Мусаввире аз диёри зебо

Соли 1954, бо фарорасии баҳори хуррам дар деҳаи Чодаки ноҳияи Попи вилояти Намангон, дар манзили Лутфуллои коргар ва ҳамсараш Оламбибӣ кӯдак ба дунё омад, ки ӯро бо умеди калон Эвадулло номиданд.

Эвадулло таҳсилро дар мактаби миёнаи ба номи Садриддин Айнии деҳа ба охир расонд. Ҳанӯз дар даври мактабӣ баробари дигар фанҳо ба сураткашӣ завқи беандоза дошт. Суратҳои кашидаи ӯ дар дарсҳо чун ашёи аёнӣ хидмат мекарданд.

Баъди хидмати дусолаи аскарӣ соли 1975 факултаи графикаи бадеии Донишкада (Донишгоҳи кунунӣ)-и давлатии омӯзгории Тошканд ба номи Низомиро ҳам хатм кард. Дар ин ҷо чанд фурсат ба донишҷӯён аз сураткашӣ сабақ дод. Баробари ин таҷрибаи сураткашӣ ва дараҷаи дониши худро баланд бардошт. Корҳои эҷодиашро бо маслиҳату роҳнамоиҳои олими санъатшинос Неъмат Абдуллоев ва дотсент, рассоми плакатнавис Николай Тен пеш бурд. Бо плакатнависӣ машғул гашт.

Ӯро мавзуи ҳимояи табиат ба худ ҷалб кард, вай ин масъаларо бағоят зарур мешуморад. Ҳифзи на танҳо олами наботот, балки олами паррандагону ҳайвонот, софии ҳаво ва обро муҳим меҳисобад. Ба жанри тасвири симо низ муроҷиат карда, суратҳои устодон Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишери Навоӣ, Садриддин Айнӣ, ки мактаби деҳаашон ба номи ӯст, кашидааст. Дӯстии  халқҳои тоҷику ӯзбекро ташвиқ карда, суратҳои якҷояи Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоиро офарид. Чанде аз асарҳояш ба мушкилоти ҳалталаби баҳри Арал бахшида шудаанд.

Эвадулло Абдуллоев аз ибтидои солҳои ҳаштодум дар намоишгоҳҳои умумииттифоқӣ ва ҷаҳонӣ иштирок мекунад. Дар Хонаи эҷодии Академияи санъати СССР, воқеъ дар шаҳри Юрмалаи Ҷумҳурии Литва ихтисоси худро такмил дод. Дар ҷараёни хониш чанде аз асарҳояшро ба итмом расонид.  Намунаҳое аз он осор дар намоишгоҳҳои ҷумҳурӣ ва умумииттифоқӣ баҳои баланд гирифтанд.

Плакатофарӣ жанри хос аст. Он воқеаҳои ҷаҳон, дигаргуниҳои табиат, мушкилоти инсоният ва тағйироти муҳитро дар худ акс намуда, онҳоро ба оммаи васеъ тарғиб менамояд. Ин буд, ки дар озмуни ҷумҳуриявии «Экология» асараш «Арал» бо дипломи дараҷаи аввал тақдир гардид. Дар озмуни умумииттифоқӣ картинаи ӯ таҳти унвони «Корнокарда – намехӯрад» бо дипломи дараҷаи дуюм мукофотонида шуд. Дар қувваозмоии эҷодии «Маърифат алайҳи ҷаҳолат» соҳиби ҷоизаи дараҷаи якум гардид.

Дар озмун дар Олмон таҳти унвони «Нест бод терроризм!» Абдуллоев ҷойи дувумро ишғол карда, соҳиби ҷоиза шуд ва дар хориҷи кишвар ном баровард.

Як қатор асарҳои Абдуллоев дар телевизиони ҷумҳурӣ  намоиш дода шудаанд. Қисми дигар дар матбуоти даврӣ чоп ва интишор гаштаанд. Дар мусавваддаи нашри Маскав «Мо ва бозсозӣ» ду асари рассом дастраси санъатдӯстон шуданд, ки мавзӯъҳои баҳри Арал ва оқибати ҷанги шаҳрвандии афғонро дар бар мегиранд.
Моҳи майи соли 2022 дар Корвонсаройи байналхалқии маданияти Тошканд – Икуо Хираяма ба муносибати 30-юмин солгарди фаъолияти сафоратхонаи Тоҷикистон дар Ӯзбекистон намоишгоҳи эҷодии Абдуллоев баргузор гардид.

Дар Нигористони шаҳри Намангон низ намоиши асарҳои ин рассоми боиқтидор таҳти унвони «Экология ва сулҳ – гарави рушди Ватан» барпо гашт. Дар он раиси Иттиҳодияи рассомони Ӯзбекистон Акмал Нур, собиқ Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, шахсони расмӣ, меҳмонон ва бинандагони сершумор ҳозир буданд. Он ҳам барои мусаввир ва ҳам барои  ҳамкасбону муштариён фаромӯшнашаванда гардид.

Фаъолияти эҷодии Абдуллоев ҳеҷ гоҳ аз кор ҷудо набуд. Чандин сол ӯ рассом-тарроҳи Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Чотқол»-и назди Комбинати истихроҷи тиллои Олтинкон ва омӯзгору мудири кафедраи  коллеҷи касбу ҳунари кӯҳӣ-металлургии Поп ҳам буд. Дар давоми фаъолияташ шогирдонро ба олимпиадаҳои фаннии марҳилаҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ омода кард. Дар озмунҳои фаннии коллеҷ бошад, аз доварони боэътимод буд. Шогирдонаш дар намоишгоҳҳои вилоятии «Устоду шогирд» ва озмунҳои Академияи санъати ҷумҳурӣ таҳти мавзӯъҳои «Садои фардо», «Меъморӣ ва манзара», «Оқибати издивоҷи бармаҳал» ва «Мубориза бар зидди савдои одам» иштироки фаъолона доранд.

Вай барандаи нишони хотиравии «Яксолагии истиқлоли Ҷумҳурии Ӯзбекистон» аст, бо ифтихорномаю дипломҳои зиёд мукофотонида шудааст. Абдуллоев узви Академияи бадеии Ӯзбекистон, Иттиҳодияи санъати эҷодии ҷумҳурӣ мебошад.

Рассоми плакатнавис, муаллифи сурату картинаҳои зиёд Эвадулло Абдуллоев, ки борҳо соҳиби ҷоиза шудааст, меарзад ба ягон мукофоти давлатӣ пешбарӣ гардад.
Рассоми эҷодкор бо ҳамсараш Бибифотима соҳиби чор духтару ҳафт набера мебошад. Ӯ ба баҳори 74-умини умраш қадам гузошт. Мо ба ӯ баракати умру самари бештари эҷодиро таманно дорем.

 

Ш. МИРЗОЕВ.

Вилояти НАМАНГОН.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: