Пекин мизбони Бозиҳои ҷаҳонии роботҳои инсонмонанд мешавад

22–26 август дар шаҳри Пекин Бозиҳои дуюми ҷаҳонии роботҳои инсонмонанд (World Humanoid Robot Games) баргузор мешаванд.

Барномаи мусобиқаи имсола 1301 рақобатро дар 51 намуди варзишӣ ва амалӣ дар бар мегирад. Дар он 666 даста ва 2056 робот аз 16 кишвари ҷаҳон иштирок мекунанд. Дар муқоиса бо бозиҳои аввал шумораи дастаҳо 138 фоиз ва теъдоди роботҳо чаҳор баробар афзоиш ёфтааст, хабар медиҳад Kazinform.
Мусобиқаҳо дар варзишгоҳи миллии конкиронӣ «Лентаи ях» дар Пекин баргузор мешаванд.
Ба гуфтаи муовини доимии раиси Кумитаи тадорукот, директори Раёсати иқтисод ва технологияҳои иттилоотии шаҳри Пекин Цзян Гуанчжин, имсол ба барномаи мусобиқа ҷаҳидан ба дарозӣ, вазнбардорӣ, арғамчинкашӣ, тенниси рӯйи миз ва дигар рақобатҳои серҳаракат ворид карда шудаанд.
Ӯ гуфт: «Ин мусобиқаҳо барои сохтори роботҳо ва ҷузъҳои асосии онҳо озмоиши ҷиддӣ хоҳанд буд».
Ҳамчунин, роботҳо дар муҳитҳое санҷида мешаванд, ки то ҳадди имкон ба шароити воқеии корӣ наздиканд. Онҳо вазифаҳои гуногунро дар соҳаҳои саноат, меҳмонхонадорӣ, корҳои хонагӣ, логистика ва дигар бахшҳо иҷро хоҳанд кард.
Барои санҷидани чолокии дастҳои роботҳо низ мусобиқаҳои алоҳида пешбинӣ шудаанд. Аз ҷумла, роботҳо бояд қисмҳои гуногунро ҷамъ ва интиқол диҳанд, корҳои рӯзгорро анҷом диҳанд, дар амалиёти хомӯш кардани сӯхтор ва наҷотдиҳӣ иштирок кунанд, инчунин китобҳоро ҷудо намоянд.
Ба гуфтаи ташкилкунандагон, қисми зиёди қоидаҳое, ки дар ҷараёни мусобиқа таҳия мешаванд, метавонанд дар оянда ба стандартҳои амалии қабули техникии роботҳо табдил ёбанд. Ҳамин тариқ, ин мусобиқаҳо на танҳо барои озмоиши технологияҳои нав, балки барои рушди саноати истеҳсоли роботҳои инсонмонанд низ замина фароҳам меоранд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: