Дар кӯчаҳои шаҳри Андиҷон ва назди биноҳои бархе аз ташкилотҳо баннерҳои идонае насб шудаанд, ки дар онҳо Парчами миллии Ӯзбекистон ба ҷойи 12 ситора бо 14–15 ситора тасвир шудааст.
Дар баннерҳои идонае, ки дар ду тарафи дарвозаи экохиёбони маркази вилоят насб шудаанд, Парчами давлатии Ӯзбекистон бо 14 ситора тасвир ёфтааст. Ин ҳолат боиси баҳс дар шабакаҳои иҷтимоӣ гардид. Фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ Бахтиёр Фозилҷонов, ки дар ин бора хабар додааст, таъкид мекунад, ки чунин иштибоҳи ҷиддӣ дар чандин паннои бузурги канори роҳҳои марказии шаҳр низ ба назар мерасад.
Ба гуфтаи фаъолон, соҳибкорону иҷрокунандагоне, ки барои омода кардани баннерҳо фармоиш мегиранд, ба ҷойи он ки коллажҳоро бо истифода аз барномаҳои компютерӣ бо завқу эҷодиёти худ омода кунанд, аз тарҳҳои тайёре истифода мебаранд, ки зеҳни сунъӣ пешниҳод кардааст. Дар натиҷа, 12 ситораи Парчами Ӯзбекистон дар баъзе тасвирҳо ба 14–15 ва ҳатто 16 адад табдил ёфтаанд.
Аз ҷумла, дар лавҳаи бузурге, ки бо шиори «Ҷавонон фонди тиллоии халқи мо мебошанд» дар бинои бошукӯҳе, ки Агентии кор бо ҷавонон фаъолият мекунад, насб шудааст, Парчами давлатӣ бо 14 ситора тасвир шудааст. Дар лавҳаи табрикотие, ки ба панҷараи яке аз идораҳои андоз насб шудааст, бошад, шумораи ситораҳо ба 15 адад расидааст.
Албатта, истифода аз имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар омода кардани маводи таблиғотӣ метавонад кори эҷодиро осон кунад. Аммо истифодаи тарҳҳои омода бидуни санҷиш ва назорати инсонӣ, махсусан ҳангоми тасвири рамзҳои давлатӣ, метавонад ба чунин иштибоҳҳои ҷиддӣ оварда расонад. Зеро масъулияти натиҷаи ниҳоӣ на ба зиммаи технология, балки ба зиммаи шахсе мебошад, ки онро қабул ва барои истифода пешниҳод кардааст.
Ёдрас мекунем, ки тибқи моддаи 215 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, беэҳтиромӣ нисбат ба рамзҳои давлатӣ метавонад боиси ҷавобгарии ҳуқуқӣ, аз ҷумла ҷарима, корҳои ҳатмии ҷамъиятӣ ё корҳои ислоҳӣ гардад.