Дар арафаи 35-солагии солгарди Истиқлол лоиҳаҳои фароҳам овардани шароити мусоид ба аҳолӣ пайваста амалӣ карда мешаванд.
Аз ҷумла, дар шаҳри Тирмиз бо мақсади баланд бардоштани сифати хидматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои мусофирон 30 автобуси нави замонавӣ ба хатсайр бароварда шуд.
Дар чорабинӣ ҳокими вилояти Сурхондарё иштирок намуда, ҳамагонро ба муносибати ҷашни Истиқлол табрик гуфт. Таъкид гардид, ки автобусҳои нав дар хидматрасонӣ ба аҳолӣ аҳамияти муҳим доранд.
Ба хатсайр баровардани автобусҳои нав барои боз ҳам такмил додани хидматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Тирмиз, фароҳам овардани шароити бештар барои мусофирон ва қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ ба нақлиёти босифат мусоидат хоҳад кард.
***
Ҳамчунин, дар вилояти Сурхондарё 48 иншоот мавриди истифода қарор гирифт.
Дар вилоят дар соли ҷорӣ дар доираи ҳамаи барномаҳо дар маҷмӯъ дар 955 иншоот корҳои сохтмону таъмир идома доранд. Барои ин ҳадафҳо аз буҷети давлатӣ 4,1 триллион сӯм маблағ равона карда шудааст.
Аз ҷумла, аз 170 иншоот, ки дар доираи барномаи сармоягузорӣ пешбинӣ шудаанд, дар 95-тои онҳо корҳо ба анҷом расида, мавриди истифода қарор гирифтанд. Аз ҷумла, 440 километр роҳ, 16 мактаб, 8 толори варзишии мактабӣ, 12 кӯдакистон ва 1 пункти тиббии оилавӣ ба истифода дода шуданд.
Ҳамчунин, 693 километр шабакаи барқӣ ва 166 нуқтаи трансформаторӣ таъмир карда шуданд, 480 километр роҳ ва 84 километр роҳравҳои пиёдагард сохта шуданд. Дар беш аз 100 кӯча зиёда аз 3 ҳазору 500 фурӯзонакҳои барқӣ насб гардиданд.
Дар ҳудудҳо 9 иншооти обтаъминкунӣ, 290 километр шабакаҳои оби нӯшокӣ ва 7 километр шабакаҳои оби партов сохта шуданд. Дар натиҷа 25 ҳазор нафар аҳолии 98 маҳалла бори аввал бо оби ошомидании мутамарказ таъмин гардиданд. Таъминоти оби ошомидании 41 ҳазор нафар сокини 55 маҳалла низ беҳтар карда шуд.
Ҳамон рӯз дар арафаи 35-солагии Истиқлол дар маҳаллаи Мангузари шаҳри Тирмиз бинои таълимии 504-ҷойӣ, хобгоҳи дорои 222-ҷой ва толори варзишии филиали Тирмизи мактаби махсусгардонидашудаи ба номи Муҳаммад ал-Хоразмӣ бо тантана мавриди истифода қарор дода шуд.
Масъулон таъкид намуданд, ки то охири сол навсозии инфрасохтори боз 202 маҳалла, ба истифода супоридани зиёда аз 100 иншоот ва биноҳои бисёрошёна барои 10 ҳазор оила ба нақша гирифта шудааст.
Сурайё НОРМАНӢ.
Вилояти Сурхондарё.