OpenAI версияи махсуси ChatGPT-ро барои наврасон ба кор даровард

OpenAI барои корбарони аз 13 то 17-сола версияи махсуси чатботи ChatGPT for Teens-ро ба кор даровард, ки дар он чораҳои бехатарӣ пурзӯр карда шудаанд.

Дар версияи нав нисбат ба муҳтавои марбут ба худосебрасонӣ, инчунин муносибатҳои ошиқона ва ҷинсӣ маҳдудиятҳои иловагӣ ҷорӣ шудаанд. Система ҳамчунин набояд дар наврас чунин тасаввуротро ба вуҷуд орад, ки гӯё чатбот нисбат ба ӯ эҳсосоти шахсӣ дошта, соҳиби шуур ё ҳиссиёт аст.
Ба гуфтаи OpenAI, агар система муайян кунад, ки корбар аз 18-сола хурд аст ё худи корбар нишон диҳад, ки синнаш аз 13 то 17 сол мебошад, ҳисоби ӯ ба таври худкор ба версияи ChatGPT for Teens гузаронида мешавад.
Таҳиягарони барнома ҳамчунин ба истифодаи зеҳни сунъӣ бо ҳадафҳои таълимӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир кардаанд. ChatGPT барои наврасон ба ҷойи пешниҳод кардани ҷавобҳои тайёр ё иҷрои вазифаҳо бояд ба хонандагон дар мустақилона пайдо кардани роҳи ҳалли масъала ва беҳтар дарк кардани маводи таълимӣ кумак кунад.
Ҳамзамон, барои назорати волидайн низ воситаҳои махсус пешбинӣ шудаанд. Волидон метавонанд тавассути пайваст кардани ҳисобҳои корбарон вақти «оромӣ»-ро муайян кунанд, ки дар давоми он наврас наметавонад аз ChatGPT истифода барад. Агар система сатҳи баланди хатарро муайян кунад, волидон дар бораи масъалаҳои марбут ба амнияти фарзандашон огоҳинома мегиранд. Барои фаъол кардани назорати волидайн розигии худи наврас низ зарур аст.
Ба таъкиди агентӣ, ин чораҳо дар ҳоле ҷорӣ мешаванд, ки нигаронии волидон, омӯзгорон ва мутахассисон аз муносибати наврасон бо чатботҳои зеҳни сунъӣ, аз ҷумла хатари вобастагии эҳсосӣ ба онҳо, рӯз ба рӯз бештар мешавад, хабар дод Kazinform.
Тибқи таҳқиқоти созмони Common Sense Media, ки соли 2025 анҷом дода шудааст, беш аз 70 дарсади наврасон дар Иёлоти Муттаҳида барои муошират аз чатботҳои зеҳни сунъӣ истифода кардаанд.
OpenAI таъкид кардааст, ки версияи нави ChatGPT барои наврасон ба фароҳам овардани муҳити мувофиқ ба синну сол равона шудааст, то онҳо тавонанд аз зеҳни сунъӣ барои омӯзиш ва рушди қобилияти тафаккури интиқодӣ истифода баранд ва ҳамзамон чораҳои қатъии амниятӣ тақвият дода шаванд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: