Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Сотим Улуғзода имсол 115-сола мешавад. Зодаи деҳаи Варзики ноҳияи Чусти вилояти Намангон дар адабиёти асри XX тоҷик чун нависанда, мутарҷим, драманавис ҷойгоҳи махсуси худро соҳиб гаштааст.
Аз асарҳои мондагори устод «Субҳи ҷавонии мо» мебошад, ки ин повест аз даврони кӯдакӣ то навҷавонии адибро чун асари тарҷимаиҳолӣ фаро мегирад ва дар фасле аз он чӣ гуна бори аввал бо рӯзномаи «Овози тоҷик» ошно гардидани нависанда ва аз аввалин дидорҳояш бо Устод Садриддин Айнӣ бо ҳаяҷон ва таҳайюр нақл карда мешавад. Ба ин далел ҳоло барои хонандагони мӯҳтарам ин фасли асарро, ки «Айнӣ» ном дорад, бо баъзе ихтисорот пешкаш менамоем, ки дар арафаи 102-солагии «Овози тоҷик» армуғони шоистае низ мегардад.
«Овози тоҷик».
Аввалин газетаро дар забони модарии худам ман дар дорулмуаллимин хондам. Ин газета «Овози тоҷик» буд, ки дар Самарқанд мебаромад. Аз шумораи аввалини газета ба дорулмуаллимини мо фақат як нусха омада буд, мо онро дар давоми чандин рӯз даст ба даст дода хондем. Забони газета ба ман монанди шеърҳое, ки модарам аз Хоҷа Ҳофиз мехонд, ширин ва зебо менамуд. Пештар ман гумон мекардам, ки бо чунин забон фақат китобҳои кӯҳнаро навиштаанд ва дар замони мо касе бо ин забон гуфтугӯ намекунад ва наменависад. Аммо акнун медидам, ки шиносони худам бо ин забон менависанд ва ҳатто гуфтугӯ ҳам мекунанд: ду нафар аз муаллимони мо яке самарқандӣ ва дигар хуҷандӣ, ба «Овози тоҷик» мақолаҳо менавиштанд.
Таронаҳои навро ҳам ба забони модарии худам ман аввалин бор дар он ҷо шунидам. «Интернатсионал»-ро, ки мо дар интернати Тӯс ба забони ӯзбекӣ месурудем (ба мо онро Азиз Карим ёд дода буд), ба тоҷикӣ дар дорулмуаллимин ёд гирифтам. Баъзе талабагони самарқандӣ сурудеро мехонданд, ки ҳам суханҳояш ва ҳам оҳангаш дилро ба туғён ва рӯҳро ба ҳаяҷон меовард:
Эй ситамдидагон, эй асирон,
Вақти озодии мо расид!
Муждагонӣ диҳед, эй фақирон,
Дар ҷаҳон субҳи шодӣ дамид!
Мо ба хондани ҳикоя, повест ва романҳо одат накарда будем – дар забони мо ин чизҳо набуданд; ба кино ва театр ҳам ба сабаби бепулӣ фақат аҳён-аҳён мерафтем ва равем ҳам он қадар завқ намебурдем, зеро ки забони русиро намедонистем. Барои мо хизмати ин ҳама ғизои рӯҳӣ ва истироҳати маданиро тарона адо мекард. Мо онро нағз медидем ва дар ҳама ҷо: дар кӯча ҳам, дар хобгоҳ ҳам, дар маҷлис ҳам месурудем. Бештарини талабагон дафтари таронаҳо доштанд – ҳар таронаи навро ба он навишта мегирифтанд. Гуфтан мумкин аст, тарона ё ашулае набуд, ки каму беш паҳн шуда бошаду мо онро надонем. Тақрибан ҳар як шеъри ба дастамон афтода ва маъқулшударо албатта ба ягон оҳанги ба худамон маълум дароварда месурудем. Шеъри машҳури Лоҳутӣ «Ту к-андар базми васлӣ, дарди ҳиҷронро чӣ медонӣ?» аввалин бор дар дорулмуаллимини мо аз тарафи пионерон ба оҳанги тарона дароварда шуд.
Мо ташнаи китоб будем. Муҳобот намешавад агар гӯям, ки ҷаври бекитобӣ барои мо аз ҷафои тангии хонаву ҷо ва норасоии сару тан ҳам ҷонкоҳтар буд. Китобҳои кӯҳна ҳастанд, лекин онҳо ё дастраси мо набуданд ё ки мо ҳоло онҳоро хонда наметавонистем. Кошкӣ ба забони модарии мо ва бо хати чопӣ ҳикояте, қиссае, достоне (бо истилоҳи имрӯза повесте ё романе) мебуд, ки мо мехондем!
Як нафар талабаи кӯлобӣ, ки саводи кӯҳнаи хубе дошт, аз ким-куҷо «Муш ва гурба»-и Убайди Зокониро ба даст оварда буд, як рӯз ба мо аз он порчаеро хонда доду ба бало монд: мо ҳар рӯз ба гирдаш ҷамъ шуда ӯро «ё ба зӯрӣ, ё ба зорӣ» китоб хононда безор мекардем. Оқибат китобашро гум карду аз мо халос шуд.
Ана дар ҳамин вақт дар газетаи «Овози тоҷик» ҳикояте бо сарлавҳаи «Одина ё саргузашти як тоҷики камбағал» чоп шуда баромад. Ҳикоят давомнок буд, мо ҳама ба газета ҳамчун гуруснагоне, ки ба хӯроки муфт расида бошанд, дарафтидем. Газета ба дорулмуаллимин ду-се нусха беш намеомад, бинобар ин мо онро талош карда мехондем ва баъди хондан бесаброна ба шумораи оянда – ба давоми ҳикоя нигарон мешудем. Бисёр вақтҳо чунин манзараеро мушоҳида кардан мумкин буд, ки дар хобгоҳ пашша пар намезанад ва талабагони ҷомаҳои алочаи пахтанок дар бар ва баъзе ҳатто салла бар сар рӯи каравотҳои худ нишаста сар ба мутолиа фуруд овардаанд: онҳо «Одина»-ро мехонданд.
Дертар ин ҳикоят китобчаи алоҳида шуда аз чоп баромад. Дар рӯи муқоваи он чунин тасвире буд: чӯпони кӯҳистоние салла бар сар ва таёқи чӯпонӣ дар даст рӯи харсанге нишастааст ва дар гирду пеши ӯ гӯсфандон мечаранд. Ман, ки дар газета фақат баъзе қисмҳои ин ҳикоятро хонда будам, ҳоло имконият доштам онро аз як сар мутолиа кунам.
Китоб аз саҳифаҳои аввалинаш сар карда маро ба худ мафтун кард. Ман он гуна суханҳои зебои хушоҳангро пеш аз он ҳеҷ нахонда ва нашунида будам. Аз варақҳои китоб гӯё мусиқии ҷозибадоре садо медод, гумон мекардам, ки дар ин ҷаҳон ҳеҷ чизи форамтару зеботар аз забони тоҷикӣ нест. Ман бисёр ҷоҳои «Одина»-ро саҳифа-саҳифа ба дафтарам кӯчонда аз ёд мекардам.
Ҳар гоҳ ки кас як китоби нағзро мехонад, фикру хаёлаш беихтиёр ба сӯи нависандаи он равона мешавад. Мо хонандагон дидани эҷодкунандаи «Одина»-ро орзуманд будем. Хаёл мекардем, ки вай бояд як шахси хориқулодда бошад.
Дертар, вақте ки китоби нави ин нависанда ва олим «Намунаи адабиёти тоҷик» аз чоп баромад, ҳусни таваҷҷуҳи мо нисбат ба он шахс боз ҳам зиёд шуд. Дар варақҳои аввалини китоб акси нависанда ва боз ду сурати дигарро дарҷ карда буданд: аз сурати якум ба хонанда шахси миёнсоли ҷафодидае нигоҳ карда меистод; дар сурати дуввум мо тахтапушти маҷрӯҳи хуншореро мушоҳида кардем, ки гӯё пӯсташро канда гӯшташро пора-пора бурида гирифта буданд.
Аз муаллимони худ фаҳмидем, ки бо ҳукми амири Бухоро ҷаллодони ӯ ба пушти Айнӣ ҳафтоду панҷ чӯб зада будаанд ва ин ҷароҳати даҳшатнок осори ҳамон зарбаҳои хунин будааст. Ба пеши назари мо як риёзаткаши кори халқ ва маорифи халқ, коре, ки онро мо, муаллимони оянда, бояд иҷро менамудем, арзи вуҷуд кард.
Ман аввалин бор Садриддин Айниро тирамоҳи соли 1928 дар конференсияи забоншиносӣ дидам. Дар он вақт ман дар курси охирини дорулмуаллимин мехондам ва бо ҳамроҳии як гурӯҳ талабагон дар конференсия иштирок кардам. Анҷуман дар бинои нави дорулмуаллимин, дар толори бошукӯҳе, ки тирезаҳои баландаш ба боғ кушода мешуданд, барпо шуда, лоиҳаи алифбои нав ва масъалаҳои забони адабии тоҷикро муҳокима мекард.
Ба анҷуман аз Душанбе, Хуҷанд, Самарқанд, Бухоро ва шаҳрҳои дигар олимон, адибон, ходимони матбуот ва нашриёт, муаллимон омада буданд. Гуфтанд, ки Айнӣ ҳам меояд. Ҳама дар зал ҷамъ шуда буданд, мо талабагон бошем, даромадгоҳро пур карда ба омадани Айнӣ интизорӣ мекашидем.
Ниҳоят Айнӣ ҳамроҳи якчанд вакилон, дар ҳолате, ки бо як нафари онҳо гарму ҷӯшон гуфтугӯ мекард, ба бино дохил шуд. Вай як шахси миёнақади босалобат буда, риши кӯтоҳи мошу биринҷ дошт ва ба сараш тоқии сабзи махмалин, ба танаш палтои сабуки сиёҳ пӯшида буд. Мо ӯро аз рӯи сурати дар «Намунаи адабиёти тоҷик» дарҷшудааш зуд шинохта, дар баробари намоён шудани ӯ қарсак задем. Зоҳиран, устод мунтазир набудааст, ки вайро чунин истиқбол хоҳанд кард, бинобар ин, аввал ба кӣ ва барои чӣ қарсак задани моро нафаҳмида андак саросема шуда монд, аммо вақте ки ба худаш нисбат доштани чапакзаниҳои моро донист, ба ҳаяҷон омада, даст бар сина гузошта ва сар ҷунбонида изҳори ташаккур намуд.
Конференсия сар шуд. Айнӣ дар президиум нишаста буд, мо аз вай чашм намекандем. Дар қиёфаи ӯ, дар муомилаи ӯ бо дигарон ҳеҷ гуна осори такаббури «бузургворона» мушоҳида карда намешуд ва ҳол он ки мо, хонандагони китобҳои Айнӣ, ӯро одами бокарруфар ва «сипоҳ» тасаввур менамудем. Чашмони зираки вай ба ҳама кас ва ҳама чиз диққаткорона нигоҳ мекарданд.
Дар музокираҳо ба ӯ сухан доданд. Вақте ки қарсакҳо хомӯш шуданд, Айнӣ аввал оромона ва бо овози паст ба сухан даромад, аммо ба зудӣ аз вай ҳаракатҳои асабиёна ба зуҳур омада, нутқаш пуршӯр ва тезу тунд шудан гирифт. Худи устод ҳам инро ҳис карда узр хост, ки: ман одами асабӣ ҳастам ва ин асабияти ман натиҷаи ҳафтоду панҷ чӯби амир ва бемориҳои пас аз он рӯйдода мебошад, бинобар ин ман дар маҷлисҳо тавре гап мезанам, ки гӯё бо касе даст ба гиребон шуда истода бошам.
Ба муҳокимаи конференсия ду лоиҳаи алифбои нави ба ҳуруфоти лотинӣ асосёфта пешниҳод шуда буд. Тартибдиҳандагони лоиҳаи якум таклиф мекарданд, ки овозҳои ҷудогонаи ба мисоли баъзе алифбоҳои Европаи Ғарбӣ бо ду-се аломат (ҳарф) ифода карда шаванд, ки ин, ба фикри онҳо, алифбои нави моро «зебо» ва «маданӣ» карда, ба вай тамомият мебахшид. Лоиҳа боиси тааҷҷуб ва эродҳои ҷиддӣ гардид.
Айнӣ «далел»-и тартибдиҳандагони лоиҳаро бо истеҳзои талх ва суханҳои нешдор рад кард. Сухани ӯ ба ин мазмун буд:
«Алифбои навро мо бо чӣ мақсад қабул мекунем? Барои «зебо»-и онро тамошо карда завқ бурдан ё халқро зудтар босавод кардан? Агар мақсади шумо алифбои «зебо»-ро тамошо карда завқ бурдан бошад, марҳамат карда аз тамошои алифбоҳое, ки шумо аз онҳо намуна гирифтаед, завқ бурдан гиред. Мо бошем, толиби алифбои оддӣ ва осон мебошем, то ки халқамон ба воситаи он тезтар савод барорад. Ба фаҳми мо, «зебоӣ», «маданият» ва «тамомият»-и алифбо дар он аст, ки бачагон онро ҳар чи осонтар ёд гиранд ва халқи тоҷики мо ҳар чи зудтар саводнок шавад. Як сабаби аз алифбои кӯҳнаи арабӣ даст кашидани мо ин аст, ки он душвор ва мураккаб буда, ёд гирифтанаш вақти бисёр талаб мекард. Шумо бошед, зоҳиран, бо баҳонаи хандаовари «маданият» ва «тамомият» мехоҳед ҳамон душворию мураккабиро дар алифбои нав ҳам нигоҳ доред».
Бештарини иштироккунандагони конференсия ҳар замон чапак зада бо нотиқ ҳамфикр будани худро изҳор менамуданд.
Нависандаи номии мо дар конференсия боз як бор ба нутқ баромада, дар бораи асосҳои забони адабии тоҷик сухан ронд.
Якчанд зиёиёни кӯҳнаи адабиётшинос шӯру ғавғо андохта талаб мекарданд, ки забони адабиёти қадимаи ҳазорсолаи мо бояд ҳамчун забони адабии имрӯзаи тоҷикон қабул карда шавад. Аз ин мебаромад, ки мо бояд газета, журнал ва китобҳои худамонро, ки на барои як мушт «шахсони зубда», балки барои тамоми халқ бароварда мешаванд, бо забони китобҳои кӯҳна нависем. Устод ба муқобили ин хел касон баромад. «Забони адабиёти кӯҳнаро ман аз ҳеҷ кадоми шумо камтар намедонам, – мегуфт вай ба «ҳомиён»-и забони кӯҳнаи адабӣ муроҷиат карда, – аммо он забон кайҳо аз забони зиндаи халқ канда шуда мондааст. Ҳозир онро гирифта забони адабии имрӯза қарор додан кори бемаънӣ ва зарарнок мебуд. Мо бояд ба асоси забони адабиамон забони зиндаи халқро гирифта, вайро бо унсурҳои хуб ва фоиданоки адабиёти кӯҳна ва бо он чӣ ки инқилоб ҳар рӯзу ҳар соат ба забони мо дароварда истодааст, бой кунем. Шумо забони адабии қадима мегӯед, аммо бо ин шумо агар таълифоти ҳар гуна муаллифони динию дарбории шаш-ҳафт асри охирро дар назар медошта бошед, пас донед, ки онҳо арабизм ва услуби мубҳаму тумтароқро аломати донишмандӣ ҳисоб карда, соддагию оммафаҳмӣ, равшании баёнро нишони бесаводӣ ва безавқӣ медонистанд. Забони онҳо забони мурда аст. Аммо забони Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ барин арбобҳои бузурги адабиёти ҳазорсолаи мо гапи дигар аст. Забони асарҳои ин санъаткорони сухан сода, фаҳмо ва халқӣ мебошад. Ана аз ин боигарии мероси кӯҳна мо дар аснои ба вуҷуд овардан ва тараққӣ додани забони ягонаи адабии халқи тоҷик истифода мебарем ва бояд ҳам истифода барем».
Дар вақти танаффус мо, як гурӯҳ талабагони дорулмуаллимин, Айниро миёнагир карда, барои асарҳои аҷоиби устод, ки ҳамаи мо онҳоро бо шавқу ҳаваси тамом хонда будем, ба вай миннатдории худамонро изҳор намудем. Устод бо ҳар кадоми мо гарм-гарм вохӯрӣ карда, моро дар паҳлуи худ ба стулҳо нишонд.
– Мо, талабагон, дар бораи забони адабӣ суханҳои шуморо бо диққат гӯш кардем, – гуфт яке аз рафиқони мо. – Мо бо шумо тамоман ҳамфикр ҳастем, домулло. Агар, масалан, «Одина»-и шуморо гирем, ба фикри мо, забони вай айни ҳамон забони адабист, ки шумо гуфтед.
– «Ман хурсандам, ки ин гапро аз шумо, ҷавонон, мешунавам», – табассум кард устод ва баъди андак тааммул суханашро давом дода гуфт: – «Ҳар касе, ки ба дасташ қалам гирифта чизе менависад ва ё дар пеши халқ баромада нутқ мекунад, хоҳ адиб бошад, хоҳ мухбир, хоҳ мақоланавис, хоҳ коркуни фирқаю шӯро, бояд кӯшиш кунад, ки забони вай ба хонандагон ё шунавандагон фаҳмо бошад. Лекин фаҳмогӣ то фаҳмогӣ фарқ дорад. Баъзе одамон гапам фаҳмо барояд гуфта, бо забони авомони кӯча сухан меронанд ё менависанд. Ин дуруст нест. Забони китоб, мақола ё нутқ бояд содда, лекин соддаи адабӣ бошад. Ман барои ин ки асарҳоям ба халқ фаҳмо бошанд, дар болои забони онҳо бисёр кор мекунам. Ман ба гуфтугӯи одамҳо бо диққат гӯш меандозам ва агар аз онҳо ягон калима ё ибораи нағз, бурро ва пурмаъноро шунида монам, дар хотирам нигоҳ медорам. Вақте ки ман «Одина»-ро менавиштам, дар ҳавлии мо як ҷавони кӯҳистонӣ истиқомат мекард, ман ҳар як боби асарро навишта тамом, ки кардам, ба он ҷавон хонда мешунавондам ва тафтиш мекардам, ки забони асарам ба вай фаҳмост ё не... Лекин шумоён ҳаминро нағз донед, ки агар забони гуфтугӯи имрӯза холису бетағйир гирифта шавад, бо вай китоб навиштан мумкин нест; он забонро бо ғалбери фикр бехта, бо сӯҳони қоида суфта, бо чилбури маънӣ сайқал дода кор фармудан лозим аст. Аз боигарии адабиёти кӯҳна пурра истифода бурдан даркор, инчунин аз лаҳҷаҳои забони тоҷик ҳам мо бояд чизҳои нағзи ҳамафаҳмро гирифта ба забони адабӣ дохил кунем»...
Он рӯз устод бо мо ҳамин тавр суҳбат кард.
На фақат китобҳои Айнӣ, балки шахсияти вай, ҳаёти аҷоиби вай ҳам ба мо таъсире доштанд ва дар сари мо фикру хаёлҳои наверо бедор мекарданд. Тақрибан ҳар сол як китоби нави устод нашр мешуд, мо асарҳои ӯро хонда аз саргузаштҳои халқи худ воқиф мешудем ва забони адабии худамонро меомӯхтем.
Дар солҳои баъд ман ба мулоқоти бисёре бо устод мушарраф шуда, ӯро аз наздик шинохтам. Вай одамонеро, ки дар зиндагонӣ ягон кори фоиданок аз дасташон ояд, дӯст медошт. Дониши устод, пуркорӣ ва меҳнатдӯстии фавқулоддаи ӯ, ҳофизаи тавонои ӯ дар ҳақиқат ҳайратангез буданд.
Айнӣ якумин муаллим, якумин журналист, якумин шоир ва насрнавис, якумин таърихшинос ва олими советии тоҷик буда, дар охирин солҳои умраш якумин Президенти Академияи навбунёди фанҳои республика гардид.
Аввалин китобҳое, ки ман дар забони модарии худам хондам, китобҳои Айнӣ буданд. Қаҳрамонони асарҳои устод – Одина, Ёдгор, Гулнор дӯстони бачагӣ ва рафиқони ҷавонии мо буданд.
Ин нависандаи бузург ҳам бо китобҳояш ва ҳам бо шахсияти аҷоибаш ба зиндагонии насли мо дохил гардид.