Дар шаҳри Тошканд бо мақсади ҷалби аҳолӣ, бахусус ҷавонон, ба китобхонӣ дар 585 маҳаллаи пойтахт марҳила ба марҳила гӯшаҳои китобхонӣ ташкил карда мешаванд. Ҳамчунин, дар 12 ноҳияи шаҳр китобхонаҳои замонавӣ бунёд хоҳанд шуд.
Дар ин бора шаҳрдори Тошканд Шавкат Умурзоқов дар мусоҳиба бо хабаргузории «ӮзА» иттилоъ додааст.
Ин вазифаҳо дар қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 27 июли соли 2026 «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Тошканд дар солҳои 2026–2027» таҳти № ПҚ-279 муайян шудаанд.
Дар қарор китоб ва китобхонӣ ҳамчун ҷузъи муҳими муҳити шаҳрӣ арзёбӣ шудааст. Аз ин рӯ, дар ҳар як маҳалла барои аҳолӣ ташкил намудани гӯшаҳои китобхонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамчунин, дар 12 ноҳияи пойтахт китобхонаҳои бузург, муосир ва интерактивӣ бунёд мешаванд. Ҷойҳои сохтмони онҳо аллакай муайян гардидаанд.
«Ҳадафи мо танҳо сохтани биное барои нигоҳдории китобҳо нест. Мо мехоҳем фазои ҷамъиятие ба вуҷуд орем, ки ҳамасола миллионҳо нафар аз он боздид карда, ниёзҳои илмию маънавии худро қонеъ карда тавонанд», — гуфтааст Шавкат Умурзоқов.
Дар марказҳои бузурги савдое, ки дар оянда сохта мешаванд, кушодани китобфурӯшиҳо мутобиқ ба масоҳати марказ ҳамчун талаботи ҳатмӣ муқаррар хоҳад шуд. Дар кӯчаҳои серодам ва сайёҳӣ бошад, бо шартҳои имтиёзнок китобфурӯшиҳо ва қаҳвахонаҳои китоб ташкил карда мешаванд.
Ҳудуди «Гумбазҳои кабуд» («Мовий гумбазлар»)-и Тошканд низ ба фазои ҷамъиятие табдил дода мешавад, ки ба фарҳанги мутолиа бахшида шудааст. Дар назар аст, ки лоиҳаи эҳёи симои таърихии ин маҷмаа бо дарназардошти андешаҳои китобдӯстон ва дар асоси муҳокимаи умумӣ амалӣ карда шавад.
Ҳамчунин, дар миқёси шаҳр роҳандозии озмуни «Беҳтарин китобхон» ба нақша гирифта шудааст.
«Ҳадаф як аст — инсон дар ҳар куҷое бошад, хоҳ дар маҳалла, хоҳ дар ноҳия, кӯча ё маркази савдо, китоб бояд ба ӯ наздик бошад», — гуфтааст шаҳрдори Тошканд.