Савдои одам – муаммои давру замон

Дар шароити кунунӣ ҷинояти қочоқ ё савдои одам ба амният ва суботи мамлакат ва аъзои ҷамъияте, ки дар он ба сар мебаранд, таҳдиди ҷиддӣ ба бор овардааст. Мувофиқи маълумотҳое, ки дар бораи кочоқи инсон расонаҳои гуногун пахшу нашр кардаанд, ҳар сол садҳо ҳазор нафар қурбони ин иллати ногувор мешаванд.

Хушбахтона, дар Ӯзбекистон ба ҷанбаҳои ҳуқуқии мубориза бо савдои инсон ва бартараф намудани оқибатҳои он аҳамияти вижа дода мешавад. Фармони Президент Шавкат Мирзиёев аз 3 августи соли 2026 «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба такмили куллии низоми муайян кардани қурбониёни савдои одам ва ҳамгироии онҳо ба ҷомеа» ва Қонун «Дар бораи мубориза бо қочоқи инсон», ки Сенати Олий Маҷлис дар таҳрири нав қабул кардааст, аз ҳамин шумор мебошанд.
Тавре ки масъули дафтари матбуоти бахши вилоятии Агентии ҳимояи иҷтимоии ҷумҳурӣ Давлатҷон Полвонов мегӯяд, қадри шаъну шарафи инсон, дастгирии ҳамаҷонибаи аҳолии ниёзманди ҳифзи иҷтимоӣ, сари вақт муайян кардани шаҳрвандоне, ки дар вазъияти душвори зиндагӣ қарор доранд ва расонидани кумаки мақсаднок ба онҳо яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлати соҳибистиқлоламон қарор гирифтааст.
Аз гуфтаҳои Давлатҷон Полвонов бармеояд, ки дар вилояти Фарғона дар се соли охир 42 шаҳрванд ва аз аввали соли ҷорӣ 12 нафар ҳамчун қурбонии хариду фурӯши одам ба қайд гирифта шудаанд. Дар соли 2025, дар маҷмӯъ 15 ариза ва шикоят дар бораи хариду фурӯши одам аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят баррасӣ шуда, нисбати 11 нафари онҳо парвандаҳои ҷиноӣ оғоз карда шудаанд, ки 8 нафар бошандагони шаҳри Фарғона, 1 нафар сокини шаҳри Қӯқанд ва 2 нафар аз ноҳияи Бувайда мебошанд.
– Муайян карда шуд, ки 1 қурбонии хариду фурӯш барои истисмори ҷинсӣ ба  Русия, 7 нафар ба Туркия, 2 нафар ба Аморати Муттаҳидаи Араб ва 1 нафар ба Ҳиндустон фиристода шудаанд. Дар парвандаҳои ҷиноии оғозшуда дар маҷмӯъ 13 ҷабрдида муайян гардиданд, ки 10 нафари онҳо дар шаҳри Фарғона, 2 нафар дар ноҳияи Тошлоқ ва 1 нафар дар ноҳияи Қуштеппа зиндагӣ мекунанд, – мегӯяд Давлатҷон Полвонов.
Ба ҷабрдидагони ҷинояти савдои одам як қатор хидматрасониҳои тиббӣ, иҷтимоӣ, равонӣ, ҳуқуқӣ ва барқарорсозӣ пешниҳод карда шудааст.
Масъули дафтари матбуоти бахши вилоятии Агентии ҳифзи иҷтимоӣ мегӯяд, аз 1 сентябри соли 2026 барои қабули муроҷиатҳо аз қурбониёни хариду фурӯши одам дар саросари қаламрави Ӯзбекистон хати кӯтоҳи телефонии 1146-и IHMA истифода мешавад.
Бар иловаи ин, шахсоне, ки мақоми шахси гумонбар ба қурбонии хариду фурӯши одамонро доранд, метавонанд барои як моҳ аз хидматрасонии маркази махсусгардонидашуда ё марказҳои минтақавӣ истифода баранд. Барои шахсоне, ки расман ҳамчун қурбонӣ эътироф шудаанд, мӯҳлати гирифтани чунин хидматрасониҳо то шаш моҳ муқаррар шудааст.
Сухангӯи Агентии ҳифзи иҷтимоии ҷумҳурӣ Дилфуза Рӯзметова мегӯяд, баъзе афрод кӯшиш мекунанд, ки аз чунин шароит ва имкониятҳо барои манфиати худ истифода баранд ва шаҳрвандони моро бо фиребу найрангҳои гуногун ба хориҷа баранд, ки боиси таассуф мебошад.
Тибқи иттилои Созмони байналмилалии меҳнат, дар саросари ҷаҳон дастикам 22 миллион нафар қурбонии меҳнати маҷбурӣ мебошанд. Ғайр аз ин, ҳеч кишвари ҷаҳон аз қочоқи инсон эмин нест. Тибқи иттилои СММ, 71 фоизи қурбониёни қочоқи инсон занон ва кӯдакон мебошанд, ки ҳодисаи басо нигаронкунанда арзёбӣ мегардад.
Ба ҷойи хулоса метавон қайд кард, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар Ӯзбекистон баланд бардоштани шаъну шарафи инсон аст.
Дар натиҷаи сиёсати башардӯстонаи Президент чандин нафар қурбониёни савдои одамон аз гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон ба назди оилаҳои худ баргардонида шуданд ва ин раванд муваффақона идома дорад. 
 
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик»
 дар вилояти Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: