Дар нақлиёти ҷамъиятӣ ҷарима то даҳ баробар зиёд мешавад

Солҳои охир дар мамлакат ҷиҳати навсозии низоми нақлиёти ҷамъиятӣ корҳои шоёни таҳсин амалӣ гардиданд. Дар хатсайрҳо ҳаракати автобусҳои муосиру бароҳат ва дорои имкониятҳои зарурӣ роҳандозӣ шуданд.

Муҳимтар аз ҳама, бо мақсади ба роҳ мондани низоми мақбул, пешгирӣ аз тамбашавии роҳҳо, инчунин, кам кардани омили инсонӣ дар раванди хидматрасонӣ, дар пойтахт ва якчанд шаҳри дигари кишвар аз хидмати кондукторон даст кашида, пардохт пурра ба низоми электронӣ ва валидаторҳо гузаронида шуд.

Бояд гуфт, ки ин ислоҳот барои мусофирон шароити хубу мусоид фароҳам овардааст. Аммо, мутаассифона, дар байни мусофирон тоифае низ ёфт мешаванд, ки аз ин имкониятҳо барои манфиати худ истифода бурда, эътимодро сӯиистифода мекунанд ва масъулияти пардохти роҳкироро нодида мегиранд.

То чӣ андоза нигаронкунанда ва ҷиддӣ будани вазъиятро аз рақамҳо ва омори мушаххас низ пай бурдан мумкин аст. Бино ба маълумоти Наврӯз Ашурматов, роҳбари Хидмати матбуоти Вазорати нақлиёт танҳо дар 7 моҳи аввали соли ҷорӣ дар ҷараёни рейду санҷишҳои мунтазам, беш аз 82 ҳазор ҳолати дар нақлиёти ҷамъиятӣ бе пардохти роҳкиро ҳаракат кардани мусофирон ошкор гардида, аз қонуншиканон зиёда аз 2 миллиард сӯм ҷарима ситонида шудааст.

– Мувофиқи пешниҳодҳои наве, ки Вазорати нақлиёт ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис тақдим кардааст, миқдори ҷарима ва талаботи назоратӣ нисбат ба онҳое, ки дар нақлиёти ҷамъиятӣ бидуни чипта ҳаракат мекунанд, пурзӯр карда мешавад, – иброз дошт Н.Ашурматов. – Яъне, аз 1 сентябри соли ҷорӣ ҷазои молиявӣ барои саркашӣ аз пардохти роҳкиро хеле сахттар мегардад: ҳангоми бори аввал ошкор шудани чунин қонуншиканӣ ба андозаи ним баробари миқдори ҳисоби базавӣ (МҲБ), яъне 220 ҳазор сӯм ҷарима таъин мегардад. Агар чунин ҳолат такроран содир шавад, ҳаҷми ҷарима ба як баробари МҲБ, яъне 440 ҳазор сӯм расонида мешавад.

Бино ба таъкиди масъули соҳа, то ҳол мувофиқи моддаи 144-уми Кодекс дар бораи ҷавобгарии маъмурӣ, ки «Ҳаракати бидуни чипта дар нақлиёт» унвон дорад, барои бе пардохти роҳкиро дар троллейбус, трамвай, автобусҳои дохилишаҳрӣ ва атрофишаҳрӣ, таксиҳои сайрхат сафар кардан, ба андозаи аз даҳ як ҳиссаи миқдори ҳисоби базавӣ, яъне 41200 сӯм ҷарима таъин мегардид. Акнун миқдори ҷарима то даҳ баробар зиёд карда мешавад.

Илова бар ин, аз 1 сентябр як қоидаи муҳими нав ҷорӣ мегардад: ҳар як мусофир баробари ворид шудан ба автобус бояд фавран ҳаққи роҳро тавассути корт ё тариқи онлайн пардохт намояд. Ҳангоми санҷиш ва рейдҳо  ба инобат гирифта намешавад.

Набояд фаромӯш кард, ки нақлиёти ҷамъиятӣ моли умумӣ ва яке аз василаҳои муҳими таъмини роҳати шаҳрвандон ба шумор меравад. Аз он истифода намуда, аз пардохти роҳкиро саркашӣ кардан, на танҳо қонуншиканӣ, балки беэҳтиромӣ ба манфиатҳои умумӣ ва нисбат ба ҳамватаноне мебошад, ки ҳаққи роҳро аз рӯйи виҷдон ва сари вақт пардохт мекунанд.

Аз ин рӯ, ҳар яки мо бояд тартибу талаботи наверо, ки аз оғози моҳ мавриди амал қарор мегиранд, дуруст дарк намуда, пардохти саривақтии роҳкироро на танҳо як талаботи қонун, балки вазифаи шаҳрвандии худ бидонем.

 

Ф. ЙӮЛДОШЕВ,

мухбири «Овози тоҷик».

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: