Бино ба гузориши BBC News, шакар барои Ҳиндустон танҳо як маҳсулоти маъмулӣ нест. Он ҷузъи ҷудонашавандаи шириниҳои суннатӣ, ҷашнҳо ва бозори бузурги маҳсулоти ғизоӣ ба ҳисоб меравад. Аммо имсол вазъ ба ҳадде тағйир ёфтааст, ки кишваре, ки худ яке аз бузургтарин истеҳсолкунандагони шакар дар ҷаҳон аст, маҷбур шудааст барои қонеъ кардани талаботи дохилӣ ба бозори хориҷӣ рӯ оварад.
Ҳукумати Ҳиндустон тасмим гирифтааст 1 миллион тонна шакар ворид кунад. Ин аввалин воридоти шакар барои истеъмоли дохилӣ дар тақрибан даҳ соли охир мебошад.

Нархи шакар дар ду моҳ 40 фоиз боло рафт
Мушкил дар ҳолест, ки Ҳиндустон бузургтарин истеъмолкунандаи шакар дар ҷаҳон ба шумор меравад. Аз моҳи август талабот ба ин маҳсулот одатан якбора меафзояд, зеро мавсими ҷашнҳои бузург оғоз мешавад.
Ҷашнҳои Ганеш Чатуртҳӣ, Дуссера ва Дивали миллионҳо нафарро ба харид водор мекунанд. Пас аз онҳо мавсими тӯйҳо фаро мерасад. Корхонаҳои истеҳсоли нӯшокиҳо, шириниҳо ва дигар маҳсулоти ғизоӣ низ пешакӣ захираи ашёи хомро зиёд мекунанд.
Дар чунин шароит нархҳо боло рафтанд. Агар дар моҳҳои май-июн як килограмм шакар тақрибан 40–45 рупия арзиш дошта бошад, моҳи август дар баъзе бозорҳо нарх ба 58–60 рупия ва бештар расид. Яъне афзоиш тақрибан 40 фоизро ташкил медиҳад.
Чаро шакар кам шуд?
Тибқи маълумоти овардаи BBC, истеҳсоли шакар дар мавсими ҷорӣ, ки аз октябри соли 2025 то сентябри соли 2026 идома мекунад, тақрибан 30,6 миллион тонна пешбинӣ мешавад. Ин нишондиҳанда аз пешбинии қаблии ҳукумат — 34,3 миллион тонна — хеле камтар аст.
Яке аз сабабҳои асосӣ тағйирёбии обу ҳаво мебошад.
Найшакар зироати серобталаб аст ва ба боришоти муссон сахт вобастагӣ дорад. Дар иёлатҳои муҳими истеҳсолкунандаи найшакар, аз ҷумла Маҳараштра, Уттар-Прадеш ва Карнатака, давраҳои хушксолӣ, боришоти номунтазам ва дар баъзе минтақаҳо боришоти аз ҳад зиёд ба ҳосил таъсир расондаанд.
Илова бар ин, бемориҳои растанӣ низ истеҳсолотро коҳиш додаанд. Найшакари заифтар ва кам шудани миқдори сахароза маънои онро дорад, ки аз ҳамон ҳаҷми найшакар нисбат ба солҳои пеш шакари камтар истеҳсол мешавад.
Як иштибоҳи ҳисобӣ ҳам буд
Аммо танҳо иқлим сабаби мушкил нест.
Коршиносон ба як масъалаи дигар низ ишора мекунанд: Ҳиндустон дар оғози мавсим ҳаҷми истеҳсоли худро аз ҳад зиёд арзёбӣ кардааст.
Ҳукумат аввал ба содироти 1,5 миллион тонна шакар иҷозат дод ва моҳи феврал боз 500 ҳазор тоннаи дигарро тасдиқ кард. То замони қатъи содирот дар моҳи май тақрибан 800 ҳазор тонна шакар аз кишвар хориҷ шуда буд.
Баъдан маълум шуд, ки истеҳсоли дохилӣ ба пешбиниҳо ҷавобгӯ нест.
Ин вазъ саволи муҳимро ба миён овард: агар Ҳиндустон медонист, ки захираи шакар метавонад коҳиш ёбад, чаро ба содироти чунин ҳаҷм иҷозат дода шуд?

Шакар барои бензин ҳам лозим шудааст
Омили дигар — истеҳсоли этанол аст.
Ҳиндустон солҳои охир истифодаи этанолро дар сӯзишворӣ босуръат зиёд мекунад. Кишвар барномаи E20 — омехтаи 20-фоизаи этанол бо бензин — ро густариш медиҳад.
Барои истеҳсоли этанол як қисми найшакар равона мешавад. Тибқи маълумоти ҳукумати Ҳиндустон, ҳиссаи найшакари ба истеҳсоли этанол равонашуда аз 12 фоиз дар мавсими 2022–23 то тақрибан 9 фоиз дар мавсими 2025–26 коҳиш ёфтааст.
Бо вуҷуди ин, дар соли камҳосил ҳар тонна найшакар аҳамияти бештар пайдо мекунад. Аз ин рӯ, бархе коршиносон бар онанд, ки истифодаи найшакар барои истеҳсоли этанол низ ба танг шудани бозори шакар таъсир расондааст.
Мушкил танҳо мушкили Ҳиндустон нест
Ҳамзамон, бозори ҷаҳонии шакар низ зери фишор қарор дорад.
Тағйирёбии иқлим ба истеҳсолоти як қатор кишварҳои калидӣ таъсир расондааст. Дар Таиланд кам шудани боришот ба зироатҳо таъсир гузошта, дар Бразилия — бузургтарин истеҳсолкунандаи шакар дар ҷаҳон — боришоти зиёд раванди ҷамъоварии найшакарро мушкил кардааст.
Дар баъзе кишварҳои Аврупо низ гармои шадид ба ҳосили лаблабуи қанд таъсир расондааст.
Тибқи пешбиниҳои ҳукумати ИМА, истеҳсоли ҷаҳонии шакар дар мавсими ҷорӣ метавонад то 184,9 миллион тонна коҳиш ёбад. Як соли пеш ин нишондиҳанда 186,1 миллион тонна буд.
Барои Ҳиндустон ин танҳо масъалаи шакар нест
Қарори ворид кардани 1 миллион тонна шакар нишон медиҳад, ки ҳатто кишварҳои дорои кишоварзии бузург ва захираҳои назаррас дар шароити тағйирёбии иқлим ва афзоиши талабот метавонанд ба бозори ҷаҳонӣ вобаста шаванд.
Ҳиндутстон ҳоло кӯшиш дорад то оғози ҳосили нави найшакар захираи кофӣ дошта бошад. Коршиносони соҳа пешниҳод кардаанд, ки корхонаҳои шакарбарорӣ мавсими коркарди найшакарро тақрибан ду ҳафта барвақттар оғоз кунанд.
Аммо ҳосили соли оянда низ аз таъсири обу ҳаво эмин нест.
Аз ин рӯ, масъала танҳо дар он нест, ки имрӯз шакар чӣ қадар арзиш дорад. Ҳодисаи Ҳиндустон боз як мисоли равшани он аст, ки тағйирёбии иқлим, сиёсати энергетикӣ, тиҷорати байналмилалӣ ва амнияти озуқаворӣ то чӣ андоза бо ҳам алоқаманд шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, коршиносон бар онанд, ки агар нархи шакар дар сатҳи баланд боқӣ монад, барои корхонаҳо истифодаи қисми бештари найшакар барои истеҳсоли шакар нисбат ба этанол метавонад аз ҷиҳати иқтисодӣ фоидаовартар шавад.
Аммо барои оянда як сабақ муҳим боқӣ мемонад: дар бозори маҳсулоти ниёзи аввал пешгӯии дақиқи ҳосил ва идоракунии дурусти захираҳо метавонад аз зарурати воридоти ногаҳонӣ пешгирӣ кунад.
Манбаъ: BBC News