Интиқоли хонандагон ба мактабҳои махсус: қабули дархостҳо оғоз шуд

Дирӯз қабули дархостҳо барои интиқоли хонандагони мактабҳои махсус аз як минтақа ба минтақаи дигар оғоз гардид.

Дархостҳо барои интиқоли хонандагоне, ки дар семоҳаи аввали соли таҳсили 2026–2027 дар мактабҳои махсус таҳсил мекунанд, то 27 август тавассути платформаи transfer.piima.uz ба таври электронӣ қабул карда мешаванд.
Дархостро падару модар ё намояндаи қонунии хонанда тавассути платформаи мазкур ирсол менамояд. Пас аз анҷоми муҳлати қабули дархостҳо, муроҷиатҳо дар давоми 10 рӯзи корӣ баррасӣ гардида, натиҷа тавассути платформа ирсол карда мешавад.
Ҳангоми пешниҳоди дархост маълумоту ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешаванд:
ному насаб ва рақами телефони падару модар ё намояндаи қонунии хонанда;
сабаби интиқоли хонанда;
ному насаби хонанда, силсила ва рақами шаҳодатномаи таваллуд;
маълумот дар бораи мактабе, ки хонанда дар он таҳсил мекунад, синфу самти таҳсил, инчунин мактабе, ки ба он кӯчонидани хонанда дар назар аст;
нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи асоси интиқол дар шакли PDF.

Агар падару модари хонандаи мактаби махсус, ки дар ташкилоти давлатӣ кор мекунад, барои идомаи фаъолият ба минтақаи дигар гузаронида шуда бошад, хонанда дар сурати мавҷуд будани ҷойи холӣ метавонад ба мактаби махсуси минтақаи дахлдор интиқол дода шавад.
Зикр кардан ба маврид аст, ки интиқоли хонандагон ба синфҳои дахлдори мактабҳое, ки имсол қабули хонандагонро эълон кардаанд, имконнопазир аст. Агар хонандаи ба чунин синф қабулшуда таҳсилро идома надиҳад, ба ҷойи ӯ довталабе пешниҳод карда мешавад, ки аз рӯи натиҷаҳои имтиҳони дохилшавӣ холҳои баландтарини навбатиро ба даст овардааст.
Пас аз ирсоли дархост калимаи калидие, ки ба таври худкор пешниҳод мешавад, бояд нигоҳ дошта шавад. Бо истифода аз он метавон ҳолати дархостро пайгирӣ кард. Дар сурати пурра пешниҳод нашудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ, дархост метавонад рад карда шавад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: