Туҳфаи арзанда ба ҷашн

Дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар маҳаллаи «Қақир»-и ноҳияи Сӯх мактаби замонавӣ ба истифода дода шуд. Бинои мактаби таҳсилоти умумии рақами 14 пас аз таъмири куллӣ ва азнавсозӣ бо қиёфаи комилан нав ва муосир, мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонии таълим, дарҳои худро ба рӯи хонандагон боз намуд.

Маросими кушодашавии ин боргоҳи маърифат ба як шодиёнаву тантанаи бузург табдил ёфт. Дар ин чорабинии бошукӯҳ ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров иштирок намуда, ҳозирин ва тамоми сокинони ноҳияро бо Истиқлолияти давлатӣ табрик гуфт. Таъкид гардид, ки ислоҳоти васеъмиқёси солҳои охир дар мамлакат, пеш аз ҳама, ба арҷгузории қадри инсон, баланд бардоштани некӯаҳволии аҳолӣ ва рушди ҳамаҷонибаи ҳудудҳо нигаронида шудааст. Таҳти таваҷҷуҳи хоси роҳбари давлат, корҳои ободониву бунёдкорӣ ҳатто дар дурдасттарин гӯшаҳо, аз ҷумла дар ноҳияи Сӯх босуръат давом доранд ва қиёфаи нави мактаби рақами 14 намунаи амалии ин кӯшишҳост.

Дар доираи Барномаи инвеститсионӣ дар ин муассиса корҳои васеи сохтмонӣ ва азнавсозӣ анҷом дода шуданд. Аз ҷумла, бинои нави таълимӣ барои 420 ҷойи нишаст бунёд гардида, бинои мавҷудаи дорои 624-ҷойи нишаст пурра таъмир гардид. Барои ин мақсадҳо қариб 12 миллиард сӯм маблағ равона шудааст. Ба хонандагону омӯзгорон тамоми шароити зарурӣ ва имкониятҳои замонавии таълим фароҳам оварда шудааст.

Ҳокими вилоят изҳори боварӣ кард, ки ҷамоаи мактаб дар ин шароити нав сифати таълимро боз ҳам баланд бардошта, ҷавонони босавод ва соҳибтистеъдодеро тарбия мекунанд, ки дар рушди Ватан саҳми арзанда мегузоранд.

Дар чорабинӣ ба фаъолони сохтмон, ки дар корҳои таъмиру тармим саҳми муносиб гузоштанд, мукофотҳо супорида шуда, ба ҷамоаи мактаб туҳфаҳои хотиравии ҳокимияти вилоят тақдим гардид. Фаъолони ноҳия ва сокинони маҳалла аз чунин таваҷҷуҳ ва шароити муҳайёшуда изҳори миннатдорӣ намуданд.

Дар анҷоми маросим калиди рамзии мактаб ба маъмурияти муассиса супорида шуда, лентаи рамзӣ бурида шуд. Меҳмонон аз шароитҳои нави синфхонаҳо наздик шинос шуданд. Ҳокими вилоят бо нурониёни маҳаллӣ дар бораи дигаргуниҳои мусбати ҳудуд суҳбат намуда, ба масъулон супориш дод, ки фонди китобхонаи мактабро боз ҳам ғанӣ гардонанд.

 

Раҳимбердӣ Тошматов.

Вилояти Фарғона.

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: