Ба Самарқанд мақоми "Шаҳри ҷаҳонии ҳунармандҳо" дода шуд

  • Ба Самарқанд мақоми
  • Ба Самарқанд мақоми
  • Ба Самарқанд мақоми
  • Ба Самарқанд мақоми
  • Ба Самарқанд мақоми

Дирӯз дар яке аз майдонҳои шафати Регистони шаҳри Самарқанд чорабинии бошукӯҳ баргузор гардид.

Ин чорабинӣ дар пайи Ҷашнвораи байналмилалии “Кашидадӯзии ироқӣ” ва ҷашнвораи миллии “Ҷилои кашидадӯзии абрешим”, воқеъ дар шаҳри бостонии Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарё, дар доираи маросими тантанавии пӯшидашавии ярмаркаи тиҷоратии "ROAD BOZAAR"-и Самарқанд доир гардид. Гуфта шуд, ки дар шаҳри Самарқанд баргузории намоишгоҳи ҳунармандии "Роҳи абрешим" дар арафаи маросими ба ин шаҳр додани мақоми "Шаҳри ҷаҳонии ҳунарманд" сурат гирифт. Ин мақом аз ҷониби Шӯрои ҳунармандии ҷаҳонӣ (WCC) ба шаҳрҳои ҷаҳонии ҳунарманд дода мешавад.

Дар маросими ифтитоҳи он президенти Шӯрои ҷаҳонии ҳунарманд Саъд Ҳанӣ ал-Қаддумӣ, раиси Иттиҳодияи "Ҳунарманд"-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон Р. Мирзоаҳмедов, муовини ҳокими вилояти Самарқанд Р. Қобилов ва ҳокими шаҳри Самарқанд Ф. Умаров иштирок карданд.

Ба гуфтаи иштирокчиёни маросим Шӯрои ҷаҳонии ҳунарманд қаблан ба шаҳрҳои Қӯқанд, Бухоро, Марғилон, Риштон, Шаҳрихон ва Шаҳрисабз  мақоми «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарманд»-ро додааст, ки боиси ифтихору сарфарозиҳо мебошад.

– Ман ба ҳайси Раиси Шурои ҷаҳонии ҳунарманд бори нахуст дар Самарқанд ҳастам. Ин шаҳр таваҷҷӯҳи мардуми оламро ба худ кашидааст ва ба ин далел сайёҳони зиёд аз чаҳор гӯшаи он ба ин шаҳр сафар мекунанд ва бо як олам таассурот ба ақиб бармегарданд. Ҳоло, ки дар як фазои мутантан қарор дорем, аз номи аъзои ҳайати Шурои ҷаҳонии ҳунарманд самимона маъмурият ва бошандагони шаҳри Самарқандро бо мақоми баланд – «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарманд» табрику шодбош мегӯям, – гуфт Саъд Ҳанӣ ал-Қаддумӣ.

Вай изофа намуд, ки пазируфта шудани шаҳрҳои Ӯзбекистон, аз ҷумла Самарқанди куҳанбунёд, имкониятҳои наверо барои сайёҳӣ, сармоягузорӣ ва содироти маҳсулоти ҳунармандии маҳаллӣ ба бозорҳои байналмилалӣ фароҳам меоварад.

Ба гуфтаи раиси Иттиҳодияи “Ҳунарманд”-и ҷумҳурӣ Расулҷон Мирзоаҳмедов  ташкилоти онҳо соли 2019 ба Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандон пазируфта шудааст ва аз ҳамон сол ҳамкориҳо дар заминаҳои мухталиф беш аз пеш бо ин созмон доман фарох мекунанд.

– Бешубҳа, узвияти мо ба ин созмони ҷаҳонӣ барои ҳунармандонамон дари имкониятҳои зиёдро васеъ кушодааст ва онҳо метавонанд дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ, озмунҳои гуногун ва барномаҳои ҳамкорӣ фаъолона иштирок кунанд. Самарқанд ҳафтумин шаҳри  Ӯзбекистон аст, ки ба ин мақоми бонуфуз ноил шуд, – изҳор намуд Р. Мирзоаҳмедов.

Ҷаноби Саъд Ҳанӣ ал-Қаддумӣ дар доираи ин ташриф бо мақомоти вилояти Самарқанд низ дидору гуфтугӯ анҷом дод. Дар мулоқот масъалаҳои рушди бахши ҳунармандӣ, ҳифзи анъанаҳои миллии ҳунармандӣ ва густариши ҳамкории байналмилалӣ таҳти баррасӣ қарор дода шуд.

Мирасрор АҲРОРОВ,

хабарнигори “Овози тоҷик”.

Шаҳри Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: