Ҳангоми кафондани варамҳои маддадор
Агар растании газна (чаёнӯт)-ро бо сирко омехта карда банданд, ба кушода шудани варамҳои чиркдор ва зудтар сиҳат ёфтани онҳо мусоидат мекунад.
Барои захмҳои чиркдор
Агар оби турби навро ба пахта тар карда, ба захмҳои чиркдор гузоред, зудтар шифо меёбед.
Ҳангоми сулфа
2 қошуқ равған, 2 дона зардии тухми нав, 1 қошуқча орди гандум, 2 қошуқча асалро хуб омехта, ҳангоми сулфа 1 қошуқӣ дар давоми рӯз чанд маротиба истеъмол кардан лозим аст. Агар ба ин омехта 1 қошуқ хокаи решаи ширинбия (қизилмия) ҳам илова карда шавад, таъсири он боз ҳам беҳтар мегардад.
Ҳангоми илтиҳоби рӯдаи ғафс
Дар организми инсон дар натиҷаи вайрон шудани фаъолияти ҳазм, ғизохӯрии нодуруст ва таъсирҳои гуногуни беруна илтиҳоби рӯдаи ғафс ба вуҷуд меояд. Дар табобати Шарқи қадим барои табобати ин беморӣ аз тухми хушки тарбуз истифода намудаанд. Як каф тухми тарбузро ба чойник меандозанд ва оби ҷӯш андохта, дам мекунанд. Пас аз тайёр шудани нӯшоба, ҳар рӯз 3 маҳал пеш аз хӯрок як пиёла менӯшанд ва ҳамчунин ба рӯдаи ғафс (дар шакли клизма) тақрибан 10 грамм фиристода мешавад.
Барои болидасозии рӯҳия
Меваи санҷид дорои хусусиятҳои аҷиб мебошад: истеъмоли он ба кас қувват мебахшад ва рӯҳияро болида месозад. Воқеан, агар дар дарахти санҷид меваи онро бинед ё истеъмол кунед, беихтиёр, дар кас аломатҳои хурсандӣ пайдо мешаванд.
Ҳангоми мӯйрезӣ
Мурчро бо намак ва пиёз омехта, ба ҷойҳои мӯйрехтаи сар моланд, баъд онро дар сар банданд, дар ҳамон ҷой дубора мӯй мерӯяд.
Дар ҳама гуна намуди камхунӣ
Аз шарбатҳои хуби лаблабу, турб ва сабзӣ ба миқдори баробар гирифта, ба зарфи шишагии махсуси тираранг, ки офтоб таъсир намекунад, андозед. Даҳони зарфро маҳкам баста, гирди онро бо хамир пӯшонед. Ин омехтаи шарбатҳоро 3 соат дар буғ нигоҳ доред. Ин нӯшокии шифобахшро пас аз омода гардидан ҳар рӯз 3 қошуқӣ пеш аз хӯрок истеъмол кардан тавсия дода мешавад. То 3 моҳ идома додани раванди истеъмол мувофиқи мақсад мебошад.
Ҳангоми карахт будан
Ҳазориспандро дар об ҷӯшонида, оби онро ба узвҳои сустшуда бирезанд, ба онҳо қувват мебахшад ва карахтиро бартараф мекунад.
Ҳангоми зуд-зуд хаста шудани пиронсолон
Агар пиронсолон зуд-зуд хаста шаванд, метавонанд тамашк (малина) – 15 грамм, зағир (катир) – 15 грамм, қонтепар – 9 грамм, хокаи шохи оҳуро ба миқдори 9 грамм гирифта, дар 200 миллиграмм об ҷӯшонанд ва 1 қошуқӣ 3 маҳал дар як рӯз, дар давоми 7 рӯз нӯшанд.
Ҳангоми буридан
Агар ягон ҷойи худро буридед, барои боздоштани хунравӣ дар он ҷо шакар резед ё барги зулф (подорожник) гузоред, ё ки мӯмиё молед.
(Давом дорад).
Таҳияи З. ҲАМДАМОВА,
А. РӮЗИМАТОВ.