Мактабам-нури дидагонам ту

  • Мактабам-нури дидагонам ту
  • Мактабам-нури дидагонам ту
  • Мактабам-нури дидагонам ту

Саҳни мактаби таҳсилоти умумии рақами 14, воқеъ дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Қақири ноҳияи Сӯх, намуди идона касб менамуд.

Маъмурият таҳти сарварии директори мактаб Садриддин Абдураҳмонов ва ҷамъи омӯзгорону толибилмон дар тараддуди он буданд, ки ба ҳар як меҳмони пиру барно ҳурмату иззати баланд нишон диҳанд.

  Дар як тараф писарону духтарон гулдастаҳоро ба меҳмонон тақдим мекарданд ва ба онҳо ҷои нишаст нишон медоданд. Ҳама атрофу акноф низ қабои рангин ба бар кардаву аз баргузории як чорабинии бошукӯҳ дарак медод. Садои ороми мусиқӣ танин меандохт ва ба ҷисму ҷон ҳаловат мебахшид.

 Муддате нагузашта рӯи саҳни мактаб ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров, ҳокими ноҳия Сайидбаҳром Сайидмӯсоев ва роҳбарони секторҳои он ворид шуданд. Ҷамоат дастаҷамъона аз ҷой хеста, бо кафкӯбиҳо онҳоро  гарму ҷӯшон истиқбол гирифтанд. 

 -Имрӯз мебинем, ки чеҳраи мардуми деҳаи Ҳушёри бостониву достонӣ хеле шоду масрур менамояд. Аз шарофати истиқлоли Ватан ва сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат шаҳру деҳ беш аз пеш ободу зебо мегардад ва мардуми саросари кишвари азизамон аз ҳаёту зиндагии осудаву фаровон эҳсоси розигиву қаноатмандӣ мекунанд. Дарҳақиқат, ҳоло ид болои ид аст имрӯз,-сухан оғоз намуд Хайрулло Бозоров.

 Дар идома суханронӣ ҳокими вилоят афзуд, ки дар ивази 12 миллиард сӯм барои мактаби рақами 14 бинои наву хушсохт тарҳрезӣ шуда буд, ки ҳоло ҳама дар маросими ба истифода супурдани он ширкат меварзанд. Ба гуфтаи Хайрулло Бозоров ин бино боз 420 нафар донишомӯзонро ба канор мепазирад ва онҳо дарсинфхонаҳои васеъу барҳаво машғули омӯзишу парвариш мешаванд.

 Тавре ки Х.Бозоров таъкид намуд, тавассути ҳамин маблағе, ки аз ҳисоби буҷаи давлат ҷудо шудааст, биноҳои куҳнаи мактаб низ, ки барои 624 ҷои нишаст муқаррар шудааст, пурра аз тармими куллӣ баромад ва бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардид.  Ҳокими вилоят ба гурӯҳи сохтмончиён, ки дар тармими бинои куҳна ва бунёди бинои нав саҳм гирифтаанд, арзи сипос намуд ва онҳоро бо мукофотҳо рӯҳбаланд кард. Инчунин калиди рамзӣ ба директори мактаб Садриддин Абдураҳмонов супурда шуд.

 Дар фазои шодиву тараб лента бурида шуд ва иштирокчиёни маросим ҳамроҳи ҳокими вилоят роҳраву синфхонаҳои бинои навро бо завқу шавқ тамошо мекарданд, ки мувофиқи дизайни замонавӣ бунёд ёфта буд.

 -Вақте ки вазири таълими мактаб ва томактабии ҷумҳурӣ Эъзозахон Каримова ба мактаби мо ташриф овард, вазъиятро бо чашмони сар дид. Баъд ваъда дод, ки дар сохтмони бинои иловагӣ ҳатман мусоидат хоҳад кард. Ростӣ, аввал чандон эътимод накардам ва рӯзе як гурӯҳ ҷои бинои иловагиро муайян карда рафтанд. Бо зудӣ корҳои сохтмонӣ оғоз ёфт, аммо моро лозим омад, ки дарсу машғулиятҳоро дар биноҳои гуногуни берун аз мактаб гузаронем,-гуфт Садриддин Абдураҳмонов.

Вай афзуд, ки ҳамеша аз камбуди синфхонаҳо азиятҳо мекашиданд. Ба гуфтаи директори мактаб ҳатто дар ду баст ҳам барои машғулиятҳои фаннӣ синфхонаҳо намерасидаанд. Ҳоло бошад, ин мушкил комилан рафъ гардида, аз соли нав таҳсил дар синфхонаҳои кушоду барҳаво ва дорои таҷҳизоти зарурӣ хоҳанд гузашт. Аммо аҳли ҷамоаи мактаби ӯро лозим меояд, ки бо тамоми неру ба кори таълиму тарбия пардозанд, то ки шогирдони донову закӣ  онро хатм карда, шомили донишгоҳҳо шаванд.

 -Ман ба сифати яке аз директорони собиқи мактаб ва омӯзгори бознишастаи фанни риёзиёт ба Сарвари давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ сипосу миннатдорӣ баён мекунам. Зеро ҳоло барои наслҳои ҷавон шароите фароҳам оварда мешавад, ки барои таҳсил ва азхуд кардани илму маърифат басо мусоидат менамояд. Имсол низ бо марҳамати Президенти мамлакат Шавкат Миромонович барои ҷавонони сӯхӣ 200 квота ҷудо карда шуд, ки онҳо аз роҳи имтиёз бо гранти давлатӣ тавонистанд ба донишгоҳҳои мухталиф дохил шаванд. Аксарият аз ин имконият фаровон истифода намуданд ва байни онҳо ду набераи банди низ шомил аст, ки ҳарду ба Донишгоҳи давлатии Фарғона дохил шуданд,-гуфт ба “Овози тоҷик” Қодирбек Амирбеков.

 Маълум шуд, ки дар мактаби таҳсилоти умумии рақами 14 беш аз даҳ нафар омӯзгорони варзида ба гирифтани нишони “Аълочии таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон” ноил шудаанд. 8 нафари омӯзгорон дорои тоифаи олӣ ва 16 нафар соҳиби тоифи якум мебошанд. Интизор меравад, ки як гурӯҳ фориғуттаҳсилоти ин мактаб баъди хатми донишгоҳҳои омӯзгории кишвар ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дубора ба сафи устодонашон мепайванданд ва дар пешрафти корҳои таълиму тарбия саҳми худро мегузоранд.

 Дарвоқеъ, дар ин мактаб Муаллими халқии Иттиҳоди шуравӣ Обидхӯҷа Иброҳимов, Аълочиёни таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Мирзоҳотам Ҳакимов, Маҳмадхон Пӯлодӣ,  устодон Мирзоамин Умаров, Тӯхтасин Маҳкамов ва як идда омӯзгорон кору фаъолият кардаанд. Ҳоло лавҳаи “Устодони мо-ифтихори мо”-ро аксҳои онҳо зебу оро додааст. Нигорандаи ин сатрҳо низ фориғуттаҳсили ҳамин мактаб мебошам.
 

Мирасрор АҲРОРОВ,

хабарнигори “Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: