Дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли кишварамон дар ноҳияи Чортоқ ба оилаҳо калиди хонаҳои замонавӣ дода шуд.
Истиқлолият ифодаи равшани шаъну шарафи инсон, некӯаҳволии оила ва имкониятҳое мебошад, ки барои зиндагии шоиста фароҳам оварда шудаанд. Дар ноҳияи Чортоқ ҷиҳати қонеъ намудани ниёзҳои манзилии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ барои оилаҳо корҳои созандагиву бунёдкорӣ пайваста идома доранд.
Дар арафаи 35-солагии истиқлолиятамон 60 оила соҳиби хонаҳои нави замонавӣ гардиданд. Ин иқдом далели он аст, ки боз як орзуи неки чортоқиён ба шарофати сулҳу субот ва истиқлолияти кишвар амалӣ шуд.
Хушбахтона, корҳои сохтмонӣ бо ин ба охир намерасанд. Танҳо дар соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст, ки боз беш аз 250 оила соҳиби чунин хонаҳои замонавӣ гарданд.
– Ин хона дар арафаи ҷашни истиқлол ба мо туҳфаи арзанда гардид, – мегӯяд яке аз соҳибони хона Гулнора Фозилова. – Имрӯз барои оилаи мо рӯзи фаромӯшнашаванда аст. Орзуи мо ин буд, ки соҳиби хонаи нави замонавӣ шавем. Барои мо боз ҳам хурсандиовар аст, ки 35-солагии Истиқлоли Ватанамонро дар хонаҳои нав таҷлил мекунем. Барои чунин имкониятҳо ба роҳбари давлатамон самимона миннатдорӣ баён менамоем. То он даме ки дар кишварамон сулҳу оромӣ ва ғамхорӣ нисбати мардум ҳукмфармо бошад, чунин корҳои хайр идома хоҳанд ёфт.
Дар ҳақиқат, Истиқлолият на танҳо як сана, балки неъмати бузургест, ки орзуҳои деринаи мардумро амалӣ намуда, ба оилаҳо шодиву сурур ва зиндагии шоиста мебахшад.
Шоҳида ДАМИНОВА,
хабарнигори “Овози тоҷик”дар вилояти Намангон.