӣ баргашт

Пас аз гуфтугӯйи ошкоро бо соҳибкорон дар Хива Президент Шавкат Мирзиёев бо роҳи нави автомобилии пулакии “Урганч – Хива” шинос гардид.

Дар мамлакатамон дар рушди зерсохтори замонавии роҳ, баланд бардоштани суръат ва бехатарии роҳи нақлиёт эътибори алоҳида нигаронда мешавад. Асосҳои ҳуқуқии ташкили роҳҳои пулакии автомобилӣ инчунин дар таҳрири нави Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон “Дар бораи роҳҳои автомобил”, ки 5 августи соли ҷорӣ қабул гаштааст, ҷойгир карда шудааст. Ҳамзамон шарти асосӣ барои ронандагон вуҷуд доштани роҳи бепули алтернатив ба шумор меравад.

Роҳи нави автомобил, ки байни фурудгоҳи Урганч ва шаҳри Хева сохта шудааст, барои таъмини бехатарӣ, ҳаракати босуръат ва роҳати сокинон ва сайёҳон муқаррар гаштааст.

Дар доираи лоиҳа 35 километр роҳи автомобилгард, як нақби зеризаминӣ, 8 путепровод, 15 пул ва 106 иншооти обгузар сохта шудааст.

Агар бо роҳи мавҷуда сафар аз Урганч ба Хева 45-50 дақиқа давом кунад, бо шоҳроҳи нави чортасмагӣ вақти роҳ то 15-17 дақиқа кутоҳ мегардад.

Иқтидори гузаргоҳии роҳ дар шабонарӯзе беш аз 30 ҳазор воситаи нақлиётро ташкил менамояд. Дар шафати он ба вуҷуд овардани объектҳои хидмат ва сервис, ки ба стандартҳои байналхалқӣ ҷавобгӯ мебошад, пешбинӣ гаштааст.

Идора намудани ҳаракати нақлиёт ва низоми пардохт бо мадади усулҳои рақамӣ дар асоси зеҳни сунъӣ ба амал татбиқ мегардад. Барои автомобилҳои сабукрав ва боркаш ва ҳамчунин автобусҳо, имконоти ба таври автоматӣ рӯёндани пардохт ба усули электронӣ бидуни нигоҳ дошдани воситаи нақлиёт пешбинӣ мегардад.

Дар қабати болоии қишри роҳ омехтаи махсуси битуми модификатсияшуда, ки ба иқлими гарм тобовар аст, истифода гаштааст. Ғафсии умумии қабати роҳ 87 сантиметрро ташкил менамояд. Шоҳроҳи нав ба минбаъд тезондан ва баланд бардоштани қулаии алоқа байни Урганч ва Хева ва ҳамчунин ба дараҷаи нав бардоштани зерсохтори нақлиётии минтақа мусоидат менамояд.

Бо ҳамин Президент Шавкат Мирзиёев ташрифи худро ба Хоразм ба поён расонд ва ба Тошканд баргашт.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: