Дар Ӯзбекистон объектҳои энергетикии дорои иқтидори 2 423 МВт ба истифода дода шуданд

Ба муносибати 35-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар кишвар нерӯгоҳҳои барқӣ ва низомҳои захираи энергия бо иқтидори умумии 2 423 МВт ба истифода дода шуданд. Арзиши умумии лоиҳаҳо 1,7 миллиард долларро ташкил дод.

Аз иқтидорҳои нави ба кор даровардашуда 1 573 МВт ба нерӯгоҳи барқи гармидиҳӣ, 300 МВт ба нерӯгоҳҳои офтобӣ, 200 МВт ба нерӯгоҳҳои бодӣ ва 350 МВт ба низомҳои захираи энергия рост меояд.
Дар Бойовут нерӯгоҳи барқи гармидиҳии дорои иқтидори 1 573 МВт ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Бойовути вилояти Сирдарё нерӯгоҳи барқи гармидиҳӣ бо иқтидори 1 573 МВт ба истифода дода шуд.
Нерӯгоҳ дар як сол 13 миллиард кВт·соат нерӯи барқ истеҳсол мекунад. Коэффитсиенти самаранокии он 61,7 фоизро ташкил медиҳад. Ин имкон медиҳад, ки дар як сол 1,1 миллиард метри мукааб гази табиӣ сарфа карда шавад.
Лоиҳаи мазкур, ки арзиши он 900 миллион долларро ташкил медиҳад, аз ҳисоби сармоягузориҳои мустақим дар ҳамкорӣ бо консорсиуми ширкатҳои «EDF»-и Фаронса, «Nebras Power»-и Қатар, «Sojitz Corporation» ва «Kyuden International»-и Ҷопон амалӣ гардид.
Ҳангоми сохтмони нерӯгоҳ 3 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуд. Пас аз ба истифода додани иншоот 120 ҷойи кори доимӣ ташкил гардид.
Дар Нурота нерӯгоҳи офтобӣ ва низоми захираи энергия ба истифода дода шуданд
Дар ноҳияи Нуротаи вилояти Навоӣ нерӯгоҳи фотоэлектрикии офтобӣ бо иқтидори 300 МВт ва низоми захираи энергия бо иқтидори 150 МВт ба истифода дода шуданд.
Лоиҳа бо арзиши 390 миллион доллар дар ҳамкорӣ бо ширкати «China Energy Overseas Investment»-и Чин амалӣ гардид.
Нерӯгоҳ дар як сол 657 миллион кВт·соат энергияи «сабз» истеҳсол мекунад. Ин ба истеъмоли яксолаи 273 ҳазор хонавода баробар аст.
Дар натиҷаи татбиқи лоиҳа ҳар сол 175 миллион метри мукааб гази табиӣ сарфа шуда, аз хориҷ шудани 377 ҳазор тонна моддаҳои зараровар ба атмосфера пешгирӣ карда мешавад. Дар иншоот 30 ҷойи кори доимӣ таъсис дода шуд.
Дар Қораӯзак нерӯгоҳи барқи бодии дорои иқтидори 200 МВт ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Қораӯзакки Ҷумҳурии Қарақалпоқистон нерӯгоҳи барқи бодӣ бо иқтидори 200 МВт ва низоми захираи энергия бо иқтидори 100 МВт ба истифода дода шуданд.
Арзиши лоиҳа 263 миллион доллар буда, он дар ҳамкорӣ бо ширкати «ACWA»-и Арабистони Саудӣ амалӣ гардид.
Нерӯгоҳ дар як сол 701 миллион кВт·соат ё ба андозаи истеъмоли яксолаи 292 ҳазор хонавода энергияи «сабз» истеҳсол мекунад.
Дар натиҷаи татбиқи лоиҳа ҳар сол 187 миллион метри мукааб гази табиӣ сарфа шуда, аз хориҷ шудани 403 ҳазор тонна моддаҳои зараровар ба атмосфера пешгирӣ карда мешавад. Ҳамчунин 25 ҷойи кори доимӣ таъсис дода шуд.
Дар Уйчӣ низоми захираи энергия бо иқтидори 100 МВт ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Уйчии вилояти Намангон низоми захираи энергия бо иқтидори 100 МВт ба истифода дода шуд.
Лоиҳа бо арзиши 110 миллион доллар аз ҷониби ширкати «China Energy Overseas Investment Co., Ltd»-и Чин амалӣ гардид.
Ин низом имкон медиҳад, ки энергияи барқ дар як рӯз ду маротиба, дар давоми ду соат, бо иқтидори 100 МВт (200 МВт·соат) захира карда шавад. Энергияи захирашуда дар вақти зиёд шудани сарборӣ дар шабакаи барқӣ барои таъмини устувории низом истифода мешавад.
Дар натиҷаи ба истифода додани лоиҳа 30 ҷойи кори доимӣ таъсис дода шуд.
Ин лоиҳаҳо барои ташаккули иқтидорҳои нави истеҳсолӣ дар низоми энергетикии Ӯзбекистон, васеъ намудани истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва баланд бардоштани устувории таъминоти барқ хизмат мекунанд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: