Соли нави таҳсил барои ҳар як кӯдак марҳилаи муҳим ба ҳисоб меравад. Дарсҳо, муҳити нави иҷтимоӣ, инчунин афзоиши сарбории ҷисмонӣ ва равонӣ метавонанд ба саломатии ӯ таъсир расонанд. Аз ин рӯ, пеш аз оғози соли таҳсил ба ҳолати саломатии кӯдак таваҷҷуҳи бештар зоҳир кардан зарур аст.
Вазорати тандурустӣ тавсия медиҳад, ки пеш аз ба мактаб рафтани кӯдак вазъи умумии саломатии ӯ арзёбӣ шуда, дар ҳолати зарурӣ аз мутахассисони соҳавӣ муоина гузаронида шавад.
Аввал аз ҳама — муоинаи педиатр
Педиатр вазъи умумии кӯдакро арзёбӣ карда, қад, вазн ва нишондиҳандаҳои рушди ҷисмонии ӯро месанҷад. Дар сурати зарурат, кӯдакро барои муоинаи иловагӣ ба дигар мутахассисон равона мекунад.
Муоинаи офталмолог
Санҷиши қобилияти биноии кӯдак махсусан муҳим аст. Мушкилоти чашм метавонад боиси суст аз худ кардани дарсҳо, зуд хаста шудан ва дарди сар гардад.
Муоинаи духтури ЛОР
Мушкилоти марбут ба шунавоӣ, бинӣ ва гулӯ метавонанд ба нутқ, қобилияти диққат додан ва раванди таълими кӯдак таъсир расонанд. Аз ин рӯ, муоинаи ЛОР низ аҳамияти хос дорад.
Муоинаи дандонпизишк
Пеш аз оғози таҳсил ҳолати дандонҳо ва ковокии даҳони кӯдакро санҷидан, мушкилоти мавҷударо сари вақт муайян ва дар ҳолати зарурӣ табобат кардан тавсия мешавад.
Муоинаи ортопед ё ҷарроҳ
Барои арзёбии ҳолати қомат, сутунмуҳра ва панҷаҳои пой, инчунин гирифтани тавсияҳо оид ба фаъолияти ҷисмонӣ муоинаи ортопед ё ҷарроҳ низ муфид аст.
Дар ҳолати зарурат — дигар мутахассисон
Вобаста ба вазъи саломатӣ ва хусусиятҳои инфиродии кӯдак, духтур метавонад муоинаи невролог, кардиолог, аллерголог ё дигар мутахассисонро тавсия диҳад.
Таҳлилҳо ва ташхисҳои иловагӣ
Гузаронидани таҳлилҳои лабораторӣ ва дигар ташхисҳо вобаста ба синну сол, вазъи саломатии кӯдак ва тавсияи духтур муайян карда мешавад. Бинобар ин, зарурати чунин санҷишҳоро бояд мутахассис муайян кунад.
Вазъи эмгузарониро низ санҷед
Пеш аз оғози соли таҳсил хуб аст, ки волидон мутобиқати эмгузаронии кӯдакро ба тақвими миллии эмкунӣ санҷида, инчунин омода будани ҳуҷҷатҳои зарурии тиббиро мутмаин шаванд.
Муоинаи саривақтии тиббӣ имкон медиҳад, ки мушкилоти эҳтимолии саломатии кӯдак пеш аз оғози таҳсил муайян шуда, барои пешгирӣ ё табобати онҳо чораҳои зарурӣ андешида шаванд.