Дар Сурхондарё ҷамъоварии пахта оғоз ёфт

Дар заминҳои хоҷагии фермерии «Омад»-и ноҳияи Бандихон, вилояти Сурхондарё, ҷамъоварии пахта оғоз гардид.

Имсол кишоварзони хоҷагӣ дар майдони 25 гектар тухми навъҳои барвақтпазу серҳосили пахтаи хориҷиро бо усули дуқаторӣ кишт намуда, онҳоро бо меҳру масъулият парвариш карданд. Дар шароите, ки баҳор ноустувор ва тобистон нисбат ба солҳои қаблӣ гармтар омад, пахтакорон корҳои агротехникиро сари вақт ва босифат анҷом доданд. Байни қаторҳои пахта аз алафҳои бегона тоза ва нарм карда шуда, киштзор сари вақт обёрӣ ва бо нуриҳои органикиву минералӣ ғизо дода шуд. Дар натиҷа ҳосили фаровон ба даст омад.
Барои он ки ашёи хоми пухтаю расида бе талаф ҷамъоварӣ шавад, дар майдони пахта барои пахтачинон тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Фермери соҳибтаҷриба ният дорад, ки имсол аз ҳар гектар замин ба ҳисоби миёна 50 сентнерӣ ҳосил ба даст орад.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти ҳокимияти ноҳияи Бандихон, имсол пахтакорони ноҳия дар майдони 3 ҳазор гектар пахта парвариш мекунанд. Барои сари вақт ва босифат ҷамъоварӣ намудани ҳосил 43 отряди пахтачинӣ ташкил шуда, ба мавсими ҷамъоварии пахта ҷалб намудани беш аз 5 ҳазор пахтачин ба нақша гирифта шудааст.

Холмӯмин Маматрайимов,
мухбири ӮзА

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: