Бори аввал дар минтақаи савдои озоди «Маркази байналмилалии савдои Тирмиз» Форуми байналмилалии Ӯзбекистон – Чин баргузор гардид.
Тирмиз, ки дар чорроҳаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ҷойгир аст, аз қадим ҳамчун маркази бузурги тиҷорат, фарҳанг ва тамаддун маъруф мебошад. Ба шарофати мавқеи стратегии худ, он ҳатто пеш аз пайдоиши Роҳи бузурги абрешим яке аз нуқтаҳои муҳими нақлиётӣ ба шумор мерафт.
Алоқаҳои Сурхондарё бо Чин тавассути Роҳи бузурги абрешим аз асри II пеш аз милод густариш ёфтаанд. Дар ин давра савдо, буддоия ва табодули фарҳангӣ рушд карданд. Аз Чин абрешими хом ва матоъи гаронбаҳои абрешимӣ оварда мешуд. Ба Чин бошад, ашёи шишагӣ, ҷавоҳирот ва сангҳои қиматбаҳо фиристода мешуданд. Бостоншиносон муайян кардаанд, ки дар ин сарзамин маҳсулоти ду тамаддун бо ҳам омезиш ёфтаанд.
Дар солҳои охир, ба шарофати эътимоди баланди байни Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, иродаи сиёсии роҳбарони ду кишвар, робитаҳои дӯстии дерина ва муносибатҳои шарикии стратегӣ миёни давлатҳои мо ба марҳилаи нав баромаданд.
Анҷумани бузурге, ки дар Тирмиз баргузор гардид, ҳамчун майдони муҳими муколама барои боз ҳам густариш додани робитаҳои мустақими Сурхондарё бо минтақаҳо ва доираҳои соҳибкории Чин хидмат кард.
Дар форум тақрибан 300 меҳмон аз Чин иштирок намуд. Ҳамчунин соҳибкорон аз Афғонистон даъват шуданд.
Дар доираи форум иштирокчиён аз маҷмааи Ҳаким Тирмизӣ, ёдгориҳои буддоии Файёзтеппа ва Қаротеппа боздид карда, инчунин бо Осорхонаи бостоншиносии Тирмиз, ки дар минтақа ягона аст, шинос шуданд. Дар Донишгоҳи муҳандисӣ ва агротехнологияи Тирмиз имкониятҳои мавҷудаи вилоят дар самти саноати кӯҳкорӣ муаррифӣ гардид.
Пеш аз баргузории ин ҳамоиш дар вилоят бо ширкатҳои чинӣ лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба маблағи 1,2 миллиард доллар таҳия шуданд.
Ин лоиҳаҳо соҳаҳои саноат, нафту газ, энергетика, кишоварзӣ, автомобилсозӣ, робототехника ва автоматизатсия, технологияи инноватсионӣ, хидматрасонӣ, коркарди механикӣ, инчунин таъсиси мактаби касбу ҳунар дар асоси «таҷрибаи Чин» ва рушди соҳаи сайёҳиро фаро мегиранд.
С.Норманӣ,
вилояти Сурхондарё.