Соли нави таҳсил кай оғоз мешавад?

Дар соли таҳсили 2026–2027 санаи оғози машғулиятҳо дар литсейҳои академӣ, техникумҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ муайян гардид.

 Дар ин бора Вазорати таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсия хабар дод.
Тибқи маълумоти вазорат, дар литсейҳои академӣ ва техникумҳо машғулиятҳои соли нави таҳсил аз 2 сентябр оғоз мешаванд.
Дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ бошад, раванди таълим вобаста ба зинаи таҳсил аз санаҳои зерин ба роҳ монда мешавад:
барои донишҷӯёни курси якум — аз 7 сентябр;
барои донишҷӯёни курси дуюм ва курсҳои болоӣ — аз 14 сентябр.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: