Роҳнамои ҷаҳони дониш

Аз рӯзҳои аввали истиқлолияти кишвар масъалаи таълиму тарбияи насли наврас бо донишҳои муосир ва таъмини таҳсилоти ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳонӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ гардидааст.

Ҳеч ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,

То тавонӣ рӯй бар ин ганҷ неҳ.

Ин мисраъҳои Устод Рӯдакӣ имрӯз ҳам маънои худро гум накардаанд. Зеро дар ҷаҳоне, ки дониш марз намешиносад, забон ба яке аз муҳимтарин калиди дари имкониятҳо табдил ёфтааст. Донистани забонҳои хориҷӣ имрӯз танҳо як малакаи иловагӣ нест, балки роҳест ба сӯйи дониш, илми муосир, технология ва таҳсилоти байналмилалӣ.

Аз рӯзҳои аввали истиқлолияти кишвар масъалаи таълиму тарбияи насли наврас бо донишҳои муосир ва таъмини таҳсилоти ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳонӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ гардидааст.

Қабули қонун «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба баланд бардоштани  самаранокии низоми омӯзиши забонҳои хориҷӣ» барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати аз синни ҷавонӣ ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҷалб намудани ҷавонон заминаи устувор гузошт. Ҷорӣ намудани таълими забонҳои хориҷӣ, бахусус забони англисӣ, дар муассисаҳои томактабӣ ва синфҳои ибтидоии мактабҳо аз ҷумлаи иқдоми муҳим дар ин самт мебошад.

Таъсиси Агентии оммавӣ гардонидани омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар назди Девони Вазирон низ аз таваҷҷуҳи пайвастаи давлат ба рушди соҳа шаҳодат медиҳад.

Имрӯз, ки талабот ба сифати таҳсилот рӯз то рӯз меафзояд, ҷомеа ба омӯзгорони навовару соҳибтаҷриба ниёзи бештар дорад. Хушбахтона, дар мактабҳои мо устодоне ҳастанд, ки бо истифода аз усулҳои муосири таълим ва таҷрибаи бойи касбӣ барои баланд бардоштани сифати таълим саҳми арзанда мегузоранд.

Яке аз чунин устодони соҳибтаҷриба Ҳамида Сотиволдиева мебошад, ки бо фаъолияти пурсамар, маҳорати баланди касбӣ ва дастовардҳои назаррас миёни шогирдон ва ҳамкасбон мақоми арзанда пайдо кардааст. Ӯ солҳои 1985-1990 дар факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд таҳсил намуда, фаъолияти меҳнатии худро соли 1990 оғоз кардааст. Аз соли 2011 то имрӯз дар мактаби рақами 5-уми ноҳияи Косонсойи вилояти Намангон ҳамчун омӯзгори забони англисӣ фаъолияти пурсамар дорад. Беш аз 30-сол аст, ки бо масъулияти баланд дар соҳаи таълим фаъолият намуда, барои баланд бардоштани сифати таълим ва тарбияи насли наврас саҳми арзанда мегузорад. Ӯ ҳамзамон роҳбари Иттиҳодияи методии омӯзгорони фанни забони англисӣ буда, барои такмили маҳорати касбии ҳамкорон ва баланд бардоштани сифати таълим кӯшиш мекунад. Дар натиҷаи ҷустуҷӯҳои пайвастаи касбиаш дорои тоифаи олӣ, сертификати сатҳи В2 оид ба забони англисӣ ва сертификати ТКТ Band 3 гардидааст. Дарсҳои ӯ ҳамеша бо истифода аз усулҳои муосири таълим, технологияи рақамӣ, машғулиятҳои интерактив ва муҳити дӯстона баргузор мешаванд. Чунин тарзи омӯзиш шавқу рағбати хонандагонро ба омӯзиши забони англисӣ бештар намуда, онҳоро барои андешаи мустақил ва муоширати озод омода месозад. Онҳо дар чорабиниҳои гуногунӣ таълимӣ, олимпиадаҳои фаннӣ фаъолона иштирок намуда, ҷойҳои ифтихориро соҳиб мешаванд. Ин дастовардҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки омӯзгор дар баробари таълими забони англисӣ ба рушду қобилияту истеъдоди хонандагон низ таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунад.

