Президенти Озарбойҷон бо сафари давлатӣ ба Ӯзбекистон меояд

Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев 23–24 август бо сафари давлатӣ ба кишвари мо ташриф меорад.

Дар шаҳри Тошканд баргузории музокироти сатҳи олӣ ва ҷамъомади сеюми Шӯрои олии байнидавлатӣ таҳти раёсати роҳбарони Ӯзбекистон ва Озарбойҷон ба нақша гирифта шудааст.

Дар рӯзномаи ҳамоиш масъалаҳои рушд ва тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Ӯзбекистон–Озарбойҷон ҷой гирифтаанд.

Масоили афзунсозии ҳаҷми гардиши мол, амиқтар намудани ҳамкории байни доираҳои соҳибкорӣ ва минтақаҳо, истифодаи босамари имкониятҳои соҳаи нақлиёту транзит ва идомаи мубодилаи фаъоли фарҳангию гуманитарӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор хоҳанд гирифт.

Сарони давлатҳо инчунин аз рӯйи паҳлуҳои муҳими сиёсати байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуда, масъалаҳои ҳамкориро дар доираи сохторҳои бисёрҷониба муҳокима хоҳанд кард.

Дар анҷоми музокирот имзои бастаи муҳими ҳуҷҷатҳо ва ба кор даровардани як қатор лоиҳаҳои иқтисодиву гуманитарӣ дар назар аст.

Бояд гуфт, ки тӯли ин рӯзҳо дар Ӯзбекистон форуми минтақаҳои ду кишвар ва дигар чорабиниҳои муштарак баргузор мегарданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: