Сурхондарё ба макони неруҳои «сабз» табдил меёбад

Бунёдкорони Ҷамъияти саҳомии «Ӯзбекгидроэнерго» дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар вилояти Сурхондарё боз як иншооти гидроэнергетикӣ — неругоҳи хурди барқи обии «Зарчоб-3» ва микроГЭС-и «Зарчоб-3А»-ро ба истифода доданд.

Дар маросими тантанавии ба истифода супурдани ин иншоот намояндагони ҳокимияти ноҳия, роҳбарият ва масъулони ҶС «Ӯзбекгидроэнерго», фаъолон, собиқадорон, пирони рӯзгор, мутахассисони соҳа ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок карданд.
photo_2026-08-25_17-43-22
Дар доираи иҷрои қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 1 майи соли 2026 «Дар бораи чораҳои таъхирнопазир оид ба рушди минбаъдаи соҳаи гидроэнергетика» дар дарёи Тӯпаланг, воқеъ дар ноҳияи Сариосиё, неругоҳи хурди барқи обии «Зарчоб-3» бо иқтидори 3,5 мегаватт ва микроГЭС-и «Зарчоб-3А» бо иқтидори 0,5 мегаватт бунёд шудаанд.

Ду иншооти гидроэнергетикӣ, ки ба муносибати 35-солагии Истиқлол ҳамчун туҳфа ба истифода дода шуданд, имкон медиҳанд, ки ҳамасола 200 миллион метри мукааб гази табиӣ сарфа гардида, 290 ҳазор хонаводаи вилоят бо неруи барқи устувор таъмин карда шаванд.

photo_2026-08-25_17-56-04
Сурхондарё дорои иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ мебошад. Релефи кӯҳистонӣ, дарёи Тӯпаланг ва дигар маҷроҳои об, фарқияти табиии баландӣ ва шароити гидрологии вилоят барои бунёди неругоҳҳои барқи обӣ имкониятҳои мусоид фароҳам меоранд. Истифодаи самараноки захираҳои гидроэнергетикии минтақаи «Тӯпаланг» барои ба вуҷуд овардани иқтидорҳои нави барқ, афзоиши ҳиссаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва таҳкими зарфиятҳои энергетикии минтақа омили муҳим хоҳад буд.

Бо ташаббуси Президенти кишвар солҳои охир ба истифодаи оқилонаи ин имкониятҳо ва рушди назарраси соҳаи гидроэнергетикаи вилоят таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. Аз ҷумла, нӯҳ сол пеш дар ин минтақа танҳо як неругоҳи барқи обӣ бо иқтидори 30 мегаватт неруи «сабз» истеҳсол мекард. Ҳоло шумораи неругоҳҳои барқи обӣ ба 13 адад ва иқтидори умумии онҳо ба 273,4 мегаватт расидааст. Ҳаҷми истеҳсоли солонаи неруи барқ 770 миллион киловатт-соатро ташкил медиҳад.

Дар як муддати кӯтоҳ ба истифода додани неругоҳҳои «Зарчоб-1», «Зарчоб-2» ва «Зарчоб-3» иқтидори гидроэнергетикии воҳаро марҳила ба марҳила афзоиш дод. Ба кор даромадани «Зарчоб-3А» низ дар истифодаи самараноки захираҳои мавҷудаи обӣ, истеҳсоли неруи барқи иловагӣ ва зиёд намудани ҳиссаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия нақши муҳим хоҳад дошт.

photo_2026-08-25_17-56-42
Ба истифода додани иқтидорҳои нави гидроэнергетикӣ, ки бо сарфи маблағҳои зиёд ва заҳмати созандагон бунёд мешаванд, барои қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисодиёт ба неруи барқ, таъмини устувории низоми энергетикӣ ва коҳиш додани истифодаи захираҳои сӯзишвории анъанавӣ мусоидат мекунад.

— Ба истифода додани ин неругоҳ дар вилоят қадами муҳими навбатӣ дар рушди гидроэнергетикаи Сурхондарё гардид, — мегӯяд директори Каскади ГЭС-ҳои «Тӯпаланг» А. Улуғов. — Каскади мо тадриҷан ба яке аз бузургтарин ва аз лиҳози стратегӣ муҳимтарин манбаъҳои энергияи барқароршаванда дар кишвар табдил меёбад. Ҷанбаи дигари муҳим он аст, ки акнун иншооти гидроэнергетикии моро бунёдкорони маҳаллӣ месозанд. Ҳамчунин, оби дарё пай дар пай шаш маротиба истифода мешавад.

Ба гуфтаи мутахассисон, корҳои марбут ба рушди гидроэнергетика дар вилоят бо Каскади ГЭС-ҳои «Зарчоб» маҳдуд намешаванд. Дар оянда сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ дар Каскади ГЭС-ҳои «Киштут» низ оғоз мегардад. Лоиҳаи бузург бо иқтидори 80 мегаватт аз се неругоҳи барқи обӣ иборат буда, ба истифодаи комплексии имкониятҳои гидроэнергетикии минтақаи Болоии Тӯпаланг равона шудааст.

Ҳамчунин, то соли 2032 дар вилояти ҷанубии кишвар бунёди 42 неругоҳи нави барқи обӣ бо иқтидори умумии 541 мегаватт ба нақша гирифта шудааст.

Дар натиҷаи амалӣ гардидани чунин корҳои бузурги созандагӣ шумораи неругоҳҳои барқи обӣ дар вилоят ба 55 адад ва иқтидори умумии онҳо ба 814,3 мегаватт расонида мешавад. Ҳаҷми солонаи истеҳсоли неруи барқ ба 2,7 миллиард киловатт-соат хоҳад расид. Ҳамзамон, ҳамасола тақрибан 760 миллион метри мукааб гази табиӣ сарфа карда мешавад.

photo_2026-08-25_17-58-25
Дар маросими тантанавӣ ҳокими ноҳияи Сариосиё Одил Ёқубов, муовини аввали раиси Раёсати Ҷамъияти саҳомии «Ӯзбекгидроэнерго» Беҳзод Амирсайидов ва дигарон суханронӣ карда, дар бораи таваҷҷуҳи хосса ба баланд бардоштани қадру қимати инсон ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои аҳолӣ дар солҳои охир андешаронӣ намуданд. Таъкид шуд, ки иқтидорҳои истеҳсолкунандаи энергияи «сабз», ки дар дарёи Тӯпаланг бунёд мешаванд, низ ба ҳамин ҳадафи нек хизмат мекунанд.

Дар фарҷоми чорабинӣ як гурӯҳ сохтмончиён, муҳандисон ва кормандони соҳа, ки дар татбиқи бомуваффақияти лоиҳаи нав саҳми арзанда гузоштанд, бо тӯҳфаҳои хотиравӣ ва сипосномаҳо қадрдонӣ шуданд.

Ҳамчунин, Ҷамъияти саҳомии «Ӯзбекгидроэнерго» ба муносибати хатнасури 12 нафар кӯдаки сокини ноҳияи Сариосиё ба онҳо таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ зоҳир намуда, туҳфаҳо тақдим кард.

Холимӯъмин Маматраимов,
мухбири ӮзА

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: