Дар ҳудуди Маркази онкологии Тошканд боғи сабз бунёд мешавад

  • Дар ҳудуди Маркази онкологии Тошканд боғи сабз бунёд мешавад
  • Дар ҳудуди Маркази онкологии Тошканд боғи сабз бунёд мешавад
  • Дар ҳудуди Маркази онкологии Тошканд боғи сабз бунёд мешавад

Дар ҳудуди 4,36 гектарии Маркази шаҳрии онкологии Тошканд, пас аз холӣ кардани биноҳо, бунёди боғи сабз барои истифодаи озоди сокинони шаҳр ба нақша гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, ки шаҳраки ҷавонон, ки дар ин ҳудуд таъсис додани он дар назар аст, ҷойи боғро намегирад ва масоҳати онро коҳиш намедиҳад. Биноҳои мавҷуда нигоҳ дошта шуда, таҷдид мегарданд ва барои мақсадҳои таълимӣ, эҷодӣ ва иҷтимоӣ мутобиқ карда мешаванд.
Дар онҳо марказҳои таълимӣ ва эҷодӣ, китобхона, майдонҳои коворкинг, устохонаҳои симулятсионӣ ва студияҳои стартап ҷойгир карда мешаванд.
Дар доираи лоиҳа сохтмони офисҳои алоҳидаи тиҷоратӣ ё дигар иншооти тиҷоратӣ пешбинӣ нашудааст. Атрофи биноҳо обод ва сабзкорӣ карда мешавад.
Ҳамин тариқ, қисми асосии ҳудуд ҳамчун боғи сабз нигоҳ дошта шуда, биноҳои мавҷуда ба майдонҳои кушоди таълимӣ, эҷодӣ ва иҷтимоӣ барои ҷавонон ва сокинони шаҳр табдил дода мешаванд.
Рендерҳо ва маводи муаррифии симои ояндаи лоиҳа низ ба аҳли ҷомеа пешниҳод шудаанд. Намояндагони ташкилот изҳор доштаанд, ки омодаанд ба саволҳои сокинони шаҳр посухи ошкоро диҳанд ва лоиҳаро бо ҷомеа муҳокима кунанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: