Тибқи Фармони Президент барои саҳми арзандаашон дар рушди кишвар, фаъолияти пурсамар ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ як қатор ҳамдиёронамон бо ордену медалҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд.
Хурсандиовар аст, ки дар қатори онҳо фарзанди Чуст, таъсисгари корхонаи хусусии «Чуст текстил» Ҷамшед Исматуллоев низ бо ҷоизаи олии давлатӣ – ордени «Дӯстлик» қадрдонӣ гардид.
Ислоҳоти истиқлол рӯҳияи соҳибкориро дар қалби чустиён, ки соҳибкориву ҳунармандӣ дар вуҷудашон решаҳои амиқ дорад, боз ҳам афрӯхт. Корхонаҳои хурду хусусӣ, ки аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ таъсис меёбанд, ҳоло бо маҳсулоти рақобатпазири худ дар бозори ҷаҳонӣ мавқеи сазоворро ишғол мекунанд.
Корхонаи «Чуст текстил», ки маҳсулоти истеҳсолкардаашро ба якчанд давлати хориҷӣ содир мекунад, имрӯз нафақат дар вилоят, балки дар миқёси ҷумҳурӣ ҳамчун як корхонаи пешрафта мешиносанд.
Таъсисгари корхона Ҷамшед Исматуллоев ҳамчун соҳибкори таҷрибанок, саховатпеша ва роҳбари ғамхор фаъолият мебарад.
Ӯ дар тӯли солҳои зиёд дар байни мардум бо ростқавлӣ, фидокорӣ, серталабӣ нисбат ба зердастон, ғамхорӣ ба кормандон, инчунин фаъолияти соҳибкорӣ ва тиҷоратӣ эҳтиром ва таваҷҷуҳи зиёд пайдо кардааст.
Дар натиҷаи кори доимии эҷоди навовариҳо, инчунин интизоми қатъии меҳнат ва талаботи баланд нисбат ба сифати истеҳсолот дар муддати кӯтоҳ ба қатори корхонаҳои бузурги истеҳсолӣ ворид гардид. Дар соли 2010 шумораи кормандон 78 нафар буд, имрӯз онҳо ба 1800 нафар расиданд.
Соли 2019 бар асоси пешниҳоду ғояи Ҷамшед Исматуллоев дар Чуст гулзори бо услуби «Каркассиз ангар» боз як филиали бофандагӣ ва рангкунии матоъ сохта шуд ва фаъолияти худро оғоз кард, ки равандро аз бофтани матоъ то истеҳсоли маҳсулоти тайёр дар бар мегирад.
Ҳоло маҳсулоти тайёри бофандагӣ низ 100 фоиз ба давлатҳои хориҷӣ содир мешавад.
Бо сафаре, ки Президент соли 2021 ба Намангон омада буд, бо фаъолияти корхонаи хусусии «Чуст текстил» шинос шуд. Дар рафти боздид Ҷамшед Исматуллоев ғояи инноватсионии худро дар бораи усули нави «Ангари бе чорчӯба» пешниҳод кард. Бо гуфтаи таъсисгар, ин усул хараҷоти хеле кам талаб мекунад ва ба шамолҳои сахт, барф ва заминларза тобовар буда, нисбат ба сохтмони анъанавӣ 3-4 маротиба тезтару арзонтар аст.
Президент ба ин усули кор баҳои баланд дода, ба масъулон супориш дод, ки ин таҷрибаро дар саросари кишвар маъмул гардонанд. Чунки аз ҳисоби сарфакорӣ дар корҳои сохтмонӣ арзиши маҳсулот 8-10 фоиз коҳиш меёбад ва афзоиши бозорёбӣ, дастрасӣ ва рақобатпазирӣ бо мисолҳо асоснок карда шуд.
– Рушди соҳибкорӣ, фароҳам овардани муҳити мусоиди тиҷоратӣ барои бахши хусусӣ ва дастгирии ташаббусҳои нав яке аз сиёсати муҳими давлатӣ дар Ӯзбекистон ба шумор меравад, – мегӯяд соҳибкор. – Вохӯрӣ бо Сарвари давлат, инчунин аз дасти пешво мукофот гирифтан, ин орзуи ҳар як инсон аст. Дар кишварамон соҳае нест, ки аз назари Президент монда бошад. Мулоқоте, ки бо соҳибкорон гузаронида шуд, барои мо як воқеаи бузурги фаромӯшнашаванда гардид. Дар ин мулоқот ташаббусҳои муҳиме пешниҳод карда шуданд, ки ба дастгирии намояндагони тиҷорат, фароҳам овардани шароит ва имкониятҳо, бартараф намудани мушкилоти мавҷуда ва якчанд масъалаҳои муҳим нигаронида шуд. Аз имкониятҳои фароҳамовардашуда босамар истифода бурда, бо дониш, таҷриба ва ташаббусҳои нав дар рушди иқтисодиёт саҳми муносиби худро мегузорем. Лоиҳаҳои нави сармоягузориро ба амал татбиқ намуда, истеҳсоли маҳсулоти содиротбобро зиёд мекунем ва ҷойҳои нави корӣ таъсис менамоем.
– Солҳое, ки дар фабрикаи масолеҳи миллии Чуст кор мекардам, орзу доштам, ки рӯзе соҳиби чунин корхона шавам. «Нияти нек – ними давлат» мегӯянд дар урфият. Шукри Худо, маҳз ба туфайли истиқлол фарзандонам орзуямро ба амал бароварданд, – мегӯяд модараш Муқаддасхон Зиёваддинова. – Вақте ки 5 сол пеш сазовори ордени «Меҳнат фахрийси» шуда будам, боз ба ин амиқтар боварӣ кардам, ки дар Ӯзбекистон касе меҳнат мекунад, беэътибор, берағбат намемонад. Ҳамчун модари соҳибкор ба ман низ баҳои баланд гузошта, эҳтиромам карданд. Писари калониам Дилшодҷон низ соли 2021 бо унвони «Ӯзбекистон Республикасида хизмат кӯрсатган ихтирочи ва ратсионализатор» гардид. Ман боз аз ин хурсанд шудам, ки писари хурдиам Ҷамшед низ аз дасти Президент мукофоти олӣ гирифт. Ин эътироф ва эътибор барои корҳои камтаронаи ӯ дода шуд. Муваффақиятҳои фарзандон ба модар мукофоти аз ҳама олӣ аст. Мулоқоте, ки бо соҳибкорон баргузор шуд, тавассути телевизор тамошо кардам. Ягон ҷиҳати соҳибкорӣ намонд, ки эътибор дода нашуда бошад.
Дар ҳақиқат, имрӯз соҳибкор на танҳо неруи пешбарандаи иқтисодиёт, балки ташаббускори фаъоли корҳои иҷтимоӣ низ мебошад. Яке аз хислатҳои неки Ҷамшед ин аст, ки дар корҳои хайр фаъолона иштирок карда, пайваста ба ятимон, маъюбон ва пиронсолони ниёзманди ҳифзи иҷтимоӣ кумак мерасонад.
Шоҳида ДАМИНОВА,
хабарнигори
«Овози тоҷик»
дар вилояти Намангон.