«Шабакаи ҳушманд» — Smart Grid ҷорӣ мешавад

  • «Шабакаи ҳушманд» — Smart Grid ҷорӣ мешавад
  • «Шабакаи ҳушманд» — Smart Grid ҷорӣ мешавад
  • «Шабакаи ҳушманд» — Smart Grid ҷорӣ мешавад

— Дар вилояти Фарғона таҷрибаи нави рақамӣ барои мониторинги шабакаҳои барқӣ ҷорӣ карда мешавад. Ин иқдом татбиқи амалии вазифаҳои аз ҷониби Президенти кишвар оид ба рақамикунонии низоми энергетика ва густариши истифодаи технологияҳои муосир муайяншуда мебошад, — мегӯяд роҳбари хадамоти иттилоотии Шабакаҳои барқи вилояти Фарғона Абдувоҳид Турдиев.

Аз ҷумла, дар хати интиқоли барқи 10 кВ-и «Шифохона»-и ноҳияи Фарғона дастгоҳи насли нави CBGZ-3000 Digital Fault Indicator Monitoring System насб гардид. Ин технология бори аввал дар Ӯзбекистон ба таври амалӣ мавриди истифода қарор мегирад.
Низоми рақамии мониторинг имкон медиҳад, ки нуқсонҳо дар шабакаи барқӣ зуд ошкор ва маҳалли ҷойгиршавии онҳо муайян карда шавад. Дар натиҷа, гурӯҳҳои таъмириро метавон ҳарчи зудтар ба маҳалли садама равона намуда, нуқсонҳоро бартараф ва таъминоти барқро дар муддати кӯтоҳтар барқарор кард.
Бо ин роҳ вақт, сӯзишворӣ ва захираҳои меҳнатӣ сарфа шуда, ҳаракати воситаҳои нақлиёт низ самараноктар ба роҳ монда мешавад. Коҳиш додани вақти қатъшавии барқ ба таъмини фаъолияти устувори аҳолӣ, муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ, субъектҳои соҳибкорӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар назар аст, ки таҷрибаи дар ноҳияи Фарғона оғозшуда минбаъд дар дигар шабакаҳои барқӣ низ татбиқ гардида, онҳо бар асоси принсипҳои «шабакаи ҳушманд» — Smart Grid рушд дода шаванд.

Муҳаммадҷон Обидов,
Ожонси миллии иттилоотии Ӯзбекистон (ӮзА)

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: