Алмаато — Тошканд: аз 1 октябр «вагони занона» ба роҳ монда мешавад

Аз 1 октябри соли ҷорӣ дар қатораи байналмилалии масири Алмаато — Тошканд бори аввал «вагони занона» ба истифода дода мешавад.

Ҷамъияти саҳомии «Пассажирские перевозки»-и Қазоқистон аз 1 октябр дар ин масир хидмати «вагони занона»-ро роҳандозӣ мекунад. Дар ин бора шабакаи «24KZ» хабар додааст.
Ба иттилои ширкат, ин қарор бо дарназардошти талаботи зиёд ба масири байналмилалии миёни Қазоқистон ва Ӯзбекистон ва афзоиши шумораи мусофирон қабул шудааст.
Гуфта мешавад, ки хидмати «вагони занона» дар масирҳои дохилии роҳи оҳани Қазоқистон низ миёни мусофирон маъруф буда, аз замони роҳандозии он беш аз 946 ҳазор нафар аз ин хизматрасонӣ истифода кардаанд.
Айни замон қатораи Алмаато — Тошканд ҳар рӯз ҳаракат мекунад. Қатора аз истгоҳи Алмаато соати 19:05 ба роҳ баромада, соати 12:53 ба Тошканд мерасад. Аз Тошканд бошад, соати 14:41 ҳаракат карда, соати 08:51 ба Алмаато мерасад.
Бо ба истифода додани вагони нав шумораи масирҳои роҳи оҳан, ки дар онҳо хидмати «вагони занона» пешниҳод мешавад, ба 14 масир мерасад. Масири байналмилалии Алмаато — Тошканд низ ба ин рӯйхат шомил хоҳад шуд.
Дар «вагони занона» ба писарбачаҳои то 7-сола, ки ҳамроҳи занони калонсол сафар мекунанд, низ иҷозаи ҳаракат дода мешавад. Чиптаҳои ин вагон танҳо ба занон фурӯхта шуда, ба мусофирон танҳо хидматрасониҳои занона пешниҳод мегарданд.
Ҳангоми харидани чипта нишонаи «ЖН» нишон медиҳад, ки ҷойи интихобшуда ба «вагони занона» тааллуқ дорад.
Чиптаҳо барои ин вагон 45 рӯз пеш аз ҳаракати қатор ба фурӯш бароварда мешаванд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: