Вохӯриҳои даври 18-уми Суперлигаи Ӯзбекистон ба анҷом расиданд. Дар бозии охирини давр «Навбаҳор» дар майдони худ «Насаф»-ро қабул карда, бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.
Ягона голи вохӯрӣ дар вақти изофаи нимаи аввал ба ҳадаф расид. Дар дақиқаи 45+2-юм футболбози «Насаф» Ғолиб Ғайбуллаев тӯбро тасодуфан ба дарвозаи худ ворид кард ва мизбонон ба пеш баромаданд — 1:0.
Дар дақиқаи 53-юми қисми дуюм футболбози «Навбаҳор» Саидазамат Мирсаидов бо корти сурх аз майдон хориҷ шуд. Бинобар ин, соҳибони майдон қисми зиёди дидорро дар ҳайати даҳнафара идома доданд. Бо вуҷуди ин, футболбозони намангонӣ тавонистанд бартарии ҳадди ақали худро то охири бозӣ нигоҳ доранд.
Ҳамин тариқ, «Навбаҳор» пас аз танаффуси 9-сола дар майдони худ бар «Насаф» пирӯз шуд.