Дар ноҳияи Ёзёвон сохтмони корхонаи тавлиди автобусҳои барқӣ оғоз ёфт

Ин лоиҳа дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои чинии “Xiang Yang Tenglong Automobile” ва “GIG Investments” бунёд мегардад. Интизор меравад, ки дар ояндаи наздик автобусҳои барқии ин корхонаи муштарак дар хизмати аҳолии вилоят ва берун аз он қарор хоҳанд гирифт.

 Дар маросими гузоштани санги аввали ин корхона ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров, соҳибкорон ва сармоягузорон, фаъолони ноҳия, аҳли зиё ва намояндагони ҷомеаи маданӣ иштирок карданд.

-Ифтитоҳи сохтмони боз як корхонаи саноатӣ, ки ба тавлиди автобусҳои барқӣ ихтисос хоҳад ёфт, ба бузургтарин ва азизтарин ҷашни мардумии мо - 35-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ӯзбекистон тӯҳфаи арзанда мебошад. Ҳоло таҳти раҳнамоии Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев дар соҳаҳои гуногуни ҳаётамон ислоҳоти васеъмиқёс бо суръати том идома мекунад. Бешубҳа, яке аз намунаҳои ин ислоҳотро мо боҳам дар ноҳияи Ёзёвон мебинем, ки кори сохтмони он оғоз ёфт,-гуфт Хайрулло Бозоров.

 Вай дар идомаи суханронӣ аз номи мардуми вилоят ба соҳибкорон ва сармогузорони ширкатҳои чинии “Xiang Yang Tenglong Automobile” ва “GIG Investments” барои саҳмашон дар бунёди ин корхонаи автобусбарорӣ ибрози сипосгузорӣ кард.

Мирасрор АҲРОРОВ,

мухбири “Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: