Ғолибони ҷашнвора соҳиби мукофот шуданд

Тавре ки қаблан хабар дода будем, рӯзҳои 13-15 августи соли равон дар Шаҳрисабз Ҷашнвораи байналмилалии “Кашидадӯзии ироқӣ” ва Ҷашнвораи миллии “Ҷилои кашидадӯзии абрешим” баргузор гардид.

Дар он дар баробари ҳунармандони маҳаллӣ беш аз 20 нафар ҳунарманд  аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон, Туркия ва Русия бо маҳсулоти кашидадӯзии худ иштирок карданд.

 Ҳайати доварон баъди баррасии корҳои пешниҳодшуда ғолибони озмунҳоро дар чаҳор номинатсия муайян карданд. Аз рӯи номинатсияи "Соҳибкоре, ки бештарин маҳсулоти гулдӯзии абрешимро содир кардааст” ҷойи якумро Санҷар Назаров, ҷойи дуюмро Латиф Садриддинов ва ҷойи сеюмро Мавлуда Ҳамдамова  ишғол карданд.  

 Дар номинатсияи "Ҷавони боистеъдодтарин кашидадӯз” ҷойи аввал ба Паризод Холмуҳаммедова, ҷойи дуюм ба Меҳригул Аманиёзова ва ҷойи сеюм ба Фотима Асадова насиб гардид.  Аз рӯи номинатсияи "Фаъолтарин кашидадӯз, ки шуғли занонро таъмин кардааст", Саодат Файзиева, Дилфуза Раҳмонова  ва Нилуфар Ҷӯраева соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ  гардиданд. Аз рӯи номинатсияи "Беҳтарин вориси сулолае, ки анъанаҳои қадимиро идома медиҳад", номи Дилноза Нарзуллаева, Насиба Исҳоқова ва Санобар Арипова (Ӯзбекистон) ғолиб баромаданд.

 Дар номинатсияи озмуни байналмилалии «Кашидадӯзе, ки машҳуртарин бренди миллиро офаридааст», ҷойи аввал насиби Мунира Оқилова (Тоҷикистон), ҷойи дуюм насиби Саодат Низомова (Ӯзбекистон) ва ҷойи сеюм насиби Лейлӣ Ҳаитова (Туркманистон) гардид.  Ба ҳамаи ғолибон сертификат ва мукофотҳои пулӣ супурда шуд. 

Мирасрор АҲРОРОВ,

хабарнигори “Овози тоҷик”.

Шаҳри Шаҳрисабз.

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: