Оё шумо ҳаёти худро ба ChatGPT бовар мекунед?

Имрӯз технологияҳои зеҳни сунъӣ, бахусус ChatGPT, дар соҳаҳои гуногун ба таври васеъ истифода мешаванд. Аз ҷумла, муроҷиати корбарон ба он барои гирифтани маълумоти тиббӣ ва вобаста ба саломатии инсон ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.

Ин раванд дар баробари кӯмакҳои муайян, гоҳе метавонад боиси нофаҳмиҳо низ гардад. Бархе одамон ChatGPT-ро ҳамчун манбаи зуддастраси иттилоот ва воситаи роҳнамоии ибтидоӣ қабул мекунанд, дигарон бошанд, бар ин назаранд, ки дар сурати нодуруст дарк ё истифода шудани тавсияҳои тиббии он, метавонад хатари ҷиддӣ ба миён ояд.

Аз ин рӯ, ҳолатҳо ва мушоҳидаҳои воқеии марбут ба истифодаи ChatGPT дар амалияи тиббӣ имрӯз таваҷҷуҳи ҷомеаро ба худ ҷалб мекунанд. Бо мақсади равшанӣ андохтан ба ин масъала аз нуқтаи назари тиббӣ, аз духтури Маркази ҷумҳуриявии махсусгардонидашудаи илмӣ-амалии тиббии онкология ва радиология Тӯйчиев Анвар Пардабаевич хоҳиш кардем ба саволҳои мо посух диҳад.

– То имрӯз дар раванди фаъолияти амалии худ ба як қатор ҳолатҳои ҷолиби марбут ба зеҳни сунъӣ, аз ҷумла ChatGPT, рӯ ба рӯ шудаем. Бархе беморон нишонаҳои дар худ мушоҳидакардаашонро ба зеҳни сунъӣ менависанд ва талош мекунанд, ки дар бораи онҳо маълумот ё шарҳ гиранд. ChatGPT бошад, дар асоси маълумоти пешниҳодшуда таҳлили умумӣ ва эҳтимолии ҳолати тиббиро пешниҳод карда, одатан тавсия медиҳад, ки шахс ба духтур муроҷиат кунад ё аз ташхисҳои иловагӣ гузарад. Дар баъзе ҳолатҳо маҳз ҳамин тавсияҳо боис шудаанд, ки беморон аз муоинаи тиббӣ гузашта, бемориашон дар марҳилаи барвақт ошкор гардад.

Аммо бояд махсус таъкид кард, ки чунин мисолҳо барои ҳамчун воситаи мутлақи ташхис ва ҷойгузини табиб қабул кардани ChatGPT асос шуда наметавонанд. Зеҳни сунъӣ мутахассисе нест, ки қарорҳои тиббӣ қабул кунад, балки низоми ёрирасонест, ки дар асоси маълумоти мавҷуда шарҳи умумӣ ва тавсияҳои роҳнамо пешниҳод мекунад.

Дар вақтҳои охир ҳолатҳои истифодаи нодурусти зеҳни сунъӣ дар соҳаи тиб низ ба назар мерасанд. Баъзе корбарон тавсияҳои тиббии гирифтаашонро бе санҷиши зарурӣ қабул намуда, ба худмуолиҷа даст мезананд, ки дар натиҷа метавонад ҳолатҳои номатлуб ва ҳатто хатарнок ба миён ояд.

Аз ин рӯ, мутахассисон таъкид мекунанд, ки ҳар гуна тавсияҳои пешниҳодкардаи зеҳни сунъӣ бояд танҳо ҳамчун маълумоти иловагӣ қабул карда шаванд. Қарорҳои асосии тиббӣ бошад, ҳатман бояд пас аз машварат бо духтур қабул карда шаванд.

Имрӯз зеҳни сунъӣ дар соҳаи тиб ҳамчун воситаи ёрирасон истифода мешавад. Он метавонад дар таҳлили маълумот, муайян кардани самтҳои эҳтимолии ташхис ва роҳнамоӣ намудани бемор ба мутахассиси дахлдор муфид бошад. Аммо бо дарназардошти он ки организми ҳар як инсон хусусиятҳои хоси худро дорад, ташхиси ниҳоӣ ва тарзи табобатро танҳо духтур муайян мекунад.

Бо итминон метавон гуфт, ки зеҳни сунъӣ метавонад дар соҳаи тиб ёвари муфид бошад, аммо ҳеҷ гоҳ ҷойи духтурро гирифта наметавонад. Роҳи дурусттарини истифодаи он ин аст, ки ҳамчун манбаи иловагии иттилоот ба кор бурда шавад ва тамоми қарорҳои тиббӣ дар асоси тавсияҳои мутахассис қабул карда шаванд.

Таҳияи Дилдора ДӮСМАТОВА
Ishonch.uz

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: