Дар шаҳри Бухоро «Хонишҳои XIV байналмилалии Ибни Сино» таҳти мавзӯи «Абӯалӣ ибни Сино: тибби муосир ва табобати халқӣ – навовариҳо ва сармоягузорӣ» баргузор гардид.
Дар ҳамоиш олимон, мутахассисон, тадқиқотчиён, коршиносон аз Ҳиндустон, Чин, Корея, Индонезия, Эрон, Туркия, Италия, Русия, Покистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон иштирок намуда, оид ба аҳамияти мероси илмии Ибни Сино ва нақши он дар рушди тибби имрӯза фикру ақидаи худро баён карданд. Ҳадафи асосии анҷуман аз амиқ омӯхтани мероси илмию тиббии Шайхурраис, вобаста намудани он бо комёбиҳои тиббиёти имрӯз, рушди ҳамкориҳои илмӣ дар табобати халқӣ, таҳкими робитаҳои байналмилалии илмӣ иборат буд.
Дар давоми чорабинӣ баробари эътирофи саҳми олими қомусӣ ба илмҳои тиб, фармакология, анатомия, физиология ва ҳифзи тандурустӣ, аҳамияти ғояҳои илмии ӯ мавриди муҳокима қарор ёфт.
А. Авезов,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Бухоро.