– Мо Сотиволдиеваро ҳамчун омӯзгори навовар, масъулиятшинос ва ташаббускор медонем, – мегӯяд мудири қисми илмии мактаб  Муаззам Аълохонова.  – Муаллим дар курсҳои такмили ихтисос, семинарҳо ва барномаҳои омӯзишӣ иштирок намуда, таҷрибаи пешқадамро дар фаъолияти худ татбиқ мекунад. Аз ҷумла, бо саъю кӯшиши ӯ дар мактаб бо ҳамкории омӯзгорони забонҳои хориҷӣ ва омӯзгори филиппинӣ  фестивали забони англисӣ баргузор гардид, ки хонандагон донишу маҳорати забондонии худро намоиш дода, дар машғулиятҳои интерактив, суҳбат, бозиҳои омӯзишӣ ва барномаҳои фарҳангӣ  фаъолона иштирок карданд. Чунин чорабиниҳо барои рушди малакаи забондонӣ, ҷаҳонбинӣ ва эътимоди хонандагон мусоидат мекунад.

Бо мақсади ҳавасмандгардонии муассисаҳои таълимӣ ва баланд бардоштани сифати омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҳар сол озмуни «Беҳтарин мактаб оид ба омӯзиши забони хориҷӣ» барои Ҷоизаи Президент баргузор мегардад, ки муваффақияти мактаби таҳсилоти умумии рақами 5 дар ин озмун қобили зикр аст. Ҷамоаи мактаб солҳои охир дар ин озмун пайваста ҷойҳои баландро ишғол карда, соҳиби ҷоизаҳои пулӣ мегардад.

Албатта, чунин дастовардҳо натиҷаи меҳнати дастҷамъонаи омӯзгорону хонандагон мебошанд. Дар ин муваффақиятҳо саҳми омӯзгорони соҳибтаҷрибае чун Ҳамида Сотиволдиева низ назаррас аст.

–  Муаллими муваффақ касест, ки ҳамеша дар ҷустуҷӯ мебошад. Барои ӯ ҳар як дарс як майдони кашфиёти нав ва ҳар як шогирд як ҷаҳони алоҳида аст. Дидани меваи заҳмат, яъне муваффақият ва соҳибмаърифат гаштани шогирдон хушбахтии муаллим аст, – мегӯяд Ҳ. Сотиволдиева. – Соҳиби грант ва мукофотҳо гардидан на танҳо мояи ифтихор, балки масъулияти бештар дар роҳи рушди минбаъдаи сифати таълим мебошад.  Ин ҷоиза ба ман ва ҷамоаи мактаб имкон медиҳад, ки ғояҳои нави худро дар мактаб амалӣ созем, синфхонаҳоро  муосиртар гардонем ва ба шогирдон роҳҳои нави илмомӯзиро нишон диҳем. Ин барои мо як такони бузург барои татбиқи лоиҳаҳои нави таълимӣ мебошад.

Даҳҳо шогирдони ӯ соҳиби сертификатҳои байналмилалии забондонӣ IELTS ва CEFR гардида, дар донишгоҳҳои бонуфузи дохилу хориҷ таҳсил мекунанд.

– Шарофати дарсҳои муаллим ва усули дурусти таълими ӯ буд, ки ман забон омӯхтам ва Донишгоҳи давлатии забонҳои хориҷии Ӯзбекистонро бомуваффақият хатм кардам. Имрӯз хушбахтам, ки бо муаллим ҳамчун устод-шогирд дар як мактаб фаъолият мебарам, – мегӯяд Иродахон Абдуҳакимова. – Муаллим на танҳо забондонӣ, балки шахсияти ҷаҳонбинии моро ташаккул дода, фарҳанги муошират, эҳтиром ба дониш, меҳнатдӯстӣ ва ҳисси масъулиятро низ ёд доданд.

Муваффақияти муаллим на танҳо дар сипосу эҳтироми шогирдон, балки дар арзёбии баланди давлат ва ҷомеа низ инъикос ёфтааст. Тӯли солҳои фаъолияти пурсамар, ӯ барои саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас соҳиби чандин ҷоизаву мукофотҳои соҳавӣ, аз ҷумла, ғолиби озмуни «Муаллими сол», ифтихорномаҳои Вазорати таълим ва ҷоизаҳои байналмилалӣ гардид, ки ҳар кадоме аз заҳматҳои ӯ гувоҳӣ медиҳанд. Имрӯз Ҳамида бо фаъолияти пурмазмун ва дастовардҳои арзандааш на танҳо ифтихори мактаб гардидааст, балки дар ноҳияву вилоят ҳамчун яке аз машъалдорони соҳаи таълим шинохта шудааст. Комёбии ӯ далели он аст, ки меҳнати ҳалол, дониши амиқ ва садоқат ба касб ҳамеша самараи нек медиҳанд. Бо эҳтироми зиёд ба чунин омӯзгорони соҳибкасб метавон гуфт, ки рушди соҳаи таълими кишвар аз фаъолияти онҳо неру мегирад.

Мағфират Мамаҷонова,

хабарнигори

«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: