Сингапур барои афзоиши таваллуд ба оилаҳо то 55 ҳазор доллар кумак мекунад

Ҳукумати Сингапур бо ҳадафи дастгирии оилаҳо ва баланд бардоштани сатҳи таваллуд ҳаҷми пардохтҳои иҷтимоиро барои фарзандон афзоиш медиҳад. Тибқи нақша, барои ҳар як кӯдак то расидан ба синни 17-солагӣ дар маҷмӯъ тақрибан 70 ҳазор доллари сингапурӣ, муодили 55,15 ҳазор доллари ИМА, ҷудо карда мешавад.

Пас аз таваллуди кӯдак ба оилаҳо ду маротиба 10 ҳазор доллари сингапурӣ пардохт карда мешавад. Яке аз ин маблағҳо барои таълими минбаъдаи кӯдак пешбинӣ шудааст.

Сарвазири Сингапур Лоуренс Вонг гуфтааст, ки дар шароити коҳиши пайвастаи сатҳи таваллуд низоми кумакпулиҳои кӯдакон бозбинӣ мешавад. Дар ин бора рӯзномаи Financial Times хабар додааст.

«Бо вуҷуди тамоми чораҳое, ки барои дастгирии оилаҳо меандешем, бояд воқеъбин бошем — эҳтимол дорад, ки нишондиҳандаи умумии таваллуд дар кишвар ҳамоно хеле поёнтар аз сатҳе боқӣ монад, ки барои афзоиши табиии аҳолӣ зарур аст», — гуфтааст Вонг.

Ҳамзамон бо бознигарии низоми пардохтҳои иҷтимоӣ, ҳукумати Сингапур барномаи содагардонидашудаи дастрасӣ ба манзили аввалинро барои волидон ҷорӣ мекунад. Инчунин ба оилаҳои серфарзанд, ки се ва зиёда фарзанд доранд, рӯзҳои иловагии рухсатӣ барои нигоҳубини кӯдак дода мешаванд. Бар асоси тағйироти нав, ҳар як волидайни коркунанда метавонад то 12 рӯзи чунин рухсатӣ гирад, дар ҳоле ки қаблан ин муҳлат 8 рӯз буд, хабар медиҳад Коммерсант.

Қаблан дар Сингапур ба волидон ҳангоми таваллуди фарзанд як маротиба то 10 ҳазор доллари сингапурӣ пардохт мешуд. Акнун кумакпулиҳо дар чанд марҳила ва дар давоми солҳои аввали зиндагии кӯдак пардохт хоҳанд шуд. Ба гуфтаи ҳукумат, ин тадбирҳо бояд ба афзоиши сатҳи таваллуд мусоидат кунанд.

Сингапур чандин даҳсола боз барои беҳтар намудани вазъи демографӣ чораҳои гуногун меандешад. Соли 2025 дар кишвар сатҳи рекордии пасти таваллуд ба қайд гирифта шуд: ба ҳисоби миёна ба ҳар як зан ҳамагӣ 0,87 фарзанд рост меомад. Барои таъмини таҷдиди табиии аҳолӣ бошад, ин нишондиҳанда бояд тақрибан 2,1 фарзанд ба ҳар як занро ташкил диҳад.

Тибқи ҳисобҳои Созмони Милали Муттаҳид, то соли 2030 тақрибан аз ҳар чор сокини Сингапур як нафар метавонад аз 65-сола боло бошад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: