Дар Ӯзбекистон барномаи «Барои 10 ҳазор корхона — ҳамкори зеҳни сунъӣ» роҳандозӣ мешавад. Дар доираи он то 50 фоизи хароҷоти корхонаҳо барои ҷорӣ намудани технологияҳои зеҳни сунъӣ ҷуброн карда мешавад.
Дар ин бора Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев зимни мулоқот бо соҳибкорон хабар дод.
Гуфта шуд, ки дар Маркази идоракунии лоиҳаҳои ҳукумати рақамӣ нахустин кластери суперкомпютерӣ ба фаъолият оғоз кардааст. Қарор аст, соли оянда иқтидори он се баробар афзоиш дода шавад.
Ҳамчунин, барои таҳияи моделҳои зеҳни сунъӣ ва маҳсулоти нав ба соҳибкорон имкони истифодаи ройгони ин суперкомпютер фароҳам оварда мешавад. Хароҷоти корҳои илмию таҳқиқотӣ низ аз ҳисоби буҷет ҷуброн карда хоҳад шуд.
Илова бар ин, барномаҳои омодаи зеҳни сунъӣ, ки барои истифодаи соҳибкорон пешбинӣ шудаанд, дар платформаи кушода ҷойгир карда мешаванд. Барои марҳилаи аввали татбиқи барнома на камтар аз 100 миллион доллар ҷудо карда мешавад.
Таҷрибаи дар соҳаи нассоҷӣ андӯхташуда минбаъд дар соҳаҳои электротехника, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва саноати хӯрокворӣ низ татбиқ хоҳад шуд. Дар корхонаҳои ин соҳаҳо низ 50 фоизи хароҷоти ҷорӣ намудани низомҳои автоматии идоракунӣ ҷуброн карда мешавад.