Дар Ҷопон фурӯши тиҷоратии доруе оғоз гардид, ки барои табобати саратони сурхрӯда пешбинӣ шудааст.
Тибқи иттилои агентии Nikkei, истеҳсолкунандаи он — ширкати токиоии Oncolys BioPharma — ин доруро аввалин доруи вирусии онколитикии махсус тасдиқшуда дар ҷаҳон барои табобати саратони сурхрӯда арзёбӣ мекунад.
Дар таркиби дору вирусҳои аз лиҳози генетикӣ тағйирдодашуда истифода мешаванд. Онҳо тавре таҳия шудаанд, ки ҳуҷайраҳои саратонӣ интихобан осеб дида, нобуд шаванд ва ба бофтаҳои солим зарари ҷиддӣ нарасонанд. Вирусҳои онколитикӣ дар дохили ҳуҷайраҳои варам афзоиш ёфта, онҳоро аз дарун вайрон мекунанд. Ҳамзамон, онҳо вокуниши масунии организмро низ фаъол месозанд.
Ширкати Oncolys барои ба бозори Ҷопон баровардани ин дору маҷбур шудааст, ки монеаҳои мураккаби танзимгариро паси сар кунад. Истеҳсоли вирусҳо дар миқёси саноатӣ риояи талаботи хеле сахти назорати сифатро тақозо мекунад.
Ҳамчунин, озмоишҳои клиникии доруҳои онколитикӣ хусусиятҳои худро доранд. Аз ҷумла, ҳангоми паҳн шудани вирус дар бофтаи варам таъсири табобатӣ метавонад танҳо пас аз чанд ҳафта зоҳир шавад.