Навоӣ ва Минск: Қадамҳои нав дар ҳамкории байниминтақавӣ

Ҳайати вилояти Навоӣ таҳти роҳбарии ҳокими вилоят Нормат Турсунов дар Белорус бо раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Минск Алексей Кушнаренко мулоқот анҷом дод.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои рушди ҳамкории саноатӣ, ҷалби сармоя, истифодаи технологияҳои муосир ва роҳандозии корхонаҳои муштарак баррасӣ шуданд.
Яке аз самтҳои калидии мулоқот рушди ҳамкории саноатӣ мебошад. Дар ин робита пешниҳоди ташкили ҳамкории истеҳсолӣ бо ширкати машҳури «БелАЗ» аҳамияти махсус дорад.
Ҳамчунин ташкили пойгоҳи минтақавии хидматрасонии техникаи Заводи тракторсозии Минск ва табодули таҷриба дар соҳаи чорводорӣ пешниҳод гардид.
Омӯзиши таҷрибаи маҷмааҳои муосири чорводории ноҳияи Молодечно ва мутобиқсозии он ба шароити вилояти Навоӣ аз ҷумлаи самтҳои пешниҳодшуда мебошад. Аз ин рӯ, ҳамкорӣ дар самтҳои зотпарварӣ, ветеринария, истеҳсоли хӯроки чорво ва  ташкили комплексҳои сермаҳсул метавонад мавриди ҳамкории минбаъда қарор гиранд.
Ҷалби сармоягузорӣ низ яке аз масъалаҳои муҳими ҳамкории минтақаҳо мебошад. Имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ, саноатӣ, инфрасохтори нақлиётӣ ва энергетикии вилояти Навоӣ барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Баргузории форумҳои соҳибкорӣ, вохӯриҳои В2В, ташкили гурӯҳҳои муштараки корӣ ва таҳияи харитаи мушаххаси лоиҳаҳо метавонад қадами минбаъдаи татбиқи тавофуқҳои бадастомада бошад.
Сафари ҳайати вилояти Навоӣ ба вилояти Минск нишон дод, ки миёни ду минтақа барои густариши ҳамкориҳо имкониятҳои зиёд мавҷуданд.
 
Ӯзбакбойи Раҳмон,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: