Дар шаҳри Тошканд 35 бозори давлатӣ ва маҷмааи савдо барои навсозӣ ба сармоягузорон пешниҳод карда мешаванд. Аммо дар ин раванд ҳеҷ кадом бозор баста намешавад ва фаъолияти худро қатъ намекунад.
Дар ин бора ҳокими шаҳри Тошканд Шавкат Умрзоқов дар мусоҳиба бо Оҷонсии миллии иттилоотии Ӯзбекистон (ЎзА) хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, бозорҳои амалкунанда аз ҷиҳати намуди зоҳирӣ ва модели фаъолияти соҳибкорӣ ба талаботи муосир пурра ҷавобгӯ нестанд.
Барои сармоягузорон се шарти қатъӣ муайян карда мешавад. Онҳо бояд теъдоди муайяни растаҳои савдоро дар шакли муосир бунёд карда, ба давлат супоранд, ҷойҳои кории соҳибкорони амалкунандаро ҳифз намоянд ва таваққуфгоҳи автомобилӣ бо ғунҷоиши кофӣ бунёд кунанд.
Ба сармоягузорон танҳо дар ҳудудҳое, ки самаранок истифода намешаванд, ҳуқуқи сохтмони иншооти савдо, хизматрасонӣ ва фароғатӣ дода мешавад.
Шавкат Умрзоқов таъкид кард, ки таҷрибаи «Экобозор» самаранок будани ин моделро нишон додааст.
Ӯ ҳамчунин ба таҷрибаи байналмилалӣ ишора карда, бозорҳои Markthal дар Роттердам ва Time Out Market дар Лиссабонро мисол овард. Дар ин лоиҳаҳо вазифаи анъанавии бозор нигоҳ дошта шуда, ҳамзамон онҳо ба маконҳои муосир ва серодами ҷамъиятии шаҳр табдил ёфтаанд.
«Бозорҳои мо низ бояд бо нигоҳ доштани муҳити миллӣ маҳз ҳамин тавр рушд кунанд», — гуфт ҳокими шаҳр.
Ҳамин тариқ, ҳадафи асосии навсозии бозорҳо қатъ кардани фаъолияти онҳо нест. Ҳадаф аз нигоҳ доштани фаъолияти соҳибкорони амалкунанда, баланд бардоштани сифати савдо ва хизматрасонӣ, беҳтар намудани муҳити шаҳр ва самаранок истифода бурдани ҳудудҳои бесамар истифодашаванда иборат аст.
Ёдрас мекунем, ки тибқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Тошканд дар солҳои 2026–2027», як қатор бозорҳои пойтахт барои ҷалби сармоягузорон пешниҳод шудаанд.