Олимони Ҳиндустон доруи наверо таҳия кардаанд, ки танҳо дар дохили ҳуҷайраҳои саратонӣ фаъол мешавад.
Ба гуфтаи Вазорати илм ва технологияи Ҳиндустон, ин дору дар оянда метавонад ба яке аз алтернативаҳои химиотерапияи анъанавӣ табдил ёбад.
Доруи нав бо номи RK-251 аз ҷониби олимони Институти тадқиқоти пешрафта оид ба илм ва технология ва Донишкадаи технологии Ҳиндустон дар шаҳри Гуваҳатӣ таҳия шудааст.
Ба иттилои вазорат, RK-251 як доруи «ҳушманд» буда, барои фаъол шудан дар дохили ҳуҷайраҳои саратонӣ тарҳрезӣ шудааст. Баръакси химиотерапияи маъмулӣ, ки дар баъзе ҳолатҳо ба ҳуҷайраҳои солими бадан низ осеб мерасонад, доруи нав дар бофтаҳои солим фаъол намешавад ва асосан ба ҳуҷайраҳои варам таъсир мерасонад.
Механизми таъсири RK-251 ба сатҳи баланди намудҳои реактивии оксиген дар ҳуҷайраҳои саратонӣ асос ёфтааст. Муҳаққиқон мегӯянд, ки ҳангоми таҳқиқот нишонаҳои назарраси заҳролудшавӣ аз ин дору ошкор нашудаанд. Ин натиҷаҳо барои идомаи омӯзиши бехатарӣ ва самаранокии он замина фароҳам меоранд.
Бо вуҷуди ин, мутахассисон таъкид мекунанд, ки RK-251 ҳоло танҳо дар марҳилаи таҳқиқоти пеш аз клиникӣ қарор дорад. Аз ин рӯ, барои муайян кардани самаранокӣ ва бехатарии он дар табобати беморон таҳқиқоти иловагӣ ва озмоишҳои клиникӣ заруранд.