Натиҷаҳои хатмкунандагон дар имтиҳонҳои дохилшавӣ ба донишгоҳҳо 11,6 хол беҳтар шудааст

Соли 2026 шумораи хатмкунандагони мактабҳо, ки дар имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳадди ниҳоӣ — 189 хол гирифтанд, ба 4 ҳазору 825 нафар расид. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта, ки 619 нафарро ташкил медод, қариб 8 баробар зиёд аст.

Тибқи инфографикаи пешниҳодкардаи Вазорати таълими томактабӣ ва мактабии Ӯзбекистон, соли 2024 дар имтиҳонҳои тестӣ 189 холро 101 нафар хатмкунанда ба даст оварда буд. Соли 2025 бошад, ин рақам ба 619 нафар расид.
Ҳамчунин, соли 2026 натиҷаи миёнаи хатмкунандагон дар имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ 92,5 холро ташкил дод. Ин нисбат ба нишондиҳандаи соли 2025 — 80,9 хол, 11,6 хол зиёд мебошад.
Дар миёни минтақаҳо нишондиҳандаи миёнаи баландтарин дар имтиҳонҳои тестӣ ба вилояти Навоӣ рост омадааст — 112,8 хол. Пас аз он вилояти Бухоро бо 110,8 хол, Ҷумҳурии Қароқалпоқистон — 94,8 хол, вилояти Фарғона — 94,7 хол ва шаҳри Тошканд — 94 хол ҷой гирифтаанд.
Ҳиссаи хатмкунандагони мактаб, ки ба муассисаҳои таҳсилоти олии давлатии кишвар қабул шудаанд, низ дар солҳои охир афзоиш ёфтааст. Агар ин нишондиҳанда соли 2022 ба 22,3 фоиз баробар бошад, соли 2026 ба 27,4 фоиз расидааст.
Соли 2026 дар маҷмӯъ 454 ҳазору 833 нафар мактабро хатм карданд. Аз ин шумора 333 ҳазору 463 нафар, яъне 73 фоиз, дар имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ иштирок намуданд.
Имсол 34 ҳазору 681 нафар хатмкунанда барои таҳсил бар асоси гранти давлатӣ тавсия шуданд. Ин нисбат ба соли гузашта 4 ҳазору 800 нафар зиёд аст.
Ҳамзамон, шумораи хатмкунандагоне, ки дар имтиҳонҳо камтар аз 56,7 хол гирифтанд, нисбат ба соли гузашта 5 фоиз, ё 13 ҳазор нафар, коҳиш ёфтааст.
Аз рӯи сатҳи қабули хатмкунандагон ба муассисаҳои таҳсилоти олии давлатӣ вилояти Навоӣ бо нишондиҳандаи 52,5 фоиз дар ҷойи аввал қарор дорад. Дар вилояти Бухоро ин нишондиҳанда 37,9 фоиз ва дар вилояти Ҷиззах 35,9 фоизро ташкил медиҳад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: