Корхонаи муосир бо занҷири пурраи истеҳсолӣ

  • Корхонаи муосир бо занҷири пурраи истеҳсолӣ
  • Корхонаи муосир бо занҷири пурраи истеҳсолӣ

Дар ҷое, ки илм ҳаст, рушд ҳаст ва дар ҷое, ки меҳнат ҳаст муваффақият ҳаст. Технологияи муосир ба истеҳсолот суръат ва самаранокӣ мебахшад, мутахассиси соҳибихтисос бошад, ба сифати маҳсулот кафолат медиҳад. Дастгирии давлат ғояи соҳибкорро ба лоиҳаи бузург ва меҳнати ӯро ба натиҷаҳои баланд табдил медиҳад.

Мисоли равшани инро дар фаъолияти ҶММ «Avilon Kokand», ки таҳти роҳбарии соҳибкор Иброҳим Инъомҷонов дар шаҳри Қӯқанд фаъолият мекунад, дидан мумкин аст.

Корхона фаъолияти худро соли 2010 оғоз намуда, имрӯз ба як маҷмааи муосири саноатӣ бо занҷири пурраи истеҳсолӣ табдил ёфтааст. Дар ин ҷо аз ришта маҳсулоти тайёри бофандагӣ истеҳсол карда мешаванд. Дар натиҷаи таваҷҷуҳи махсус ба сифати маҳсулот, корхона иқтидори истеҳсолии худро васеъ карда, дар минтақаи озоди иқтисодии «Қӯқанд» воқеъ дар ноҳияи Учкӯприк як коргоҳи муосири дӯзандагӣ таъсис додааст.

Айни замон маҳсулоти истеҳсолии «Avilon Kokand» ба бозорҳои Русия, Юнон, Қирғизистон ва Қазоқистон содир карда мешаванд.

Қобили зикр аст, ки дар паси ҳар як маҳсулоти бофандагии истеҳсолшуда меҳнат, масъулият ва заҳмати  садҳо нафар кормандони корхона меистад. Муҳимтар аз ҳама, ин меҳнат на танҳо ба рушди корхона, балки ба рушди устувори саноат ва иқтисоди минтақа низ хидмат мекунад.

Дар сурат: лавҳа аз фаъолияти ҶММ «Avilon Kokand».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: