Шаҳри Қаршӣ мизбони зинаи ҷумҳуриявии мусобиқаи варзишии волейбол гардид. Аз рӯйи ин намуди варзиш дастаҳои зиёде аз тамоми нуқоти кишвар барои дарёфти «Ҷоми Вазорати умури дохилӣ» ба сабқат баромаданд.
Дастаҳои ғолиби марҳилаи вилоятӣ аз рӯйи синну сол ба ду гурӯҳ ҷудо шуданд: волейболбозони синни аз 16 то 21-сола ва аз 22 то 30-сола. Варзишгарон барои ҳимояи шарафи вилояти худ ҷидду ҷаҳд намуда, ҳунари волейбозии худро намоиш доданд. Дар гурӯҳи волейболбозони синни 16 то 21-сола ҷавонони вилояти Қашқадарё ғолиб омада, сазовори ҷойи якум шуданд. Ба ҷойи дуюм тими вилояти Самарқанд ва ба ҷойи сеюм варзишгарони вилояти Фарғонаро муносиб донистанд.
Дар гурӯҳи дуюм – варзишгарони синни 22 то 30-сола ҷавонони вилояти Сурхондарё ғолиб омада, ба ҷойи аввал сазовор гардиданд. Тимҳои волейболбозони вилояти Самарқанд ҷойи дуюм ва вилояти Хоразм ҷойи сеюмро ишғол карданд.
Шариф Халил,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Қашқадарё.