Тӯи суннатии наврасон дар ноҳияи Пешкӯ

  • Тӯи суннатии наврасон дар ноҳияи Пешкӯ
  • Тӯи суннатии наврасон дар ноҳияи Пешкӯ
  • Тӯи суннатии наврасон дар ноҳияи Пешкӯ
  • Тӯи суннатии наврасон дар ноҳияи Пешкӯ
  • Тӯи суннатии наврасон дар ноҳияи Пешкӯ

Дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Қасри "Афшона"-и ноҳияи Пешкӯ бо ташаббуси Маркази хидматҳои иҷтимоии "Инсон" ва ҳокимияти ноҳия тӯйи суннатии 28 нафар фарзандони 24 оилаи камдаромад ва бепарастор баргузор гардид.

Дар маросим мутасаддиёни соҳа, собиқадорони меҳнат, ҳомиён, хешу табори тӯйшавандагон ва фаъолони ҷомеа иштирок карданд. Ба суханбаромадагон дар бораи идома ёфтани анъанаҳои неки халқамон аз қабили некию накӯкорӣ, эҳсону саховат, дастгирии эҳтиёҷмандон, қадршиносӣ бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат ҳарф зада, арзи шукронагӣ намуданд. Маросим бо барномаҳои рангини дилкаши худ ҷозибадор гузашт. Дар фарҷоми чорабинӣ ба наврасони соҳибтӯй туҳфаҳо супорида шуд. Чунин иқдомҳои хайрия дар шаҳру ноҳияҳои вилоят идома доранд.

А. Авезов,
хабарнигори "Овози тоҷик" дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: