Оё метавонед як рӯзи худро бе телефон тасаввур кунед? Бе интернет чӣ? Зиндагӣ бе телевизор, барқ, мағоза, мактаб ва ҳатто беморхона бошад, шояд тасаввураш боз ҳам душвортар бошад. Аммо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра минтақаҳое ҳастанд, ки мардумашон то ҳол қариб пурра аз тамаддуни муосир ҷудо зиндагӣ мекунанд.
Гарчанде баъзе аз онҳо дар ҳамон асри мо зиндагӣ доранд, тарзи ҳаёташон тамоман дигар аст. Барои онҳо ҷангал хона, дарё роҳ ва табиат манбаи асосии рӯзгор ва зинда мондан аст. Ҷолибтар аз ҳама, баъзе аз ин халқҳо умуман намехоҳанд бо ҷаҳони беруна робита дошта бошанд.
Халқе, ки дар ҷазираи асроромез зиндагӣ мекунад
Дар уқёнуси Ҳинд, дар ҳайати ҷазираҳои Андаман, ки ба Ҳиндустон тааллуқ доранд, ҷазираи Шимолии Сентинел ҷойгир аст. Дар ин ҷазира сентинелиҳо зиндагӣ мекунанд — яке аз халқҳое, ки бо ҷаҳони беруна камтарин робита доранд.
Шумораи дақиқи онҳо низ маълум нест. Маълумоти мавҷуда асосан бар мушоҳидаҳои фосилавӣ ва баъзе сабтҳои таърихӣ асос ёфтааст. Забони онҳоро низ боэътимод ба ягон забони дигари ҷаҳон нисбат додан душвор аст. Ҳатто дар бораи ҳаёти ҳаррӯзаи онҳо маълумоти хеле кам мавҷуд аст.
Аммо як чиз равшан аст: онҳо намехоҳанд бегонагон ба қаламравашон ворид шаванд. Ҳукумати Ҳиндустон ҷазираи Шимолии Сентинел ва минтақаи баҳрии панҷкилометраи атрофи онро ҳудуди муҳофизатшавандаи қабилавӣ эълон кардааст. Вуруди бегонагон ба ин минтақа манъ аст.
Ин маҳдудият танҳо барои ҳифзи сентинелиҳо ҷорӣ нашудааст. Бемориҳои оддӣ, ки аз ҷаҳони беруна ворид мешаванд, масалан зуком ё сурхча, метавонанд барои онҳо хатари ҷиддӣ дошта бошанд. Зеро одамоне, ки муддати тӯлонӣ дар инзиво зиндагӣ мекунанд, метавонанд ба баъзе бемориҳои сироятӣ масунияти кофӣ надошта бошанд.
Оё онҳо воқеан «одамхӯранд»?
Яке аз афсонаҳои маъмул дар бораи сентинелиҳо ин аст, ки онҳо одамхӯранд. Аммо далели боэътимоде, ки ин иддаоро тасдиқ кунад, вуҷуд надорад.
Дар бораи муносибати шадиди онҳо ба бегонагон маълумот мавҷуд аст. Масалан, соли 2018 миссионери амрикоӣ Ҷон Аллен Чау, ки пинҳонӣ ба ҷазира ворид шуда буд, аз ҷониби сентинелиҳо кушта шуд. Соли 2025 низ як шаҳрванди дигари ИМА барои ворид шудан ба ҷазира ва кӯшиши барқарор кардани робита бо онҳо боздошт гардид.
Аммо ин ҳодисаҳо худ аз худ маънои онро надоранд, ки сентинелиҳо одамхӯранд.
Мардуме, ки дар дили Амазонка зиндагӣ мекунанд
Қисми зиёди халқҳои дар инзиво зиндагикарда дар ҷангалҳои Амазонкаи Амрикои Ҷанубӣ ба сар мебаранд. Дар минтақаҳои дурдасти Перу халқи Машко-Пиро зиндагӣ мекунад, ки аз робитаи доимӣ бо ҷаҳони беруна худдорӣ менамояд. Онҳо яке аз бузургтарин халқҳои маҳаллии маълуми дар инзиво(гӯшанишинӣ) зиндагикарда ба шумор мераванд.
Машко-Пиро дар қаъри ҷангал зиндагӣ мекунанд. Онҳо вобаста ба фасли сол дар соҳили дарёҳо паноҳгоҳҳои муваққатӣ месозанд, моҳӣ мегиранд, шикор мекунанд ва мева, чормағз, реша ва дигар ғизоҳои табииро ҷамъ меоранд.
Зиндагии онҳо аз он чизе, ки мо «ҳаёти ибтидоӣ» меномем, хеле мураккабтар аст. Зеро барои зинда мондан дар ҷангал дониши амиқи табиат зарур аст: кадом гиёҳро метавон хӯрд, обро аз куҷо пайдо кардан мумкин аст, кадом ҳайвонро кай бояд шикор кард ва кадом роҳ бехатар аст — ҳамаи ин донишҳо аз насл ба насл мегузаранд.
Дар ҷангалҳои тропикии душворгузари Бразилия, Перу ва Колумбия низ чандин гурӯҳи маҳаллӣ зиндагӣ мекунанд, ки бо ҷомеаи беруна робитаи доимӣ надоранд. Масалан, дар Бразилия мавҷудияти гурӯҳи Каваҳива, ки дар инзиво зиндагӣ мекунад, сабт шудааст. Онҳо дар қаъри ҷангал ҳаракат мекунанд, бо шикор ва ҷамъоварии ғизо рӯз мегузаронанд ва ҳангоми наздик шудани бегонагон кӯшиш мекунанд нишонаҳои худро пинҳон созанд.
Олимон дар бораи баъзе аз ин халқҳо на тавассути робитаи мустақим бо худи онҳо, балки аз рӯйи осори боқимонда дар ҷангал, паноҳгоҳҳои муваққатӣ, ашёи партофташуда ё тасвирҳои аз ҳаво гирифташуда маълумот ҷамъ мекунанд.
Дар ҷангалҳои Папуа низ «ҷаҳони ношинос» вуҷуд дорад
Минтақаи дигари ҷолиб қисми ғарбии ҷазираи Гвинеяи Нав — Папуаи Ғарбӣ аст, ки ба Индонезия тааллуқ дорад. Дар ин ҷо ба далели кӯҳҳо ва ҷангалҳои ниҳоят зичи тропикӣ баъзе гурӯҳҳои маҳаллӣ бо ҷаҳони беруна хеле кам робита доранд. Муҳаққиқон таъкид мекунанд, ки маълумот дар бораи онҳо бисёр маҳдуд аст.
Шумораи дақиқи гурӯҳҳои дар инзиво зиндагикарда дар Папуаи Ғарбӣ низ маълум нест. Зеро ошкор кардани маҳалли зист ва шумораи дақиқи онҳо метавонад худ ба онҳо зарар расонад.
Дар ин минтақаҳо низ сабабҳои худро аз ҷаҳони беруна дур нигоҳ доштани мардум вуҷуд дорад. Дар тӯли таърих аҳолии маҳаллӣ ба хушунат, бемориҳо ва дахолати бегонагон ба заминҳояшон рӯ ба рӯ шудаанд.
Аз ин рӯ, андешаи «онҳо аз тамаддун қафо мондаанд» метавонад якҷониба бошад. Баръакс, барои баъзе халқҳо зиндагӣ дар инзиво роҳи ҳифзи худ ва зинда мондан будааст.
Оё онҳо аз тамаддун мегурезанд?
Ҷолиб он аст, ки баъзе аз ин халқҳо танҳо «аз ҷаҳони муосир ҷудо мондаанд» не, балки шояд қасдан аз он масофа мегиранд. Таърихи Машко-Пиро барои дарки ин масъала кӯмак мекунад.
Дар охири асри XIX, замоне ки дар Амазонка барои ба даст овардани каучук муборизаи шадид идома дошт, халқҳои маҳаллӣ ба хушунат, ғуломӣ ва куштор дучор мешуданд. Бархе аз ниёгони Машко-Пиро ба минтақаҳои боз ҳам дурдасттари ҷангал ақибнишинӣ карда, худро аз ҷаҳони беруна дур сохтаанд.
Аз ин рӯ, имрӯз гурехтани онҳо аз бегонагон на танҳо нишонаи «бехабарӣ аз тамаддун», балки метавонад натиҷаи хотираи таърихӣ ва як роҳи зинда мондан бошад.
Мо дар бораи онҳо хеле кам медонем
Чаро мо дар асри XXI зиндагӣ карда, дар бораи онҳо то ҳол ин қадар кам маълумот дорем? Онҳо бо кадом забон ҳарф мезананд? Шумораи дақиқи онҳо чанд нафар аст? Кадом расму оинҳоро доранд? Ба чӣ бовар мекунанд? Ҷаҳонро чӣ гуна тасаввур менамоянд?
Бисёре аз ин саволҳо ҳанӯз беҷавобанд. Ва шояд ҳамин тавр боқӣ мондани онҳо ҳам дуруст бошад. Зеро дар рӯйи Замин ҷойҳое ҳастанд, ки мо онҳоро дар харита мебинем, аммо ҳақ надорем ба зиндагии сокинонашон дахолат кунем.
Онҳо одамони аз мо ақибмонда нестанд. Онҳо танҳо халқҳое ҳастанд, ки ҳуқуқи ба тарзи худ зиндагӣ карданро ҳифз кардаанд.
Холида Эгамбердиева омода кардааст.