Дар Тошканд таъсиси Коллеҷи байналмилалии бисёрсоҳаи Чин ба нақша гирифта шудааст, ки дар он мутахассисони зинаи миёнаи касбӣ мутобиқ ба талаботи ширкатҳои бузурги автомобилсозии Чин омода карда мешаванд.
Лоиҳа дар ҳамкорӣ миёни Агентии таҳсилоти касбӣ ва ширкати «China Oriental Education Holdings» амалӣ хоҳад шуд.
Дар коллеҷ мутахассисон бо дарназардошти талаботи ширкатҳои автомобилии Чин, аз ҷумла BYD, Chery ва JAC, омода карда мешаванд. Ҳамчунин барои донишҷӯён имкони ба даст овардани таҷрибаи амалӣ дар корхонаҳо фароҳам оварда мешавад.
Дар баробари ин, барои омӯзгорони маҳаллӣ дар Чин курсҳои такмили ихтисос ташкил карда мешаванд. Ба раванди таълим мутахассисони маҳаллӣ ва хориҷӣ ҷалб хоҳанд шуд.
Таҳсил дар шаклҳои рӯзона, ғоибона ва дуалӣ, бар асоси шартномаи пулакӣ ба роҳ монда мешавад.
Хатмкунандагони коллеҷ соҳиби дипломи таҳсилоти касбӣ, ки дар Ӯзбекистон эътироф мешавад, инчунин сертификатҳои байналмилалӣ хоҳанд шуд.