Ҷавоҳир Синдаров дар Sinquefield Cup мақоми сеюмро гирифт

Гроссмейстери ӯзбекистонӣ Ҷавоҳир Синдаров дар мусобиқаи байналмилалии Sinquefield Cup 2026, ки дар шаҳри Сент-Луиси ИМА баргузор шуд, мақоми сеюмро соҳиб гардид.

Дар ин бора хадамоти матбуоти Федератсияи шоҳмоти Ӯзбекистон хабар додааст.
Дар ин мусобиқа, ки дар он қавитарин шоҳмотбозони ҷаҳон рақобат карданд, Синдаров пас аз анҷоми 9 давр 5 хол ба даст оварда, дар зинаи сеюм қарор гирифт.
«Гроссмейстери ӯзбекистонӣ танҳо дар рақобат бо Уэсли Со ва Рамешбабу Прагнанандҳа натиҷаи дилхоҳ ба даст оварда натавонист ва бо медали биринҷии мусобиқа сарфароз шуд», — омадааст дар хабар.
Ҷавоҳир Синдаров инчунин барои натиҷаи бадастовардааш 42 ҳазору 500 доллар ҷоизаи пулӣ гирифт.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: